Маълумоти муфассал дар таҳияи барномаҳо нақши муҳим мебозанд

Маълумоти муфассал дар таҳияи барномаҳо нақши муҳим мебозанд

  • Post category:Ҷамъият

Мувофиқи Фармони Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев аз 5-уми феврали соли 2019 «Дар бораи тасдиқи консепсияи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2022 дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» дар солҳои истиқлолият бори аввал аст, ки дар амал ҷорӣ карда мешавад. Ба амал баровардани ин маъракаи муҳим асосан ба зиммаи идораҳои оморӣ вогузор шудааст. Мо бо мудири шӯъбаи статистикаи ноҳияи Самарқанд Азимҷон ШАРИФОВ аз ҳамин хусус сӯҳбат кардем.
– Дар таърихи ҳар як давлат, дар навбати аввал таърихи халқи сокинони он, шумора ва таркиби аҳолӣ, тавсифҳои иқтисодиву иҷтимоии он ифодаи худро меёбанд, – гуфт дар оғози сӯҳбат Азимҷон Шарифов. – Ин дар асоси ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ ва ҷамъ овардани маълумотҳои муфассал ба вуҷуд меояд. Ҳоло дар ноҳияи мо ба ҳолати 1-уми июни соли 2020 ҷамъ 253,8 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Баробари зиёдшавии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо зичии аҳолӣ низ меафзояд.
– Ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ, албатта аҳамияти калон дорад. Дар ҳамин бора ҳам каме маълумот медодед…
– Дар ҳар як давраи маълум шумораи аниқи аҳолӣ (синну сол, ҷинсият), таркиби миллӣ, аҳволи оилавӣ, дараҷаи маълумот, таъминот бо хонаву ҷой, ресурсҳои меҳнатӣ, фарогирӣ бо кор, (касб, ихтисос), бекорӣ, манбаи даромад, оиди ногироӣ ва ғайра маълумот ҷамъоварӣ карда мешавад. Ин ҳангоми ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои макроиқтисодиёти ҳар сари аҳолӣ зарур аст. Баробари ҳамин, оиди мигратсияи аҳолӣ маълумотҳо таҳия меёбанд. Ба рӯйхатгирии аҳолӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои ривоҷдиҳии иқтисодии аниқи ҳудуд­ҳои мамлакат, бо кор таъминсозии аҳолӣ, беҳсозии саломатии модарон ва кӯдакон, кӯмак ба оилаҳо ва масъалаҳои дигар ёрӣ мерасонад. Инчунин, натиҷаҳои ба рӯйхатгирӣ ҳамчун манбаи мушаххаси маълумот барои ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайра дар вақти таҳлилҳои ҳамаҷониба хизмат мекунад.
– Дар гузаронидани ин ҷараёни муҳим кумитаи давлатии статистика бо кадом ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд?
– Бо Хазинаи аҳолишиносии Созмони Милали Муттаҳид, Комиссияи иқтисодии Европа, кумитаҳои омори Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ мекунад ва ба рӯйхатгирии аҳолиро ба амал мебарорад.
– Рафти ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ чӣ хел сурат мегирад?
– Бо роҳи пур кардани пурсишнома. Ба ин пурсишнома маълумотҳои шахсӣ, хонаву ҷой, нишондиҳандаҳои мигратсионӣ ва ғайра дохил мешаванд. Усулҳои ба рӯйхат гирифтан бошад, анъанавӣ, асосан бо респондент бевосита вохӯрда, тавассути пур кардани пурсишнома (электронӣ ё коғазӣ) ба амал бароварда мешавад. Инчунин, маълумотҳои идоравӣ, омехта ва бефосила низ истифода мегардад.
– Ба рӯйхатгирӣ кори осон нест. Ин ҷараён чӣ қадар вақтро дар бар мегирад?
– Хона ба хона гашта, бевосита ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ мумкин аз 10 то 60 рӯзро дар бар гирад. Ба рӯйхатгирии аҳолӣ якчанд рӯз давом кунад ҳам, маълумотҳо дар як вақт – рӯзи аввали ба рӯйхат гирифтан қайд карда мешавад.
– Ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ тирамоҳи соли 2022 ба амал бароварда мешавад. Ҳарчанд то он вақт ду сол бошад, ки аз ҳоло тайёрӣ дидан зарур аст. Ҳамин тавр?
– Бале, мо аз ҳоло тайёрии ҳаматарафа мебинем. Ба гузару деҳаҳои беном ном гузоштанро таклиф кардем. Ба дари хонаву ҳавлиҳо ҳам рақамҳо гузошта мешаванд. Аз ҳама асосиаш, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро пурзӯр мегардонем. Бо ин мақсад, дар 47 маҳаллаи ноҳия вохӯриҳо ташкил кардем. Дар 21 мактаби таълими умумӣ ва 15 ташкилотҳои таълими томактабӣ корҳои фаҳмондиҳӣ гузарондем. Ин гуна корҳо пас аз карантин ҳам идома меёбад.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.