Либосҳои кӯдаки чилладор: онро чӣ бояд кард?

Либосҳои кӯдаки чилладор: онро чӣ бояд кард?

  • Post category:Ҷамъият

Раҳима барои фаҳмидани аҳволи наберааш ба духтараш – Санобар занг зад. Пас аз ҳолпурсӣ модар ба духтараш маслиҳат дод:
– Духтарам, акнун чиллаи писарчаат баромад, ба ӯ либосҳои нав пӯшон. Агар либосҳои нав пӯшонӣ писарчаат сиҳату саломат калон мешавад.
Пас аз фаҳмидани ин суханҳо Санобар аз шавҳараш хоҳиш кард, ки барои фарзандашон сару либоси нав харад. Баъди андаке модаршӯяш аз ин хабардор шуда ба келинаш гуфт:
– Ҳоло кӯдак хурд аст. Ҳамаи либосҳояш ба танаш мувофиқанд. Ҳамонҳоро пӯшонидан гиред, андаке калон шавад, дигар либос мехарем. Ба вай ириму ҷиримҳо ман бовар намекунам.
Лекин Санобар якравӣ кард. Дар натиҷа гапи келину модаршӯ гурехт.
Либосҳоеро, ки кӯдак дар вақти чилла пӯшида буд, пас аз чилла пӯшонидан мумкин аст ё не? Мо оиди ин масъала бо чанд нафар сӯҳбат кардем.
Марҳабо САЛИМОВА,
соҳибхоназан, ноҳияи Самарқанд:
– Ман чор фарзандро калон карда, ба воя расонидам. Маро аз аввал модарам ба сарфакорӣ омӯзонидаанд. Аз ин рӯ, беҳудаву бекора ба фарзандонам либос намехаридам. Ҳатто ҳамон либосҳои дар чилла пӯшидаашро то яксолагӣ мепӯшиданд. Баъзе либоси фарзанди калониамро ба сетои дигараш ҳам мепӯшонидам. Шукри Худо, ки фарзандонам сиҳату саломатанд.
Сурайё ОДИЛОВА,
омӯзгори мактаб:
– Дар ин бора баъзе иримҳо ҳаст. Гурӯҳе мегӯянд, ки агар либосҳои дар вақти чилла пӯшидаи кӯдакро пас аз чилла пӯшонем, гӯё калоншавии вай душвор мешавад. Агар баъди баромадани чилла либосҳои наву калонтарро ба кӯдак пӯшонем, ӯ зудтар калону пурқувват мешавад.
Лекин ман ба ин гуна ириму гапҳо бовар надорам. Агар либосҳои дар вақти чилла пӯшидаи наберагонам пас аз чилла ҳам, ба вай лоиқу сифаташ хуб бошад, пӯшонидан мегирем.
Фаришта ТӮРАБЕКЗОДА,
бибихалифа:
– Дар давоми чилладорӣ ба кӯдак якчанд хел либосҳоро мепӯшонанд. Пас аз чилла онҳоро шуста, тоза карда алоҳида гирифта мондан лозим. Чунки, пас аз чилла ҳаёти ҳақиқии кӯдак оғоз меёбад. Аз ин рӯ, либосҳои дар чилла пӯшидаашро напӯшонидан даркор. Мувофиқи баъзе иримҳо аз либосҳои дар чилла пӯшидааш истифода намудан, нишонаҳои чилларо пайдо карданаш мумкин. Барои ҳамин, либосҳоро барои фарзанди оянда нигоҳ доштан беҳтар аст.
Сарвиноз ЭРГАШЕВА,
ҳамшира:
– Агар дар вақти чилла модар ба кӯдакаш нағз эътибор диҳад, ба қоидаҳои гигиена риоя намуда, либосҳояшро аз рӯйи қонуну қоида шуста, дарзмол кунад, албатта кӯдак хуб ба воя мерасад. Чилла вақти нозукии кӯдак мебошад. Мегӯянд, ки агар кӯдак дар чилла бемор шавад, пас то калон шуданаш бисёр бемор мешавад. Ҳамаи инҳо ба модар вобаста аст, на ба либосҳо.

Сӯҳбаторо
Малика ҶУМЪАЗОДА.