Ба илми мусиқӣ устод буд…

Ба илми мусиқӣ устод буд…

  • Post category:Фарҳанг

Намурд он касе, к-­аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накӯном ҳаргиз намурд.
Ҳоло ҳар як самарқандӣ ва меҳмонони вай дар ҳар сари қадам бо осоре дучор меоянд, ки аҷдодон дар тӯли асрҳо бунёд кардаанд ва барои авлоди оянда ёдгор гузоштаанд. Далели фикри мо майдони Регистон, Шоҳи Зинда, осорхонаи Мирзо Улуғбек, Мақбараи Амир Темур ва инчунин даҳҳо масҷиду қалъаҳо, қабристону боқимондаҳои истеҳкомҳо мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки дар сояи лутфу меҳрубониҳои сарвари соҳибдили дурандеш ва ғамхорию ифтихори мардуми таҳҷоӣ ободу зебо мегарданд.
Чанде пеш ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба як кори хайр даст зад. Вай хона ва ҳавлии санъаткори машҳури самарқандӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро, ки бо баъзе сабаб­ҳо аз даст ба даст гузашта, хароб шуда буд ва қариб вайрон гардида аз байн мерафт, ба хона-­музейи ҳофизи номдор табдил дод.
Гарчанд 31-уми январи соли 1969 ҳизби шӯрои Вазирони Ӯзбекистон таҳти рақами 56 оиди абадӣ гардонидани хотираи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов қарори махсус қабул карда буд, вале сад дареғо, ки хизматҳои санъаткори номдор қадр наёфт ва ҳангоми гузаронидани озмуну фестивалҳо номи ин марди шарифро ба ёд наовардаанд ва ҳатто асарҳои ӯро баъзе шахсони шӯҳратгадо моли худ кардаанд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз кӣ буд?
Тавонгар он кас, ки хурсандтар,
Чу волост он, к-­ӯ ҳунармандтар!
Ҳоҷӣ Абдулазиз санъаткори мумтоз ва таронасарои барҷаста буда, хизматҳои ӯ дар соҳаи «Шашмақом» хеле калон аст. Вай дар замони худ ба ин асари классикӣ рангу бӯй ва таровати тозае бахшид. Алалхусус, авҷу таркибҳои он «Дунаср», «Уззол», «Зебопарӣ», «Авҷи турк», «Сегоҳ», «Дебоча», «Ушшоқи Самарқанд», «Қурбон шавам» ва ғайраро рӯҳи тоза бахшид, аз нав эҷод карда дар байни тамоми ҳофизону донишмандони шашмақомхони Осиёи Марказӣ, шӯҳрати ҷаҳонию ҷовидонӣ пайдо намуд. Шояд аз ҳамин сабаб устод Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, журналистони варзида Отахон Латифӣ, Шоҳқаҳҳори Муҳаббатзод, Шералӣ Сокин ва дигарон дар бораи ӯ асарҳои ҷолиб иншо намудаанд.
Дар ҷилди 11-уми «Ёддошт»-ҳои сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ «Санъаткори бузург» ном очерк дарҷ гардидааст, ки дар бораи санъат, ҳунар ва тарҷимаи ҳоли Хоҷӣ Абдулазиз маълумоти ҷолиб медиҳад. Устод С. Айнӣ таассуроти хешро чунин маънидод кардаанд:
«- Ман мусиқиро бисёр дӯст медорам, садои ларзишдори дутор, бо нолаи пуршӯри танбӯр, дили аламдидаи маро, ки аз ғояти ҳасрат ва андӯҳ маҷоли ҳаракаташ намондааст, ба ларзиш ва шӯриш меоварад. Ҳар гоҳ ин нолаи шӯрангез ва суруди ларзишомез аз нохун ва гулӯи мусиқашиноси куҳансоле садо медиҳад, ҷӯшу хурӯши дили ҳасраткашидаам дучандон мегардад. Зеро ҳар нағма ва суруде, ки дар ин ҳолат навохта ва суруда мешавад, чунон ки сурати айёми шабоб ва саргузашти рӯзҳои ҷавониам аз пеши назарам ягон-­ягон мегузаранд, инчунин гиреҳҳои дили хунгаштаамро, ки монанди ғунчаи лола тан ба тан доғ барҳам бастаанд, ба пеши чашмам варақ-­варақ мекушоянд…».
