Ба тадбиркорон барои савдои сайёр иҷозат дода шуд

Ба тадбиркорон барои савдои сайёр иҷозат дода шуд

  • Post category:Сиёсат

Бо мақсади дастгирии иловагии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан дар соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ, дар давраи пандемияи коронавирус, нигоҳ доштани даромад ва ҳар чӣ зудтар барқарор намудани онҳо ба андозаи беҳтар шудани вазъияти санитарию эпидемиологӣ, инчунин нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагии дастгирии аҳолӣ, субъектҳои тадбиркорӣ, соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ барои кам кардани таъсири манфии пандемияи коронавирус» имзо гардид.
Мувофиқи фармон:
Аз 1-уми июли соли 2020 то 31-уми декабри соли 2020:
корхонаҳои махсусе, ки нуқта ва биноҳои хӯроки умумиро ба иҷора медиҳанд, аз пардохти андоз барои гардиши мол озод карда мешаванд;  шахсони ҷисмонӣ аз пардохти андозе, ки барои даромадҳо аз ҳисоби иҷораи мулки манқул ба даст меоранд, озод карда мешаванд;
ба шахсони ҷисмоние, ки молу мулк(биноҳо ва нақлиётҳо)-ро ба иҷора медиҳанд, тартиби истифодаи ставкаҳои камтарини пардохтҳои иҷора бо мақсади андоз муваққатан боздошта мешавад;  ба иҷорадиҳандагон тавсия карда мешавад, ки бо мақсади кам кардани миқдори иҷора барои соли 2020, аз ҷумла, бо дарназардошти имтиёзоти андози тақдимгардида, миқдори андозҳоро аз нав дида бароянд;
аз 1-уми апрели соли ҷорӣ то 31-уми декбари соли 2020 нуқтаҳои хӯроки умумӣ барои ҳуқуқи савдои чакана бо маҳсулоти спиртдор аз пардохти хироҷ озод карда мешаванд;
амали имтиёз оид ба кам кардани андозаи маб­лағи ҷудошудаи корхонаҳои фурӯши яклухти машрубот аз 5 то 3 фоиз, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 19-уми марти соли 2020 «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба нарм гардондани таъсири манфии пандемияи коронавирус ва зуҳуроти бӯҳрони ҷаҳонӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт» муқаррар шудааст, то 31-уми декабри соли 2020 дароз карда мешавад;
ба корхонаҳои хӯроки умумӣ ҳуқуқи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ бо расонда додани онҳо дода мешавад.
Дар асоси фармон аз 1-уми июли соли 2020 сар карда барои нуқтаҳои хӯроки умумӣ миқдори муқаррарии солонаи кормандон аз 25 то 50 нафар зиёд карда мешавад.
То 1-уми июли соли 2021 нуқтаҳои хӯроки умумӣ вобаста бо бекор кардани маҳдудиятҳои карантин дар асоси риоя ба талабҳои пойдорнамудаи ҳукумат, инчунин, тавассути хабардор кардани ҳокимиятҳо, ҳуқуқи дар участкаҳои замини холии ба нуқтаҳо пайваста ба таври ройгон ҷойгирсозӣ ва бунёди конструксияҳои сабукро соҳиб мешаванд.
То 1-уми июли соли 2021 вобаста ба бекор гардидани маҳдудиятҳои карантин ба тадбиркорон иҷозат дода мешавад, ки бо мақомоти ҳокимият шартнома имзо накарда, тавассути хабардор кардани мақомоти андоз дар автодӯкон, автомагазин, автоприсепҳо, зарфҳои мошин ва фудтракҳо савдо кунанд.
Аз тарафи Кумитаи давлатии андоз тавассути сайти расмӣ ва иловаҳои мобилӣ таъмини қабули бепули хабарномаҳои электронӣ дар бораи сар кардани савдои сайёр муқаррар карда шуд.
Инчунин, талабҳои муваққатӣ доир ба ҷойгирсозӣ, бунёд ва истифодаи конструксияҳои сабук баҳри хӯрокхӯрӣ ва истироҳати истеъмолчиён дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тасдиқ гардид.
То 1-уми январи соли 2021 тартиби корбарии кафеҳои мавсимии нуқтаҳои хӯроки умумӣ, инчунин, амалӣ кардани савдои сайёр тасдиқ карда мешавад.
Дар соли 2020 дар ҳолатҳое, ки Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муайян намудааст, барои дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз пешниҳод накардани ҳисоботи андоз, агар аз мӯҳлати муқаррарнамудаи пешниҳоди ҳисоботи андоз беш аз панҷ рӯз нагузашта бошад, ҷарима ситонида намешавад.
Муддати имтиёз ва сабукиҳои андозҳои зерин, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 18-уми майи соли 2020 «Дар бораи чораҳои навбатӣ оид ба дастгирии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус» муқаррар шудааст, то 31 декабри соли 2020 дароз карда шавад:
имтиёзҳое, ки доир ба озод намудан аз пардохти андози молу мулк ва андози замин тақдим гардидааст:
субъектҳои тадбиркории хурд;
бозорҳо ва маҷмааҳои савдо, кинотеатрҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, корхонаҳои нақлиёти ҷамоатӣ, муассисаҳои варзишӣ-­солимгардонӣ, инчунин, мусофиркашонӣ, хизматрасонии маишӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо фаъолияти ба иҷора додани биноҳо, аз ҷумла пешниҳоди хизмати гузаронидани ҷашнвораҳо машғуланд;
имтиёзҳое, ки барои микрофирма ва корхонаҳои хурд доир ба аз 12 фоиз ба 1 фоиз кам кардани меъёри андози иҷтимоӣ дода шудааст;
ба микрофирмаҳо ва корхонаҳои хурд, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, на камтар аз як соли то рӯзи муроҷиат ба мақомоти боҷхона дода шудани батаъхиргузорӣ дар пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози аксизӣ, ки ҳангоми воридоти молҳо ситонида мешаванд, ба истиснои молҳои истеъмолӣ, бо пардохти минбаъдаи маб­лағи батаъхиргузошташуда бо ҳиссаҳои баробар дар давоми 120 рӯз.
Нуқтаҳои хӯроки умумӣ новобаста аз миқдори коргарон ставкаи камкардашудаи андозҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд.
Мақомоти ваколатдор мӯҳлати амали шаҳодатнома (сертификат)-ҳои тахассусии аудиторҳо, риэлторҳо, нархгузорҳо, актуарҳо, мудирони дорухонаҳо ва филиалҳои онҳо, кормандони ташкилотҳои туристӣ ва гидҳо (роҳнамо), омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, ки 1-уми марти соли 2020 ба охир мерасанд, то санаи имтиҳони навбатии тахассусӣ дароз мекунад.
Амали андози даромад, андози арзиши иловагӣ, андоз аз гардиш ва андози даромади шахсони ҷисмонӣ дар қисми интиқоли ройгон (гирифтани ёрии ройгон) ба Фонди ҷамъиятии хайрияи «Маҳалла»-и Ӯзбекистон, Бунёди «Саховат ва кӯмак», Фонди ҷамъиятии «Ӯзбекистон меҳр-­шафқат ва саломатлик», аз ҷумла шӯъбаҳои ҳудудии онҳо то 31-уми декабри соли 2020 дароз карда мешавад.