Маҳсулоти харидоргир ва босифат

Маҳсулоти харидоргир ва босифат

  • Post category:Иқтисод

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Samarqand silk AO»-и ноҳияи Нарпай яке аз корхонаҳои калонтарини коркарди пилла мебошад. Ҳоло дар ин корхона, ки соли 2019 бо 35 нафар коргар фаъолият оғоз карда буд, 75 нафар меҳнат мекунанд.
– Корхонаи мо дар як сол беш аз 100 тонна пиллаи хушк кор карда мебарорад, – гуфт ҷонишини директори корхона Аброр Амирқулов. – Соли гузашта мо ба маблағи 1 миллиону 253 доллари амрикоӣ маҳсулотҳои абрешимӣ ва абрешим маҳсулот истеҳсол карда, ба кишварҳои Хитой, Эрон ва Ҳиндустон содирот кардем. Инчунин, аз абрешим ва абрешимии нимтайёр маҳсулот истеҳсол мекунем. Он дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ харидорони худро дорад. Имсол аз ҳисоби кластери пилла ба миқдори 1,3 миллион доллар содирот ба нақша гирифта шуда, бо давлатҳои Хитой ва Эрон шартномаҳо ба имзо расидаанд.

Бахтиёр МУСТАНОВ.