Воқеан, очерки «Санъаткори бузург» беҳтарин ва пурарзиштарин тадқиқотест, ки доир ба ҳофизи номдор Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, ки решаҳои аслии ӯ Қаротегини Тоҷикистон, кӯҳсори хушҳаво, шоирхези Тоҷикистон аст.
Китоби Отахон Латифӣ ва Абдурофеъи Рабеъ «Рӯзгори соҳибдилон» (Душанбе, нашриёти «Ирфон» соли 1985) низ асари ҷолиби диққат мебошад.
Чаро «Шашмақом» мегӯянд?
Дар «Энсиклопедияи советии тоҷик калимаи «Шашмақом» чунин шарҳ дода шудааст: «Шашмақом» силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик, ки дар як низоми муайян мураттаб гардидааст. «Шашмақом» мероси мусиқии мардуми тоҷик буда, аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст. «Ҳар мақом қисматҳои созӣ – «Мушкилот» ва овозӣ – «Наср»-ро дар бар мегирад».
Воқеан, дар охирҳои асри XIX ва аввали асри ХХ мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом» на танҳо байни мардуми Бухорои шариф ва Самарқанди бостонӣ, инчунин тамоми водии Зарафшон маълуму машҳур буд. Алалхусус ҳунарнамоии ҳофизони маъруфи «Шашмақом» дар рӯзҳои таҷлили ҷашни соли нав – Наврӯзи оламгир ва «Меҳргон» – поёни кишту дарав – ҳосилғундорӣ диққати ҳазорон нафар ихлосмандони санъати мусиқиро ба худ ҷалб менамуд.
Барои пурғанӣ гардидани ганҷинаи санъати мусиқии «Шашмақом» хизмати ҳофизону навозандагони машҳур устод Ҳусайнӣ, Саидаҳмади Ғиҷҷакӣ, Шодии Самарқандӣ, Кавкабии Бухороӣ ва дигарон бузург аст. Албатта дар инкишоф ва равнақи санъати мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Левӣ Бобохонов, Фазлиддин Шаҳобов ва алалхусус академикҳо Юнус Раҷабӣ, Мухтор Ашрафӣ, Мутеъилло Бурҳонов, ки онро ба нота дароварда, барои баҳра бардоштани мухлисони тамоми оламашон хизмати шоиста кардаанд. Сарояндагони хушовоз Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Комилҷон Отаниёзов, Ҷӯрабек Муродов ва Муноҷот Йӯлчиева ва даҳҳо дигарон шоҳроҳи худ дошта, кайҳо дар дилу дидаи мухлисон маъво гирифтаанд.
Ширкати «Граммафон»-и Рига соли 1909 роҳи тӯлониро тай намуда, барои навишта гирифтани овози ҳофизони машҳур Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Левӣ Қандови яҳудӣ, ки истеъдоди нотакрор доштанд, ба Самарқанд омада овози ҳар ду сарояндаро сабт менамоянд. Дертар, яъне солҳои 1933-1935 заводи «Грампластика»-и Тошканд дар иҷрои Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ бисёр насру таронаҳо ва сарахбору шӯъбаҳои мақомро ба навишта гирифтан муяссар мешаванд, ки бо ин роҳ мероси бойи мусиқӣ ҷовидон гардид. Зеро ӯ дар таърихи мусиқии халқҳои тоҷику ӯзбек ва ривоҷу инкишофи он саҳми бузург гузоштааст.
Дар сари қабри ҳофиз
Боре Амина Шарофиддинова занг зада гуфт, ки қабрҳои шоири соҳибистеъдоди тоҷик Пайрав Сулаймонӣ ва ҳофизи номдор Ҳоҷӣ Абдулазиз, ки дар қабристони Хоҷаи Хизр мадфун аст, бо кӯмаки беғаразонаи чанд нафар равшанфикрони савобталаб обод шуду ин навидро тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» бояду шояд маълум кард.
Рости гап, ҳар ду қабр хароб буд. Соли 1990 журналист Шералӣ Сокин дар маҷаллаи «Санъат» аз ҳоли табоҳи гӯри Ҳоҷӣ Абдулазиз навишт, ки сипас собиқ роҳбарони шаҳр барои обод гардонидани оромгоҳи ҳофизи худодод чораҳои фаврӣ андешидаанд. Бо гузашти айём аҳволи қабр чун пештара шуда буд, ки ҳоло масъала ранги дигар гирифтааст. Дар тахтасанги мармари оромгоҳи ҳофиз байтҳои зерини шоири самарқандӣ Тамҳид сабт ёфтаанд:

