Беш аз 15 ҳазор ходимони тиб ба мардум хизмат мерасонанд

Беш аз 15 ҳазор ходимони тиб ба мардум хизмат мерасонанд

  • Post category:Ҷамъият

Рӯзи 20-уми июл бо иштироки ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов брифинг доир гардид. Дар он дар бораи вазъияти карантинии имрӯза ва муроҷиати шаҳвандон маълумот дода шуд.
Дар вилоят аз 15-уми марти соли ҷорӣ то имрӯз ҳамагӣ 31195 нафар шаҳрвандон зери назорати тиббӣ гирифта шуда, аз онҳо 27962 нафар аз сабаби муайян нашудани нишонаҳои беморӣ аз назорати тиббӣ бароварда шудаанд.
Зикр гашт, ки бино ба ҳолати 20-уми июл дар вилоят 3332 нафар шаҳрвандонамон дар шароити карантинӣ қарор доранд. Аз онҳо 1582 нафар занҳо, 1651 нафар мардҳо ва 114 нафар ноболиғон мебошанд. 2885 нафар дар шароити хона 348 нафар дар муассисаву шифохонаҳои махсус зери назорати тиббӣ қарор доранд. Ба шаҳрвандони дар карантинбуда, 15042 нафар ходимони тиб хизмат мерасонанд. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна қариб 10 ҳазор нафар аъзои оилаҳо аз назорати тиббӣ гузаронида мешаванд.
– Ҳоло дар вилоят 4 нафар бемор дар ҳолати вазнин қарор доранд. Оид ба табобати беморон дар 8 шифохонаҳои хусусии тиббии Самарқанд тадбирҳо андешида мешаванд. Агар зарур бошад, беморонро дар 2 меҳмонхона, хобгоҳҳои донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Самарқанд ҷойгир кардан ҳам ба нақша гирифта шудааст, — гуфт Рустам Қобилов. — Имрӯзҳо аз ҷониби шаҳрвандонамон оиди кай тамом шудани муддати карантин, алалхусус рӯз бо кадом тартиб гузаштани санҷишҳои тестӣ муроҷиатҳо мерасанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки аз ҷониби Комиссияи махсус ҷумҳурӣ гузаронидани санҷишҳои тестӣ барои муассисаҳои таълими олӣ аз 1-уми август ба нақша гирифта шудааст.