Мукофот муборак!

Мукофот муборак!

  • Post category:Саломатӣ

Дар ин рӯзҳои мураккаб ва санҷишӣ, ки аз сабаби пандемияи коронавирус ба миён омадааст, як гурӯҳ ҳамватанонамон, ки ҳаёт ва саломатии худро зери хатар гузошта, барои мубориза бар зиддӣ мушкилиҳои мавҷуда, пешгирии васеъ паҳн гардидани инфексия, таъмини осоиштагии санитарӣ-­эпидемиологӣ дар мамлакат саҳми муносиб гузоштаанд ва матонат, дониш, салоҳияту маҳорати касбии худро нишон дода, бобати посдошти тандурустии мардум, ҳифзи ҳаёти беморон, ғамхорӣ ва эътибор ба онҳо хизматҳои шоиста кардаанд, ба вазифа ва савганди худ содиқ монда, дар роҳи иҷрои ӯҳдадориҳояшон ҷасорат ва фидокорӣ нишон медиҳанд, дар асоси Фармони Президенти мамлакат аз 23-юми июли соли 2020 «Дар бораи мукофотонидани гурӯҳи ҳамватанонамон, ки дар мубориза зидди пандемияи коронавирус фидокорӣ нишон додаанд» бо унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳои давлатӣ мукофотонида шуданд.
Дар байни онҳо аз вилояти Самарқанд зеринҳо ҳастанд:

Бо ордени дараҷаи I 
«Саломатлик»

Ҷуманиёзов Давронбек Ҳусайнбоевич – сарвари Садорати ҳифзи тандурустии вилоят.

Бо ордени дараҷаи II
«Саломатлик»

Акмирзоева Сайёра Тоштемировна – ходими хурди тиббии шифохонаи клиникии бемориҳои сироятии вилоят.
Боймирзоев Абдусодиқ Исломович – шифокори сироятшиноси шифохонаи клиникии бемориҳои сироятии вилоят.
Ҳамроева Зебинисо Асроровна – ҳамшираи шифохонаи клиникии бемориҳои сироятии вилоят.

Бо медали
«Содиқ хизматлари учун»

Азадян Георгий Дгиванширович – ронандаи шӯъбаи ёрии таъҷилии тиббиии Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд.
Сохибназаров Мударисҷон Матлабҷонович – техники шӯъбаи ташкили ҳифзи радиатсионӣ, кимёвӣ ва тиббӣ-­биологии Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят.

Бо медали «Соғлом турмуш»

Луқмонова Гулчирой Қиличевна – реаниматологи шифохонаи клиникии бемориҳои сироятии вилоят.
Холиқов Қаюм Собирович – сироятшинос-­реаниматологи шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят.

Бо медали «Шуҳрат»

Ғаффорова Дурдона Илҳомҷоновна – ҳамшираи шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят.
Нурмонова Раҳима Абдуғаниевна – соҳибхонаи шифохонаи клиникии бемориҳои сироятии вилоят.
Раҳматуллоев Ҷасур Мамасолиевич – инспектори калони нуқтаҳои такягоҳии шӯъбаи профилактикии ҳуқуқвайронкунии идораи корҳои дохилии ноҳияи Тайлоқ.
Эргашева Севара Тӯлқинҷоновна – ҳамшираи шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят.