Котиботи шӯрои намояндагони халқи вилоят ташкил гардид

Котиботи шӯрои намояндагони халқи вилоят ташкил гардид

  • Post category:Ҷамъият

Рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ сессияи нав­батии XI Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузаронида шуд.
Сессия бори аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим пахш гардид.
Сараввал, ҳисоботи судҳои вилоят ва сардори Садорати корҳои дохилии вилоят дар бораи натиҷоҳои нимсолаи якуми соли 2020 шунида шуд.
Раисони судҳо ва намояндагони халқ ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ҷавоб доданд.
Дар сессия сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Ш. Раҳмонов дар бораи барқарор кардани тартиби ҷамоатӣ ва риояи пурра ба маҳдудиятҳои карантинӣ маълумот дод.
Инчунин, иҷрои барномаи «Чораву тадбирҳои мақсаднок оид ба омӯхтан ва ҳалли муаммоҳои зан ва духтарон, дастгирии моддию маънавии онҳо» дар шаҳру ноҳияҳо дида шуд.
Дар сессия ғайр аз ин масъалаи таъсиси Котиботи Шӯрои намояндагони халқи вилоят баррасӣ шуд.
– Президенти мамлакатамон дар нахус­тин ҷамъомади умумии Сенати Олий Маҷлис (моҳи январи соли ҷорӣ) пешниҳодҳои муҳимро оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ, пурзӯр кардани назорати онҳо баён намуда буданд, – гуфт раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят Э. Турдимов. – Аз ҷумла, дар он ташаб­буси ба шӯрои намунавӣ табдил додани Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд ба миён гузошта шуд. Аз ин рӯ, таъсиси котиботи Шӯрои вилоятӣ пешниҳод карда мешавад.
Ба котиботе, ки аз се нафар иборат аст, роҳбар аз байни депутатҳо интихоб мешавад ва мақоми ӯ ба мақоми ҷонишини раиси Шӯрои вилоятӣ баробар карда мешавад. Музди меҳнат, нақлиёт ва масъалаҳои дигар баробари ҷонишини ҳокими вилоят мебошад.
Котибот барои ташкили ҷамъомадҳо, таҳияи нақшаҳои кории Шӯро ва ҳамоҳангсозии иҷрои онҳо, хулоса, корҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияти Шӯро масъул аст. Аз ҳокимияти иҷроия мустақил кардани шӯрои маҳаллӣ яке аз қадамҳои устувор мебошад.
Дар охири муҳокима Низомнома дар бораи Котиботи Шӯрои вилоятии намояндагони халқ, рӯйхати ҳайати котибот ва нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи дуюми соли 2020 тасдиқ карда шуд.
Дар Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Оқдарё ҷорӣ намудани ин гуна тартиб ва таъсиси котиботи доимии Шӯро, ки аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба нақша гирифта шуд.