Кишти такрорӣ: ба замин зарар дорад ё…

Кишти такрорӣ: ба замин зарар дорад ё…

  • Post category:Иқтисод

Ғаллакорони вилоят ғалабаи калони меҳнатиро ба даст оварданд. Онҳо нақшаи ба давлат супурдани донро сарбаландона иҷро карданд. Ҳоло дар заминҳои аз ғалла холишуда кишти такрорӣ мекоранд.
Соли равон соҳибкорони вилоят дар 76 600 гектар майдон бо обчакорӣ машғул мешаванд, ки қисми асосии он дар ноҳияи Самарқанд амалӣ хоҳад шуд.

— Хушбахтона баҳор сербориш омад, — гуфт ҳокими ноҳия Носир Мавлонов. — Дар натиҷа ба хирман қариб 10 ҳазор тонна гандуму ҷав ҷамъ оварда шуд. Аз сабаби нақшаи шартномавиро иҷро кардани фермерҳо як қисми ғалла ба ҳисоби онҳо монд.
– Мӯҳтарам Носир Мамарасулович, ноҳия ҳамчун мактаби сабзавоткорӣ ва боғдорӣ эътироф шудааст. Нахустин Президентамон таъкид карда будаанд, ки ноҳия миёнбанди заррини шаҳри Самарқанд аст.
– Ҳақ асту рост. Воқеан, маҳз соҳибкорони мо дастархони шаҳриёнро бо нозу неъматҳо пурфайз мекунанд. Ғайр аз ин, маҳсулотҳои мо ба давлатҳои хориҷа содирот мегардад. Зеро замини ноҳия ҳосилхез аст. Рӯди Дарғам боғу полизҳоро сероб мекунад. Инчунин, дар доманакӯҳҳои Зарафшон – минтақаҳои Илонсой, Оҳалик, Миронқул аз қудуқҳои зеризаминӣ ва оби чашмаҳо истифода мебарем. Аллакай қисми асосии замин бо картошка, сабзӣ, турб, карам, шалғам, бодиринг ва дигар гуна зироатҳо банд гардид. Деҳқонони мо соҳиби таҷрибаи чандсола буда, аз замини сиёҳ ба маънои том зар мерӯёнанд.

Ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд
Ноҳияи Ҷомбой бо ноҳияи Самарқанд ҳамсоя аст, ки деҳқонону боғбонон аз якдигар сабақ мегиранд. Дар урфият мегӯянд, ки «харбуза зи харбуза гирад ранг, ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд». Ҳокими ноҳияи Ҷомбой Қаюм Собиров чанд маротиба ба ноҳияи Самарқанд ташриф оварда, бо кори фермерон аз наздик шинос шуд.
– Зодгоҳам ноҳияи Ургут аст, — гуфт Қаюм Собиров. – Солҳои таҳсил дар Самарқанд ва меҳнат дар ташкилотҳои шаҳр, ноҳияи Самарқандро убур карда, ба кори пуршарафу пурмашаққати деҳқонону боғбонон бо ҳавас менигаристам. Зери онҳо аз ҳар як ваҷаб замин пурсамарона истифода мебаранд. Ба мардуми деҳаҳои Равонак, Даштисӯхта, Шалғамон, Гулбоғ, Даштак ва ғайра на танҳо ман, ҳама қоил. Дар як сол аз як замин ду-се маротиба ҳосил мегиранд! Дар ноҳияи Ҷомбой ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мароқанд-мева-сабзавот» фаъолият дорад. Ҳоло яхдони ғунҷоишаш 20 ҳазор тонна бунёд мегардад. Мақсад дар фасли зимистону баҳор ба мамлакатҳои хориҷа экспорти маҳсулотҳои кишоварзӣ мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди вилоят қариб 300 адад яхдон арзи вуҷуд дорад, ки ғунҷоиши онҳо беш аз 160 ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Деҳқонону боғбонони Самарқанд ният доранд, ки имсол 250 ҳазор тонна маҳсулотҳоро ба бозорҳои хориҷа фурӯшанд.
Танҳо дар шаш моҳи соли равон ба миқдори 52 миллион доллар маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ экспорт гардид. Албатта ин аз нақшаи муқаррарӣ 83,8 миллион доллар кам аст. Сабаб маҳсулотҳои бозоргирро ба ҳисоб нагирифтан мебошад. Аз ҳамин сабаб ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар маҷлиси васеи ҳокимият баъзе ҷамъомади бепарворо зери танқид гирифт ва супоришҳои таъхирнопазир дод.
Таклифи олимон
Доктори фанҳои кишоварзӣ, мухбири ҷамоатии рӯзномаи «Гулобод тонги» А.Хидиралиев доир ба тадбирҳои агротехникӣ дар матбуот фаъол аст. Ба андешаи вай замину иқлими водии Зарафшон барои рӯёнидани ҳосили фаровон мусоид мебошад. Деҳқонони соҳибтаҷриба метавонанд дар як сол ду-се маротиба ҳосил гиранд.
– Истифода аз полиэтилен ва гармхонаҳо гарави ба мақсад расидан аст, – мегӯяд олим. – Ман борҳо шоҳиди он шудаам, ки дар як ҷӯяк шалғамча ва сабзӣ кишт мекунанд. Зеро шалғамча дар 30-40 рӯз тайёр мешавад. Баъди ҷамъоварии он, сабзӣ ривоҷ ёфта, хубтар нашъунамо меёбад. Баъди гирифтани ду ҳосил боз дигар намуди сабзавотро парвариш кардан мумкин аст. Албатта дар ин кор аз рӯйи меъёр истифода намудани минералҳои табиӣ ва кимёвӣ муфид мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки дар ин соҳа кишоварзони ноҳияи Самарқанд пешқадам ҳастанд. Шояд аз ҳамин сабаб, деҳқонону мутахассисон на танҳо аз дигар вилоятҳои Ӯзбекистон, инчунин давлатҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ ташриф мефармоянд.
Ба ҷойи хулоса
Чуноне, ки олимон таъкид кардаанд, парвариши кишти такрорӣ барои замин низ фоидабахш аст. Дар майдони ғалла баъди дарав ба замин моддаи азот намерасад. Агар кишти дуюм кишт шавад, ҳосилнокии замин низ бештар мегардад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.