Талаб ба об меафзояд. Чӣ бояд кард?

Талаб ба об меафзояд. Чӣ бояд кард?

  • Post category:Ҷамъият

Бо мақсади таъмини доимии аҳолӣ ва тамоми шохаҳои иқтисодиёт бо об, беҳсозии ҳолати мелиоративии замини обёришаванда, татбиқи васеи тамоилҳо ва механизмҳои бозор, инчунин, технологияҳои рақамӣ дар хоҷагии об, таъмини фаъолияти эътимодбахши объектҳои хоҷагии об ва афсунсозии самарабахшии истифодаи замин ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар солҳои 2020-2030 Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқ намудани рушди хоҷагии оби Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2030» имзо гардид. Дар асоси фармон Консепсияи рушди хоҷагии оби Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 тасдиқ карда шуд. Доир ба татбиқи вазифаҳои консепсия дар солҳои 2020-2022 «Харитаи роҳ» тасдиқ гардид.
Бояд – гуфт, ки тибқи фармон бо мақсади амалӣ намудани механизмҳои самарабахшии идоракунии захираҳои об, истифодаи босамар ва доир ба истеъмоли об Кодекси об таҳия карда мешавад. Мувофиқи фармон, то соли 2030 баланд бардоштани коиффисиенти кори фоиданоки сохтори обёрӣ то 0,73 фоиз, аз 560000 гектар то 190000 гектар кам кардани майдони замини обёришавандае, ки сатҳи таъминоти обии онҳо паст аст, кам кардани масрафи солонаи қувваи барқи стансияҳои насоси сохтори Вазорати хоҷагии об, инчунин татбиқи технологияҳои рақамӣ барои баҳисобгирии об ва насб кардани дастгоҳҳои баҳисобгирии об ва назоратии «Smart Water» («Оби хушманд») дар ҳама объектҳои сохтори ирригатсионӣ ва автоматикунонии равандҳои идоракунии об дар 100-то иншооти бузурги хоҷагии об дар назар аст. Ғайр аз ин, дар соҳаи хоҷагии об дар асоси тамоилҳои шарикии давлатӣ хусусӣ 50-то лоиҳа татбиқ мегардад.
Мо сухани ҳикматомези мардуми доноямон «шахсе, ки мардумро бо об таъмин мекунад азиз мешавад»-ро борҳо шунидаем. Бе об ҳаёт несту бе он парвариши маҳсулоти деҳқонӣ ғайриимкон аст. Идора намудани об ҳам як санъат аст.
Ман ҳамчун мутахассис кушоду равшан гуфта метавонам, ки аксари муаммоҳои мавҷудаи дар фармони Президент эътирофгардидаро дар ҷараёни кор шоҳид гардидаам.
Дар асоси консепсия корҳои зиёд ба анҷом расонида мешавад. Бино ба фикри мутахассисон, Ӯзбекистон дар радифи 25 давлате қарор дорад, ки аз об танқисӣ мекашанд. Ба соли 2030 рафта, норасоии об ба 2,3 баробар афзуданаш дар назар аст. Дар байни 10-15-соли оянда барои як нафар таъминоти об қариб ба ду баробар кам мешавад. Талаб ба об то 20 фоиз меафзояд. Аз далелҳо бармеояд, ки фармони роҳбари давлатамон дар саривақтӣ қабул шуд. Он ҳуҷҷати пурдолузарб ва муҳим ба шумор меравад. Дар асоси консепсия дар солҳои 2020-2030 сохтори корбарии ҳисобкунии об стандартноконида шуда, сохтори ягонаи автоматикунонида ба роҳ монда мешавад.

Ф.РАҶАБОВ,
роҳбари Садорати минтақавии сохторҳои ирригатсионии Зарафшон.