Тайёрӣ ба мавсими зимистон дар чӣ сатҳ аст?

Тайёрӣ ба мавсими зимистон дар чӣ сатҳ аст?

  • Post category:Ҷамъият

Баробари паҳншавии инфексияи коронавирус дар мамлакат, дар давраи карантин соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, оиди тайёрӣ барои барқарории сохтори хизматрасонӣ дар хонадонҳои бисёрошёна ва соҳаи иҷтимоӣ дар мавсими тирамоҳ – зимистони солҳои 2020-2021 аз тарафи ходимони газ зина ба зина ислоҳотҳо татбиқ мегарданд. Дар ин бора хоҷагии гази вилоят чораву тадбирҳоро барои тайёрӣ ба мавсими зимистонаи солҳои 2020-2021 кор карда баромада, мувофиқи нақша то 10 –уми июли соли 2020 корҳои таъмирӣ иҷро карда шуд. Яъне дар асоси нақша 1, 2 километр қубурҳои газ пурра таъмир гардид. Соли ҷорӣ таъмири 41-то асбоби газтақсимкунаки фишори баланд ва миёна дар нақша буда, то ин дам 24-тоаш аз таъмир баромад.
Инчунин, 88115-то асбобҳои газтақсимкуниро санҷида, корҳои назоратӣ гузаронида шуд. Бо ёрии фишори ҳаво тоза кардани 826,4 километр қубурҳо дар назар аст ва то имрӯз 410, 4 километр аз назорат гузаронида шуда, корҳои санҷишӣ амалӣ гардид. Бо ёрии прибори махсус ҳолати 164,4 километр қубурҳои газро санҷида баромаданд. Инчунин, то 1-уми сентябр ба охир расонидани корҳои санҷишӣ дар боқимонда 97,1 километр дар назар аст. Ҳоло дар баъзе ҷойҳо корҳои рангубори қубурҳо давом дорад. Соли ҷорӣ дар минтақа 154 километр қубурҳои газро ранг кардан лозим бошад, то имрӯз 95, 9 километрашро ранг карданд.
– Пандемия ба корҳои мо халал намерасонад, чунки дар пеш мас­ъалаи муҳими тайёрӣ ба мавсими зимистон ва ба истеъмолчиён мунтазам ва бехатар расонидани гази табиӣ истодааст, – мегӯяд муҳандиси тоифаи олии шӯъбаи назорати комплекси қуттиҳои тақсимоти гази ҶММ «Ҳудудгаз Самарқанд» Ҷамол Тӯрақулов. – Дар ин рӯзҳо аз тарафи ходимони филиали «Самарқандшаҳаргаз» корҳои тайёрӣ ба мавсими тирамоҳ-зимистони солҳои 2020-2021 босуръат давом дорад. Ҳоло дар маҳаллаҳои «Расадхона», «Мададкор» қубурҳои газро таъмир ва ранг карда, асбобҳои газтақсимкуниро аз назорат мегузаронанд. Дар маҳаллаҳои дигар низ корҳои таъмир ва тафтишотӣ бурда истодаанд.
Назар ба маълумотҳо дар вилояти Самарқанд ҷамъ 9124,976 километр қубурҳои гази истифодашаванда мавҷуданд, ки аз онҳо 1089,368 километраш барои фишори баланди газ, 2255,255 километраш бо фишори миёна ва 5780,353 километраш қубурҳои фишори гази паст ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуд асбобҳои тақсимоти газ 796-то фишори баландро ва 8019-тоаш фишори миёнаро дар бар мегирад.

Хизмати матбуоти ҶММ‑и «Ҳудудгаз Самарқанд».