Минбаъд ба фаъолияти муаллимон дахолат кардан мумкин нест

Минбаъд ба фаъолияти муаллимон дахолат кардан мумкин нест

  • Post category:Маориф

Президенти мамлакат ба Қонун аз 21-уми июли соли ҷорӣ таҳти рақами 629 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» имзо гузошт.
Дар асоси қонуни мазкур ба як қатор қонун ва кодексҳо тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.
Аз ҷумла, ба моддаи 197 (5) Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ илова ҳамроҳ карда шуд.
Мувофиқи он барои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти касбии кормандони педагогии муассисаҳои таълимӣ ё монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии кормандони муассисаҳои таълимӣ ҷавобгарӣ муқаррар карда шуд.
Барои чунин ҷиноят:
– шаҳрвандон аз 5 то 7 баробари арзиши ҳисобшудаи заминавӣ (аз 1 миллиону 115 ҳазор сӯм то 1 миллиону 561 ҳазор сӯм);
– аз шахсони мансабдор аз 7 то 10 баробари арзиши ҳисобшудаи заминавӣ (аз 1 миллиону 561 ҳазор сӯм то 2 миллиону 230 ҳазор сӯм) ҷарима ситонида мешавад.
Агар чунин ҳуқуқвайронкунӣ дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ такроран содир карда шавад:
– аз шаҳрвандон аз 7 то 10 баробари арзиши ҳисобшудаи заминавӣ (аз 1 миллиону 561 ҳазор сӯм то 2 миллиону 230 ҳазор сӯм);
– аз шахсони мансабдор аз 10 то 15 баробари арзиши ҳисобшудаи заминавӣ (аз 2 миллиону 230 ҳазор сӯм то 3 миллиону 345 ҳазор сӯм) ҷарима ситонида мешавад.
Дар сурати содир намудани ин қонуншиканӣ, корманди муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад бидуни тартиб додани баённомаи маъмурӣ ба суд муроҷиат кунад. Дар аризаи худ шахсияти қонуншикан, ҷой, вақт ва хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар маълумоти заруриро нишон диҳад.
Дар ин бора, дар саҳифаи телеграми «Ахбори ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия хабар дода шуд.