Дар Самарқанд амалиёти мураккаби ҷарроҳии саратони ҷигар гузаронида шуд

Дар Самарқанд амалиёти мураккаби ҷарроҳии саратони ҷигар гузаронида шуд

  • Post category:Саломатӣ

Дар маркази тиббии бисёрсоҳавии вилоят бо ҳамкории шифокорони филиали самарқандии Маркази тиббии илмиву амалии ихтисосонидашудаи радиологӣ ва онкологии ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии бемории саратони ҷигар бо усули эмболизатсияи кимёвӣ ба рагҳои хунгарди артериявӣ амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.
– Бемории онкологӣ бо ҷараёни ташхис ва табобат назар ба бемориҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунад, – мегӯяд директори филиали самарқандии Маркази тиббии илмӣ амалии ихтисосонидашудаи радиологӣ ва онкологии ҷумҳурӣ Мирҷалол Ҷӯраев. – Шифокорони мо бори аввал дар Самарқанд тавонистанд бо истифодаи ин усул бемории саратони ҷигарро ҷарроҳӣ намоянд. Аз сабаби мураккабии ин ҷараён як гурӯҳ мутахассисони Маркази тиббии ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ низ аз наздик ёрӣ расонданд. Шифокорон барои дар оянда мус­тақилона иҷро намудани ин амалиёт бо ҳамдигар таҷриба иваз карданд.
Ҷарроҳии мазкур дар клиникаҳои давлатҳои ривоҷёфта, мисли Русия, Ҳиндустон, Исроил, Куриё ва Германия гузаронида мешуд. Хурсандиовар аст, ки минбаъд дар кишвари мо низ ин навъи ҷарроҳӣ амалӣ мешавад.

Н.БОБОАҲМЕДОВ.