Ҳайф аз он лаҳни тарабхези латиф,
Ҳасрато аз он адои дилнишин.
З‑он навои маҳбатангези сурур,
Ҳам фараҳбахши қулуби сомеин,
Ногаҳон бигзашт аз рӯи ҷаҳон.
Зери хоки тира шуд охир макин
Ҷустуҷӯ кардам басе Тамҳид – ваш
Соли фавти ӯ зи аҳли дурбун,
Гуфт: шуд дилгир аз аҳли ҷаҳон.
Ҷо ба Ҳоҷӣ гашт Фирдавсӣ барин.

Моддаи абҷади қитъаи таърихии Тамҳиди Самарқандӣ санаи «1355»-ро ифода мекунад, ки баробари соли 1936 мебошад. Дар зери катибаи мазкур қитъаи дигар ҳам ҳаст:

Ҳайф аз он устоди мусиқишинос,
Аз ҷаҳонномӣ сӯи уқбо бирафт.

Тӯтии дил бесару по гашт, гуфт:
«Мутриби хушлаҳҷа аз дунё бирафт».
Ҳоло қабри ҳофизи бетакрор зиёратгоҳи санъаткорони на танҳо Самарқанд, инчунин ҷаҳонӣ низ мебошад. Масалан, ҳар гоҳ устод Ҷӯрабек Муродов ба шаҳри мо ташриф оварад, албатта сари қабри Ҳоҷӣ Абдулазиз зиёрат мекунад.
– Устод Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт будан аз ҷониби аҳли замон эътироф шудааст, – ҳангоми сӯҳбатамон иброз дошт Ҷӯрабек Муродов. – вай на танҳо адабиёти классикии форсу тоҷик ва ӯзбекро, инчунин мероси мусиқию адабии халқҳои Осиёи Миёна, мусиқии халқҳои арабро чун донишманд ва мутахассиси соҳа хуб медонист. Вай ба ҳар як порчаҳои «Шашмақом» матни чандин шоирони классик ва муосирашро ворид намуда, бо услуби хосса сурудааст.

– Оё шумо медонед, истеъдоди баланди санъаткории Ҳоҷӣ Абдулазиз дар чист? – боре гуфта буд муҳаққиқи эҷодиёти ӯ, устоди омӯзишгоҳи мусиқии Самарқанд Равшан Ҳамроқулов. – Дарк намудани мазмуну мундариҷаи оламгири шеър­ҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хӯҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мирзо Бедил ва дигарон аст. Чуноне ки устод Айнӣ таъкид кардаанд, ҳар як шунаванда аз овози ширадори ин булбули гулзор ва хурӯшу нолаҳои таъсиромези дутори ӯ ба тарабу нишот меомадаанд. Аз ҳама муҳимаш, дар «Шашмақом» тағйиротҳои ҷиддӣ дароварда тавонист, ки мутахассисону донишмандони ин соҳа эътироф кардаанд. Шояд шоири маъруфи мо Низоми Ганҷавӣ мисли Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандиро ба назар дошта гуфтааст:

Аз ӯ хушгӯтаре дар лаҳни овоз,
Надид ин чангпушти арғунунсоз.

Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар Самарқанд як гурӯҳ ҳофизон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз мактаби хоссаи ӯ баҳра бурда тақлидомез «Шашмақом»-хонӣ кунанд. Далели фикри мо Мардони Мавлон, Асадуллоҳи Атоуллоҳ, Қаноат Оқилова, Баҳодури танбӯри тайлоқӣ, Ҷӯрақул Солееви 85 сола, Ҳазратқул Ҳамроқулов, Баҳодур Рӯзиқулов, Ихтиёр Султонов, шогирди Барно Исҳоқова Шӯҳрат Қаюмзодаи оҳаликӣ ва дигарон мебошанд.
Чаро «лаънат ба ин касбам!»
Санъаткори номдори самарқандӣ бо нияти Ҳаҷ ба мамлакатҳои Шарқи Наздик азми сафар карда буд, ки дар ҳаёт ва фаъолияти ӯ тағйиротҳои куллӣ гузошт. Ҳангоми боздиди Маккаю Мадина, Мисру Искандария ва дигар кишварҳои ҷаҳон бо қадами мубораки худ ва санъати нотакрору сеҳрангезаш ба мардуми таҳҷоӣ ғизои маънавӣ мебахшид. Аз ҳама муҳимаш ҳунари волои хешро сайқал дода, аз ҳамкасбон сабақ мегирифту дарси мусиқӣ медод. Чуноне духтараш Ойша Абдулазизова нақл мекунад, ҳамсараш, ки зодаи Бухорои шариф будааст, бо амри тақдир дар шаҳри муқаддаси Макка ёфта, ақди никоҳ баста, ба Самарқанд овардааст.
Ҳофизи номдори шаҳри бостонии мо, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Асадуллоҳи Атоуллоҳ доир ба зиндагиномаи Ҳоҷӣ Абдулазиз воқеаи аҷиберо қисса намуд, ки дар байни санъаткорон машҳур аст.
– Боре Ҳоҷибобо ба як деҳаи дурдаст савора рафта хизмат мекунанд, – бо табассум лаб ба сухан кушод мусоҳибам. – Вақт аз пешин гузашта бошад ҳам дар тӯйхона овози ҳофизи номдор танинандоз мегашт. Меҳмонону мезбонон «ай дӯст!», «боз якта шавад!» гӯён ӯро ба ҳолу ҷонаш намонда, суруд хонданашро боисрор талаб мекарданд.
Бечора Ҳоҷибобои гуруснаву хасташуда зам-­зама мекунад:

Аз он рӯзе ки ман ҳофиз,
Ҳазор лаънат ба ин касбам,
Худам аз гушнагӣ мурдам,
Намедонам чӣ шуд аспам?!

