7 маҳсулоти қиматтарини ҷаҳон

7 маҳсулоти қиматтарини ҷаҳон

  • Post category:Иқтисод

Дар нигоҳи аввал ҳеҷ чизе чун таом арзон нест. Маҳсулотҳои хӯрокворӣ ҳеҷ гоҳ сад ё ҳазор доллар арзиш надоранд. Охир оқибат онҳо метавонанд дар ду рӯз вайрон шаванд. Аз тарбуз, харбуза, гӯшт, хӯшаи ангур фоидаи калон гирифтанро тасаввур кардан мушкил. Аммо чунин маҳсулотҳо низ ҳастанд. Ҳоло мо дар бораи маҳсулотҳои қиматтарини ҷаҳон ба шумо маълумот медиҳем.
Самакмоҳии сабз
Дар Ҷопон моҳиҳои қимат кам настанд. Арзишмандтарини онҳо самакмоҳии сабз мебошад. Ин моҳии камёб буда, шикори он мувофиқи қонунҳои Ҷопон манъ карда шудааст. Зеро ин навъи моҳӣ дар солҳои охир хеле кам мегардад. Дар бозори сиёҳ нархи моҳии мазкур 200 доллар меистад. Лек дар музояда нархаш бениҳоят гарон аст. Масалан, дар музояда соли 2012 як киллограмм самакмоҳии сабзро 8 000 доллар харидорӣ намуданд.
Гӯшти гови мармарӣ
Дар бораи буққаи сиёҳи зоти Ангус мо алакай шунидаем. Як порс гӯшти чунин говҳо дар ресторанҳо ду ё се ҳазор руб­л арзиш дорад. Лек ин бо муқоиса бо гӯшти гови ҷопонии вагю як тин аст. Барои тайёр кардани буққаҳои вагю меҳнати зиёд сарф карда мешавад. Соҳибони чунин буққаҳо барои зиқ намонда фарбеҳ шудани буққаҳояшон ба онҳо алла гуфта, вино медиҳанд ва ҳатто мусиқа менавозанд. Дар натиҷа як кило гӯшти чунин говро 400 доллар мефурӯшанд.
Харбузаҳои шоҳӣ
Дар Ҷопон тӯҳфаи меваи қиматбаҳо одат аст. Айнан барои ҳамин дар ин ҷо музоядаҳои зиёди фурӯши мева баргузор мешавад. Боз дар Ҷопон дӯконҳои мевафурӯшие, ки дар он меваҳои зебо ва арзишманд фурӯхта мешавад, зиёданд. Масалан, харбузаи шоҳонаи шаҳри Юбари. Дутои чунин харбузаҳоро метавон бо 300 доллар харидорӣ кард. Лек ҷуфти чунин харбузаҳо дар оғози сол метавонад дар музоядаҳо то чанд ҳазор доллар фурӯхта шавад.
Гап дар сари он аст, ки парвариши чунин харбуза мушкил ва деҳқонон онро кам мекоранд. Даруни харбузаҳои Юбари норанҷии равшан буда, пӯсташ сабз ва бӯи хуш дорад. Онро асосан ҷуфт-­ҷуфт мефурӯшанд.
Тарбузи сиёҳи денсук
Тарбузи машҳури ҷопонӣ денсук дар тамоми музоядаҳо фурӯхта мешавад. Тарбузи денсук танҳо дар ҷазираи Хокайдо мерӯяд. Пӯсти вай чунон сиёҳ аст, ки ҳатто хатҳояш намоён нестанд. Бо пули русӣ як дона тарбуз 17 000 руб­л мешавад. Лек таъми ин тарбуз аз тарбузҳои маъмулӣ фарқи калон надорад.
Икраи сафед
Қиматтарин икраи ҷаҳон на сиёҳ, на хокистарранг, балки икраи сафед аст. Дуруст, аслан ранги икра сафед не, тиллоранг мебошад. Чунин икраҳоро дар ҷаҳон, фақат дар як корхонаи Эрон истеҳсол мекунанд. Солҳои дароз ин икраро танҳо шоҳон истеъмол мекарданд. Дар замони мо ин маҳдудият нест. Шумо метавонед бо 2 ҳазор доллар як бонкачаи хурди онро харидорӣ намоед.
Трюфел (занбӯруғ)-и сафед
Қиматтарин занбӯруғи ҷаҳон – трюфели сафед ба ҳисоб меравад. Ҳар сол онро дар мавсимаш ба музоядаҳо мегузоранд. Нархи чунин занбӯруғ бениҳоят қимат аст. Аз ин рӯ, онро танҳо корхонаҳои калон ва шахсони сарватманд имкони харидан доранд. Масалан, соли 2010 як ҷуфт чунин занбӯруғҳоро (вазнҳои онҳо 900 ва 400 грамм буд) ба 330 000 доллар фурӯхтанд. Албатта берун аз ауксионҳо нархи чунин занбӯруғҳо хеле арзон аст. Зеро занбӯруғ хеле хушбуй буда, ҳатто як грамм ками он метавонад таомро хушбӯй гардонад.
Чойи «Да Хун Пао»
Чойи арзишмандтарини дунё – Да Хун Пао (Ҷомаи сурхи калон) мебошад. Он дар паҳлӯи ибодатхонаи Тясин месабзад ва танҳо аз шаш бех иборат буда, умри зиёда аз 350-сола дорад. Ҳар сол аз онҳо баргҳои навшукуфтаи аввалро мечинанд, ки ҳамагӣ 500 грамм чой ҳосил мешавад. Пештар ҳангоми фурӯш, танҳо 20 грамм барги хушки онро мефурӯхтанд. Аммо аз соли 2006 ин ҷониб чидани барги чойи Да Хун Пао манъ карда шуд. Соли 2005, яъне як сол пеш аз манъ шудани чидани барги чой, 20 грамм барги хушки вайро дар музояда ба 25 000 доллар фурӯхта буданд.

Аз забони русӣ тарҷимаи
Озод ҲОДИЗОДА.