Беэътиборӣ ба истифодаи гази табиӣ одамонро зери хатар мегузорад

Беэътиборӣ ба истифодаи гази табиӣ одамонро зери хатар мегузорад

  • Post category:Ҷамъият

Дар замири фармону қарорҳое, ки аз ҷониби ҳукумат оиди бехавфии газ қабул мегардад, таъмини некӯаҳволии мардум ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар мадди аввал аст.
Аз ҷумла, мувофиқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми январи соли 2018 таҳти рақами 22 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба такмил додани тартиби истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ» аз рӯи ҷадвал ва тарифҳои тасдиқкардаи ташкилоти таъминоти газ ба таҷҳизоти истифодашавандаи ускунаҳои газии аҳолӣ хизмати профилактикӣ расонида мешавад. Дар ин ҳолат, плитаҳои газ дар биноҳои бисёрошёна, дар сурати мавҷуд набудани таҷҳизоти дигари газ – дар ду сол як маротиба, плитаҳои газ дар биноҳои истиқоматӣ, гармидиҳӣ, таҷҳизоти обгармкунӣ – дар як сол як маротиба ва пеш аз оғози ҳар мавсими гармидиҳӣ бояд аз назорати мутахассис гузаронида шавад. Ин барои пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои ногувор, ки вобаста бо газ ба амал меояд, хизмат мекунад.
Дар айни замон, дар тамоми ноҳияҳои вилояти Самарқанд, мувофиқи ҷадвал ва тарифҳои тасдиқшуда ба шабакаҳои гази дохилии истеъмолкунандагон ва таҷҳизоти газии онҳо хизмати профилактикӣ расонида мешавад.
Имрӯзҳо кормандону мутахассисон филиали «Жомбойтумангаз» ба 9,390-ри хонадонҳое, ки бо гази табиӣ ва 23488 то хонадонҳое, ки бо баллони гази моеъ таъмин ҳастанд, мувофиқи нақша ва риояи қоидаҳои карантинӣ хизматҳои техникӣ мерасонанд.
– Ҳашт сантехники филиали «Жомбойтумангаз» дар як рӯз ба 5-6 хонадон рафта, асбобҳои газро назорат мекунанд. То 13-уми июли соли ҷорӣ ба 421 хонаводаи ноҳия хизмат расонида шуд, – гуфт сардори шӯъбаи маҳаллисозӣ, васеънамоии алоқаҳои ҳамкорӣ, ривоҷи стратегии тиҷорат ва хизматрасонии ҶММ «Ҳудудгаз Самарқанд «Салоҳиддин Маллаев. – Мехоҳам як чизро таъкид кунам. Мутаассифона, вақте ки мутахассисони мо ба хонадонҳои маҳаллӣ мераванд, аксар вақт баъзе аз истеъмолкунандагон бо баҳонаҳои «асбоби гази ман дар ҳолати хуб аст ё мо плитаи нави газӣ харидем, ки ба он нигоҳубин лозим нест ва агар вайрон шавад ҳам, худ таъмир мекунем…» намехоҳанд, ки таҷҳизоти газии онҳоро аз назар гузаронанд. Вобаста ба ин, ба шаҳрвандон гуфтаниам, ки мақсади асосии хизмати мо пеш аз ҳама таъмини бехавфии мардум аст. Истифодаи дуруст ва оқилонаи гази табиӣ барои бартарафсозии мушкилоти истеъмолкунандагон хизмат мекунад. Инчунин, корбурди дурусти дастгоҳҳои газӣ ва лӯлаҳо барои истифодаи дурусти гази табиӣ аҳамияти муҳим дорад. Биёед, ҳамдилу ҳамфикр гашта, аз газ ва таҷҳизотҳо оқилона ва ҳушёрона истифода барем. Зеро беэътибории дақиқаинаи мо низ метавонад паёмадҳои нохушро ба бор орад ва ҳаёти чандин нафарро зери хатар гузорад.

Хизмати матбуоти ҶММ «Ҳудудгаз Самарқанд».