Минтақаи иловагии карантинӣ ташкил мегардад

Минтақаи иловагии карантинӣ ташкил мегардад

  • Post category:Ҷамъият

Дар ноҳияи Пойариқ бо мақсади муҳофизати одамон аз таъсири коронавирус ва зудтар аз байн бурдани беморӣ тамоми чораву тадбирҳо андешида мешаванд.
Ҳоло дар ноҳия барои таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи тандурустӣ ва вобаста аз вазъияти мавҷуда барои бунёди муассисаҳои нави тиббӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ мегардад.
Аз ҷумла, илова ба шифохонаи бемориҳои сироятии Пойариқ, дар хобгоҳи коллеҷи иқтисодиёт ва хизматрасонии ноҳия барои шаҳрвандоне, ки бо беморони COVID‑19 дар мулоқот шудаанд, барои 200 нафар минтақаи эҳтиётии карантинӣ ташкил карда мешавад.
Имрӯз ҳокими ноҳия Д. Мусинов ба ин ҳудуд ташриф оварда, бо корҳои анҷомдодашуда шинос шуд. Зимни боздид ба роҳбарони ташкилотҳои мутасаддӣ пешниҳод гардид, ки барои шаҳрвандон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта, онҳоро бо асбобҳои махсус муҷаҳҳаз намоянд.

Хизмати матбуоти
ҳокимияти ноҳияи Пойариқ.