Дар майдони аз ғалла холигашта – кишти такрорӣ

Дар майдони аз ғалла холигашта – кишти такрорӣ

  • Post category:Иқтисод

Дар растаниҳое мисли соя, мош, фасол (лӯбиёи русӣ)-ро ба сифати кишти такрорӣ истифода кардан самаранок аст. Аз ин хел растаниҳо дон гирифта, боқимонда хасу хошокаш барои чорво хӯроквории серғизо мебошад.
Хислатҳои муҳими ин растаниҳо дар ҳамин аст, ки онҳо сабзиш на танҳо дон ва озуқа барои чорпоён мешавад, балки дар хоки сабзидааш ба ҳисоби миёна аз 65 то 105 килограмм азоти биологии аз ҷиҳати экологию микробиологӣ беҳсозанда пайдо мекунад. Оиди як- ду растанӣ камтар маълумот медиҳем.
Соя – Растанӣ дар кишоварзии мамлакатҳои саноат ривоҷёфта мавқеи ба худ хосро соҳиб аст. Дар таркиби дони соя намакҳои минералӣ, дармондоруҳо бисёр мебошад.
Ба туфайли ривоҷёбии фанни хоҷагии қишлоқ як қатор навъҳои серҳосили зудпази соя мисли «Тумарис», «МАН‑60», «Олтинтож», «Ойжамол», «Генетик‑1» «Орзу» ба реестри давлатӣ дароварда шудааст. Барои гирифтани дони зиёд аз соя ба амалҳои ба кишт тайёр намудани хок эътибори ҷудогона додан лозим. Муддати кишти соя то 10-уми июл аст. Тӯлкашии муддати кишт ба камҳосилӣ оварда мерасонад.
Ба ҳар як гектар замин киштани 330-400 дона тухмии соя кофӣ аст. Байни қаторҳо бояд 60-70 сантиметр бошад. Ба 6-7 сантиметр чуқурӣ гӯр шудани тухмӣ ба мақсад мувофиқ аст. Баъди 1-3 барг кардани растанӣ ба ҳар гектар ба миқдори то 150 килограмм пошидани нурии азот сабзиши растаниро метезонад. Бо ба ҳисоб гирифтани шароитҳо растаниро 4-5 маротиба обёрӣ намудан лозим аст. Зидди зараркунандаҳо (кирми кӯсак) мувофиқи меъёр бо доруҳои кимиёвӣ 2-3 маротиба коркард додан лозим аст. Растаниро пешопеш аз алафҳои бегона ва ҳашарот бояд ҳимоя кард. Саривақтӣ гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ талаб карда мешавад.
Фасол (лӯбиёи русӣ) – аз сафеда бой мебошад. Растанӣ зудсабзанда буда, дар 66-80 рӯз пухта мерасад. Аз ин рӯ, онро саривақтӣ озуқа додан лозим. Фасоли оддӣ ба об талаби зиёд дорад. Баъди гулкунӣ дар ҳар 8-10 рӯз обёрӣ кардан мувофиқи мақсад аст. Дар мавсим 3-4 маротиба обёрӣ намудан талаб карда мешавад. Баъди расидан баргҳояш зард шуда мерезанд. Растаниро бо комбайнҳо даравидан мумкин. Аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 2,1-2,3 тонна дон ҷамъ овардан мумкин аст.

Таҳияи Ҷамшеди ПУРАСРОР аз маводи кишоварзии шабакаи Интернетӣ.