Оҷонсии нав дар Ӯзбекистон ба коррупсия лаҷом зада метавонад?

Оҷонсии нав дар Ӯзбекистон ба коррупсия лаҷом зада метавонад?

  • Post category:Сиёсат

Бо фармони Президент ба Оҷонси (агентӣ)-и мубориза бар зиддикоррупсия, ки ба қарибӣ дар Ӯзбекистон ташкил карданд, ки ба он Акмал Бурҳонов (қаблан раиси ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» буд) директор таъин гардид.
– Коррупсия иллати иҷтимоӣ аст. Дар вазъияти душвори имрӯза Шумо корро чӣ хел оғоз карданиед?
– Дар Ӯзбекистон ташкил шудани сохтори мустақили алоҳида роҷеъ ба мубориза бар зидди коррупсия яке аз қадамҳои устуворест, ки ҳолатҳои коррупсияро барҳам диҳем. Қаблан низ сохторҳои гуногун бар зидди коррупсия мубориза бурдаанд. Ин корҳо аксар дар назди идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ташкил шуда, асосан бо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он шуғл варзидаанд. Ё ки комиссияҳои ҷумҳуриятӣ буданд ва онҳо дар асоси ҷамоатӣ фаъолият бурдаанд. Агар гӯем, ки ташкил гардидани оҷонсии алоҳида давоми мантиқии сиёсати кушодаест, ки дар Ӯзбекистон роҷеъ ба мубориза бар зидди коррупсия бурда мешавад, дуруст мешавад.
Агар шаффофияти идораҳои давлатӣ, дар назди парламент ҳисобот додани онҳо қадами аввалин бошад, дуюм, сохтори нави хизматрасониҳои давлатӣ пайдо шуд. Ташкили Оҷонсии мубориза бар зидди коррупсия, иродаи бузургтарини сиёсии давлат мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҳамаи мамлакатҳо коррупсия мавҷуд. Гуфта наметавонем, ки дар фалон давлате порахӯрӣ батамом нест шудааст.

Давлатҳо аз якдигар бо дараҷаи коррупсия фарқ мекунанд. Дар мо, мутаассифона, аз зинаи поин то дараҷаи баландтарин ҳолатҳои коррупсия мавҷуд аст ва дар баъзе соҳаҳо онро ба дараҷаи минталитет, «ӯзбекчилик» баҳогузорӣ мекунанд. Дар асл набояд ин тавр шавад.
Ин ташкилоти тамоман нав, сохтори нав. Ин ташкилот барои идораҳои давлатии дигар бояд намуна шавад – аз ба кор гирифтани ходимон, то ба фаъолияти онҳо, дар ҳар қадам шаффофият барои ВАО ва ҷамоатчигӣ.
Дар навбати аввал ташкилотро дар асоси андозаҳои байналхалқӣ ва механизми шаффофӣ ташаккул бояд дод. Азбаски он барои Ӯзбекистон сохтори нав аст, таҷрибаи пешинаи худамонро не, балки хориҷиро омӯхтан муҳим аст. Омӯхтани таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, давлатҳои мутараққии Европаро оғоз мекунем. Ҳоло бо ташкилотҳои байналхалқӣ музокира мебарем. Онҳо арз карданд, ки ба ҳамкорӣ тайёранд.
Дуюм, ҳамкории мо бо идораҳои дигари давлатӣ. Дар ҷойи аввал масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо идораҳои ҳифзи ҳуқуқ меистад.
Саввум, нақшаҳои аниқи худро бояд таҳия кунем. Ин нақшаро бо машварати Шӯрои миллӣ роҷеъ ба мубориза бар зидди коррупсия амалӣ мекунем.
Чаро ҳолатҳои коррупсия сарфи назар аз он ки дар ВАО равшан карда мешаванд ва чораҳои ҷазодиҳӣ андешида мешаванд, идома меёбад? Мо бояд инро таҳлил кунем. Барои фаҳмидани фикри шаҳрвандон ба таври кифоя пурсиш ва тадқиқотҳо гузарондаанд. Фикри шаҳрвандонро ба таври умумӣ гӯем – дар Ӯзбекистон коррупсия реша давондааст, онро мағлуб карда намешавад. Вақте маро ба ин вазифа таъин карданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фикрҳое чун ин кори хеле душвор, аз ӯҳдааш намебарояд, сохтор мехӯрад, оҷонс кор кунад ҳам, ҳолатҳои зинаҳои пастро меомӯзад, вале наҳангҳои асосӣ боз дар кор мемонанд, баён карда шуданд. Онҳое низ буданд, ки чунин кадри ҷавон ва бетаҷрибаро бесабаб таъин накардаанд, мегуфтанд. Роҷеъ ба фикри халқ тадқиқот гузарондан шарт нест, натиҷаи он ба ҳама маълум аст. Ё ки корҳои тарғиботиву ташвиқотии кӯҳнашуда ҳам ҳеҷ кор намедиҳанд.
