Истеҳсоли маҳсулоти чармин дар деҳаи дурдаст

Истеҳсоли маҳсулоти чармин дар деҳаи дурдаст

  • Post category:Иқтисод

Дар маҳаллаи Исори Ӯроқлии ноҳияи Булунғур беш аз 630 хонавода зиндагӣ мекунанд. Аз онҳо 29 оила дар рӯйхати оилаҳои камбизоат меистанд.
Сарвари яке аз чунин оилаҳо Иброҳим Ҷомонқулов бо кӯмаки роҳбарони сектор аз филиали ноҳиявии «Агробанк» ба муддати се сол 20 миллион сӯм кредити имтиёзнок гирифта, корхонаи хусусии «Кӯмакдош чарм маҳсулот»-ро ташкил кард. Ба ӯ як хонаи бекорхобидаи бинои маҳалларо бепул барои истифода доданд ва 12 нафар аъзои оилаҳои камбизоат, ки дар рӯйхат меистанд, ба кор ҷойгир карда шуданд.
– Ғайр аз чунин имкониятҳо, аз имтиёзоте, ки аз тарафи Сарвари давлат барои машғул гардидани оилаҳои камбағал бо тадбиркорӣ фароҳам гардидааст, истифода мебарем, – мегӯяд И. Ҷомонқулов. – Дар ҳамин асос, истеҳсоли маҳсулоти босифати чарминро пеши худ мақсад гузоштем. Дар ин самт таҷрибаи кофӣ дорам. Чунки солиёни зиёд дар корхонаи аз нав коркарди чарм меҳнат кардаам. Корхона навтаъсис аст, аммо барои хариди тӯпи футбол, таҷҳизоти варзишӣ ва дигар маҳсулотҳо аллакай мизоҷон афзудаанд. Ҳозир аз асбобу анҷоми кӯҳна истифода мебарем. Новобаста аз ин, ҳар моҳ истеҳсоли маҳсулоти 25-28 миллион сӯминаро ба нақша гирифтаем. Зина ба зина доираи фаъолияти худро васеъ месозем.

Б.МУСТАНОВ