Сарпӯши роҳро кӣ дуздид?

Сарпӯши роҳро кӣ дуздид?

  • Post category:Ҷамъият

Шаш моҳ қабл дар рӯзнома оиди ба яғмобарии сарпӯшҳои роҳи кӯчаи Хоҷа Аҳрори шаҳри Самарқанд маводи танқидӣ чоп шуда буд. Баъди ҳамин, мутасаддиён сарпӯшҳоро дарёфта, аз нав ба чоҳҳогузош­танд. Аз ин беш аз ҳама ронандагон мамнун шуданд. Аммо хурсандии онҳо дер давом накард. Дуздҳо боз амали нопоки худро идома дода, се-­чор сарпӯшро ба яғмо бурданд. Дар ин кӯча нақлиёти бисёре ҳаракат мекунад. Ронандаҳое, ки дар ин кӯча кам ҳаракат мекунанду набудани сарпӯшро намедонанд, чархи мошинашон ба чоҳи бесарпӯш меғалтад.
Нокасон то кай бо чунин амалҳои зишти худ ба ривоҷи ҷамъият монеъгӣ мекунанд?

Ҷамшеди АСРОР.