Пеш аз ҳама дар қонунмандӣ, дар сохтор чӣ хел шароит фароҳам оварда шудааст – ана ҳаминро бояд таҳлил кунем. Вазифаҳои мушаххас дар фармони роҳбари давлат аз 29-уми июн муайян гардидааст. Барои амалӣ кардани ин вазифаҳо кӯшиш мекунем.
– Дар Ӯзбекистон принсипи тақсимоти ҳокимият ба дараҷаи мӯътадил кор намекунад. Чунки онҳо назорати пурраи якдигарро ба роҳ намондаанд, ё ба таври дигар гӯем, тамоми назорат дар амал дар ваколати органи иҷро мондааст. Ба назарам, ин дар фаъолияти шумо муаммои асосӣ аст. Яъне, ман гуфтаниам, ки дар меъёр кор накардани онҳо фаъолияти ташкилоти шуморо халалдор намекунад?
– Мо мебинем, ки ба ҳолатҳои коррупсия пеш аз ҳама беш идораҳои ҳокимияти маҳаллии давлат роҳ медиҳанд. Бо роҳбарии раиси Сенат, Шӯрои миллии мубориза бар зидди коррупсия аз 44 нафар аъзо иборат ташкил карда шуд. Дар байни онҳо роҳбарони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилони ташкилотҳои ҷамоатӣ низ ҳастанд. Ва дар ҳар ҳудуд комиссияи мубориза бар зидди коррупсия ташкил карда шудааст. Роҳбарони ин шӯроҳо ҳокимон ба ҳисоб мераванд. Маълум аст, ки ҳокимон ва вазирон ба парламент ҳисобот медиҳанд. Мо пеш аз ҳисобот додани онҳо ҳолати коррупсионии ҳамон ҳудуд омӯхта, амалиёти роҷеъ ба ин масъала шунидани ҳисоботи алоҳидаи онҳоро ба роҳ монданӣ ҳастем.
Дар фармони Президент ба оҷонсӣ ваколати васеъ дода шудааст – агар нисбати қарорҳое, ки роҳбарони идораҳои ҳокимияти давлатӣ мебароранд, аз нуқтаи назари коррупсия шубҳа бошад, оҷонсӣ роҷеъ ба боздоштан ё ки бекор кардани онҳо ваколати тақдимнома дохил кардан дорад.
Боз як бор мегӯям – таҳлил аз ҳама асосӣ аст. Мо вазъияти ба ришватхӯрӣ моилро дар қонунмандӣ фароҳам овардаем. Дар куҷое ба ҳокимияти иҷро бисёртар ваколат додаем.
Мисоли оддӣ. Дар идорае барои ба кор дохил шудан ба як ҷой 10 нафар номзад бошад, шуд – вазъияти ба коррупсия моил мавҷуд аст ва касе кӯшиш мекунад, ки аз он истифода барад. Барои он ки инро пешгирӣ кунем, чӣ бояд кард? Механизми шаффофро ба роҳ мондан лозим аст. Чунин ҳолатҳо хеле бисёранд – аз таъин кардани директори мактаб то ҷойҳои хурди корӣ – талаб ки бошад, дар он ҷо вазъияти ба коррупсия моил пайдо мешавад. Мақсади асосии оҷонсӣ аз коррупсия дур кардани шахсони мансабдор ва душвор кардани имкониятҳои коррупсия мебошад. Барои ин мо ба онҳо набояд шароит фароҳам оварем.
– Дар мо яке аз иллатҳои калони идораҳои ҳокимияти давлатӣ непотизм, яъне хешу табор аст. Ин ҳолат ҳатто дар органҳои аз ҳама баланд низ мавҷуд. Аз ин ҷиҳат ҳалли муммоҳоро дар чӣ мебинед ва оҷонсӣ дар оянда бо непотизм чӣ хел мубориза мебарад?
– Дар асл дар органҳои идораи давлатӣ нест кардани непотизм нисбатан осон аст. Вале мо «хешу табориро нест кардан душвор» гуфта одат кардаем. Дар гузоштани кадрҳо дар соҳаи идора механизмҳои мушаххаси шаффоф бояд бошанд. Оҷонсии инкишофи хизматҳои давлатӣ дар ин самт кор мекунад, мо ҳам кор мекунем. Мизон ва талабҳои мушаххас дар ҷои аввал бояд гузошта шаванд. Дар ҳамон ҷо кадрҳои дар ҳақиқат лоиқро бояд гузошт.