Соҳиби тӯй, ки марди ҳушёр ва рамузфаҳм будааст, ба маънои суруд рафта аз ӯ хиҷолатомез узр мепурсад ва таом меоварад.
– Дар он замон фонограмма набудааст-­дия, – луқма партофтам ман, – ҳозир ин хел-­ку, додарҷон!
– Гапатон дуруст, – гуфт Асадуллоҳ, – лекин авомфиребӣ лозим нест. Мардум муштоқи овози зинда ҳастанд. Охир сурудҳои хушовозу бастакори нотакрор Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, ки ба қавли устод Садриддин Айнӣ нолаи шӯрангез ва суруди ларзишомезаш бо нағмаи танбӯр омехта гашта ба атроф танинандоз мегардид, сомеъонро чун оҳанрабо сӯяш мекашид. Аммо чӣ ҷойи руст кардан илоҷ, ки баъзе сарояндагон ба ҳирси молу давлат афтода, ба санъати волои мо хиёнат мекунанд…
Сайре ба осорхонаи устод
Дар як гӯшаи Самарқанд Хона-­музейи устод Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба расмият кушода шудааст. Дар шафати дарвозаи бағдодӣ чунин ҷумла сабт ёфтааст: «Дар ин ҳавлӣ Ҳофизи хизматнишондодаи Ӯзбекистон Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов зиндагӣ кардааст».
Ҳамин, ки ҳар як кас вориди ҳавлӣ мешавад, беихтиёр вуҷудашро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Зеро ин манзил барои бисёр санъаткорону адибон ва арбобони давлатӣ даргоҳи муқаддас буд. Устод Айнӣ дар дами марг будани ҳофизи номдор чанд маротиба ба аёдати ӯ омадааст, ки лаҳзаҳои асосии умри ҳофизро нависад ва барои таҳияи китоби «Намунаи маданияту санъати тоҷик» матолиб ҷамъ намояд. Вале ҳофиз, ки солхӯрда (ӯ 82 сола буд З.Ҳ.) ва аз таъсири дарду бемадорӣ зуд монда мешуду гап заданаш душвор гашта, нафаси сарди марги ӯ ҳис мегардид. Ин кор кашол меёфт. Бо вуҷуди он, устод С. Айнӣ бисёр нақлҳои аҷиби ӯро ба қайд гирифта буд. Шогирди вафодори ӯ Юнус Раҷабӣ, маҳз дар ҳамин ҷо асари безаволи ӯ доир ба «Шашмақом»-ро ба нота навишт. Чунин мисолҳо хеле бисёранд.
Дар меҳмонхона акси устоди мусиқӣ ва овозхони мардумии мо гузошта шудааст, ки нигоҳи ҷиддӣ ва мутафаккирона дорад. Тарзи саллабандӣ ва тарзи ришу буруташ аз зиёӣ будани ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Инчунин, дар як гӯша дастнавису шеър­ҳои вай, ки ба ҳуруфоти арабӣ иншо шудаанд, гузошта шудааст. Алалхусус он торе, ки захма ба он зада қалби мухлисонро ба ваҷд меовард, диққати касро ба худ мекашад.
Хонаи дигарро аксҳои фарзандону наберагон ва меҳмонон зеб медиҳад.
– Нақшаҳои мо хеле бисёр, – нақл намуд роҳбалади мо Рамиз Аҳрорӣ, ки масъули осорхона аст. – Ниятамон, маводро доир ба сароянда ҷамъ овардан мебошад. Дар ин кори хайр ба кӯмаки мардум ниёз дорем.
Мақсади мо – шӯҳратёртар намудани ситораи дурахшони фазои «Шашмақом» – ҳамдиёрамон Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ мебошад.
Бо сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодури Раҳмон доир ба Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ сӯҳбат карда будам, вай маро бо навиди аҷибе шод кард. Бозёфти нав – дастнависи таърихии нодири бобояш Ҷавдати Самарқандиро, ки ба ҳофизи номдор бахшида шудааст ва аз тарафи бостоншинос Беҳрӯз Маъруфӣ пешкаш гардидааст, ба ман дастрас намуд. Чӣ тавре, ки ҳамсӯҳбатам таъкид кард, шеъри зерин маҳз баъд аз вафоти ҳофиз соли 1936 навишта шудаасту то имрӯз ба ҳеҷ кас маълум набуд. Дар бойгонии осорхона маҳфуз будааст. Дар он тавсиф ва таърихи вафоти Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ сабт ёфтааст:

Муғаннӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз якто,
Вафоташ карда ғамгин ҳама касро.
Ки ӯ дони ба хушҳоли хушӣ,
Бикшуда шароби шод нӯшӣ.
Ҳама дар орзуи сиҳаташ буд,
Ба уммеди шуниди хонишаш буд.
Чунин хушхон хуш овоз форам,
Басо гаҳ-­гаҳ шунида гӯши одам.
Ба машшоқӣ, ки хушхони ягона,
Набудӣ мисли ӯ дар он замона.
Аз он эҷоди «Ушшоқи Самарқанд»,
Ҳавои чанд бар ӯ карда пайванд.
Намуда ихтироъ «Гулузорим»,
Мақомиро ки аслаш дӯсти худоим.
Чу мастему адо з-­ишқи муноҷот
Намуд моҳири хӯяш исбот.
Ба танбӯру дутораш карда хушхол,
Ғаму андӯҳ зи дилҳо карда помол.
Ба илми мусиқӣ устоди кул буд,
Басо хонандагон шогирди ӯ буд.
Ҳама аз мурданаш афсӯс хӯрданд,
Барои фавти ӯ андӯҳ карданд.
Ба Ҷавдат бо дилу ҷон ин бигуфтанд,
Ба фавти ӯ ҳама ғамнок гаштанд.