Дар Пахтачӣ ниҳолҳои пахта хуб месабзанд

Дар Пахтачӣ ниҳолҳои пахта хуб месабзанд

  • Post category:Иқтисод

Пахтачӣ яке аз ноҳияҳоест, ки обу ҳавояш гарм ва баҳораш барвақт сар мешавад. Аз ин рӯ, дар ин ҷо маҳсулотҳои кишоварзӣ нисбат ба дигар ноҳияҳо барвақттар мерасад.
Соли ҷорӣ пахтакорони ноҳия дар 8195 гектар замин навъҳои «Султон», «Бухоро‑102»-и пахтаро кориданд. 225 хоҷагии фермерии ноҳия аз рӯйи пахтарасонӣ бо корхонаи кластерӣ, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Зиёвуддин Текстил» шартнома имзо кардааст. Аз сабаби саривақтӣ ва босифат гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ ривоҷи ниҳолҳои пахта хуб аст. Пахтакорони ноҳия дар вилоят аз аввалинҳо шуда, бо нияти гирифтани ҳосили дилхоҳ корҳои сарбури (чеканка)- ро оғоз намуданд. Дирӯз дар хоҷагии фермерии «Одинаев Беҳзод Шералиевич»-и тобеи Саройи муқобили мошину трактории «Шамси Назаров»-и ноҳияи Пахтачӣ семинари хонишиву амалӣ шуда гузашт. Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Ф. Абилов ва дигарон оиди саривақтӣ гузаронидани тадбири чеканка фикру мулоҳиза намуданд. Таъкид гардид, ки танҳо бо канда партофтани нуқтаи сабзиши ғӯза ҳосил зиёд мешавад. Дар ҷараёни чеканка бактерияҳои касалиовар нобуд мегардад. Барои тадбири чеканка дар пахтазор хандақҳои махсус тайёр карда шуда, ҳудуди мазкур бо «олтингугурт» коркард шудааст. Дар семинар инчунин, дар хусуси барои деҳқонон муҳайё кардани шароити кори истироҳатӣ супориш дода шуд.

Хизмати ахбори Садорати «Ӯзагроинспексия»-и вилоят.