Иллати непотизм дар мо хеле реша давондааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ин кадрҳои соҳибмалакае, ки ояндаи хуб доранд, нашукуфта мемонанд. Дар онҳо фикри «пеш рафта наметавонам», пайдо мешавад. Бисёр шиносҳои соҳибмалакаи дар хориҷа таҳсил гирифта дорам. Вале онҳо ба омадан метарсанд. Чунки дар онҳо фикри ман шинос надорам, хешу табор надорам, мавҷуд аст.
Мисол, агар дар Япония ба коре дароед, чӣ хел кор кунед, баъди 10 сол худатонро дар куҷо диданатонро медонед. Тартибу қоидаи муайян мавҷуд аст. Аз рӯи ҳамин тартиб кор кунад, ба ҳамин мизонҳо ҷавобгӯ бошад, баъди 10 сол дар куҷо кор карданро аниқ медонад ва ба ҳамин нигоҳ карда ҳаракат мекунад. Асосиаш, вай баъди 10 сол барои нағз кор накардан ба вазифаи пасттар гузаштанаш мумкин, вале аз ҳисоби он ки таҷриба дорад, метавонад ҳатто аз роҳбар бештар маош гирад. Мо ҳам бояд ҳамин хел сох­торро ҷорӣ намоем. Непотизмро дар соҳаҳои дигар – бизнес ва дигар самтҳо нест кардан душвор, вале айнан дар идораи давлат, дар ҳоли такмили асосҳои қонунии таъин кардани шахсони мансабдор ва сохтани сохтор пеши онро гирифтан мумкин аст.
– Ба сифати мисоли беҳтарини мубориза бар зидди коррупсия таҷрибаи Гурҷистонро нишон медиҳанд. Имрӯз дар мо низ дар мубориза бар зидди коррупсия айнан чун дар Гурҷистон зарурати ислоҳоти радикалӣ ҳаст?
Ба фикри шумо, амалӣ шудани ин ислоҳотҳо, ки халқ мунтазир аст, дар мисоли оҷонсии нав то чӣ андоза натиҷа медиҳанд?
– Роҷеъ ба мубориза бар зидди коррупсия дар давлатҳои дигар низ таҷрибаи хуб мавҷуд аст, вале Гурҷистон ба мо ҳар тарафа – аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, таърихӣ ва менталитет наздик мебошад. Ба вуҷуди чунин менталитет ҳам, онҳо дар ин соҳа хеле пеш рафтанд. Вале мо дар индекси қабули коррупсия дар байни 180 давлат дар ҷои 158-ум қарор дорем. Дар Гурҷистон соли 2007 дар даври Саакашвили ислоҳот оғоз шуд. Дар ҳамон давр Гурҷистон дар ин индекс дар ҷойи 79-ум буд. Соли 2008 дар онҳо низ чун дар мо шӯрои зидди коррупсия ташкил шудааст. Имрӯз онҳо дар индекси мазкур дар ҷои 42-юм – ба 37 зина боло рафтаанд.
Ман шӯро ё ки оҷонсӣ бошад, мо ҳам пеш меравем, гуфтанӣ нестам. Дар Гурҷистон чораҳои радикалӣ низ дидаанд – пурзӯр кардани ҷавобгарӣ, масъалаи ходимони ин ё он соҳаро пурра аз кор сабукдӯш карда, аз нав дар асоси озмун ба кор гирифтан ва зиёд кардани маош низ мавҷуд аст. Онҳо кӯшиш кардаанд, ки дар қабул ба кор, расонидани хизматҳои давлатӣ омили инсонро дар байни шаҳрвандон ва давлат нест кунанд. Ба қатори дигар давлатҳо таҷрибаи Гурҷистонро низ меомӯзем.
Ман ҳам тарафдори дар кадом як нуқтаҳо дидани чораҳои инқилобии шадид ҳастам. Якум, ҷавобгариро барои ҷиноятҳои гирифтан ва додани пора зиёд кардан лозим аст. Бояд қайд кард, ки коррупсия ғайр аз пора додан ё ки гирифтан дигар самтҳо низ дорад. Мисол, дар амалӣ кардани харидҳои давлатӣ. Вале ҷавобгарии онҳо хеле кам аст. Агар ҷинояти иқтисодиро амалӣ кунанд, ҷаримаашро месупоранд ва аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Ё ки ба муддати 10 сол ҳабс мешаваду дар як ё ду сол бо амнистия ба озодӣ мебароянд.