Барои беморони коронавирус захираи доруворӣ ташкил гардид

Барои беморони коронавирус захираи доруворӣ ташкил гардид

  • Post category:Ҷамъият

Дар вилоят барои ташкили захираҳои воситаҳои доруворӣ 4 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Дар ин бора, дар брифинге, ки бо иштироки ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов доир гардид, хабар дода шуд.
Зикр гашт, ки то 1-уми августи соли 2020, аз ҷониби соҳибкороне, ки бо фурӯши дорувориҳои яклухт шуғл меварзанд, ба захираи иловагии вилоят боз ба маблағи 30 миллиард сӯм воситаҳои доруворӣ меоранд. Дар ин бора, бо 52 корхонаи яклухти дорусозии вилоят оид ба ворид намудани 12 намуди доруҳои зидди вирусӣ шартнома ба имзо расид.
– Ҳоло дар вилоят 11-то беморхонаи дорои 1800 кат барои табобати беморони коронавирус ташкил шудааст. Илова бар ин, 10500-то ҷойҳои захиравӣ омода карда шудааст, ки 5560-тои онҳо дар Самарқанд ҷойгиранд, – гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. – Инчунин, шӯъбаҳои бемориҳои сироятии Иттиҳодияҳои тиббии шаҳриву ноҳиявӣ, ки дорои 495 ҷойи хобанд, омода карда шуданд. Дар ҳамаи шифохонаҳо системаи таъмини кислород мавҷуд аст. Дар Маҷмӯаи бозомӯзии захираҳои олимпии Самарқанд низ шифохонаи дорои 1080 кат сохта мешавад. Ин ҷой дар се-­чор рӯз омода мешавад. Илова бар ин, мо барои табобати беморон дар шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияҳои Каттақӯрғон, Иштихон, Нарпай, Пахтачӣ низ ҷой ҳозир менамоем. Рӯзҳои наздик барои таҳлили ҷудогона дар ин ҳудудҳо лабораторияи алоҳида таъсис дода мешавад. Ҳоло корҳои омодагӣ идома доранд.
Ҳокими вилоят таъкид намуд, ки инчунин, дар қисми ҳарбии шаҳри Каттақӯрғон ҳам шифохонаи дорои 400 кат, дар истироҳатгоҳи «Марварид» шифохонаи дорои 200 кат ва дар шифохонаи таваллудгоҳи пешина низ 200 кат, ҳамагӣ 800 ҷой тайёр карда мешавад. Бо мақсади ба таври муттамарказ қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ барои COVID‑19 лаборатория низ ташкил мегардад.
Дар ноҳияи Пастдарғам маркази карантинӣ барои 1000 нафар ташкил карда шуд, ки ба қарибӣ 450 нафар шаҳрвандон аз Владивосток ва Санкт-­Петербург бо парвози чартерӣ ба ин маркази карантинӣ оварда шуданд.
Ҳокими вилоят ба муносибати бо қарори комиссияи махсуси ҷумҳуриятӣ то 15-уми август дароз шудани чораҳои карантинӣ ба аҳолии вилоят муроҷиат намуда, мардумро ба риояи қоидаҳои карантинӣ ва тарзи ҳаёти «худякконамоӣ» даъват намуд.
– Ба ҳамаи мо маълум аст, ки рӯзи 31-уми июл Иди Қурбонро ҷашн мегирем, – гуфт Э. Турдимов. – Баёноти Шӯрои уламоҳои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи мувофиқи талаботи қоидаҳои карантинӣ гузаронидани Иди Қурбон эълон гардид. Аз ин рӯ, Иди Қурбонро мувофиқи риояи талабҳои карантинӣ, дар давраи оила гузаронидан мувофиқи мақсад аст. Алалхусус, нурониёнро эҳтиёт намоем.
Қайд гардид, ки рӯзҳои охир шумораи муроҷиатҳо ба «Call-­markaz» ва «Онлайн поликлиника» ва хизмати ёрии таъҷилии тиббии «103» хеле зиёд шудааст. Инчунин, 27 бригадаи сайёр дар Самарқанд ва 16 нафар дар ноҳияҳо иборат аз 11 мутахассисони касалиҳои сироятӣ, эпидемиолог ва умуман табибон фаъолият мебаранд. Ҳар як бригадаи сайёр бо мошинҳои махсус ва таҷҳизоти муҳофизатӣ пурра муҷаҳҳаз шудааст.
Таъкид гардид, ки дар аввали моҳи июл дар вилоят 260-то мошини ёрии таъҷилӣ мавҷуд буда, ҳоло адади онҳо 363-торо ташкил мекунад. Ғайр аз ин, барои харидани 10-то мошини ёрии таъҷилии тамғаи «Volswagen», ки дар вилояти Ҷиззах истеҳсол мегардад, шартнома ба имзо расид.
Э. Турдимов алоҳида таъкид намуд, ки ҳар як фард аз вазъияти мураккаби имрӯза хулоса бароварда, ба саломатии худ ва атрофиён бефарқи зоҳир накарданаш лозим аст.
Хотирнишон мекунем, ки чунин брифингҳо бо иштироки прокурори вилоят Фарҳод Зуфаров, сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят Шавкат Раҳмонов, сарвари Садорати андози давлатии вилоят Аловиддин Иноғомов низ гузаронида шуд.