Қадри ҳаёт ва якдигарро бидонем…

Қадри ҳаёт ва якдигарро бидонем…

  • Post category:Фарҳанг

Ҳаёт ба инсон танҳо як бор дода мешавад. Инсон бояд қадри онро бидонад ва чунон зиндагӣ намояд, ки баъди вафоташ фарзандони комил, номи неку кори некаш боқӣ монад. Чуноне ки мегӯянд: «Аз нек боғ – аз бад доғ». Аз дасташ ояд ёрӣ расонад, агар кӯмак карда натавонад, зарар ҳам нарасонад.
Вақтҳои беғубории кӯдакиям ба ёд меояд. Ҳамсояҳо қариб ҳар рӯз ба хонаамон дар дасташон табақча «келин» гӯён даромада меомаданд. Дар табақча чорто бичак ё дуто нони гарм ё ки як коса ҷурғот буд. Ҳеҷ кас ба ин чизҳо мӯҳтоҷ набуд, ҳамаи ин нишонаи меҳру оқибати байни ҳамдигарӣ буд. Онҳо ғайбати кас ё ки аз чизу чораҳо гап намезаданд. Болои кат нишаста, ҳар хел воқеаҳои шавқовар, латифаҳо мегуфтанд. Ҳамсоязанҳо ба фарзандони якдигар панду насиҳат мекарданд ва инро ҳама дуруст қабул мекард. Мо зери ин гуна меҳрубониву қадршиносиҳо, ба воя расидаем. Аммо имрӯзҳо ин гуна хислатҳои наҷиби инсонӣ қариб, ки дида намешавад. Аёми бачагиамро ба ёд оварда андеша мекунам. Чаро ҳозир одамон чун пешина нестанд? Ҳозир куҷое равед фақат гапи молу чизи дунё. Аз меҳру оқибати пешина асаре намондааст.
Ҳозир дар вақти пандемия низ одамоне ҳастанд, ки ба ҳамсоя ё хешу табори аз ҷиҳати иқтисодӣ азияткашида, ки рӯзашонро базӯр мегузаронанд, ёрӣ додан намехоҳанд. Дасти равғанинашонро ба сари худ мемоланд. Канӣ он меҳру оқибату одамгарӣ. Ҳар як амали нек, хайру саховат бе ҷавоб намемонад. Он албатта чандин маротиба афзуда бармегардад. Онҳое, ки сарватманданд, бо каме ёрӣ додан камбағал намешаванд. Баръакс, давлаташон зиёда гардад. Чунки ҳар як одами мӯҳтоҷ аз сидқи дил дуо мекунад ва дуои чунин касон албатта иҷобат мешавад. Инро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад. Бадӣ кардан осон, нағзиро на ҳама карда метавонад. Ҳар як дақиқаро бояд ғанимат донем ва то тавонем ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем. Зеро дар куҷое, ки меҳру оқибат, муҳаббат бошад, албатта мушкилиҳо осон ҳал мешаванд. Танҳо бо якҷоягӣ ҳама балоро паси сар кардан мумкин. Ҳоло карантин давом дорад ва якдигарро рафта дидан мумкин нест. Аммо ҳеҷ набошад ба воситаи телефон аз аҳволи якдигар пурсон шавем.
Ҳама бо ташвиши худ овора. Ҳатто додару хоҳар ҳар чиро баҳона пеш оварда, аз аҳволи якдигар хабар намегиранд. Наход ду дақиқа вақт наёбанд. Аммо баъди вафоташ вақт ёфта (агар карантин набошад) чил рӯз омада мешинанд. Барои чӣ инро дар вақти зиндагиаш намекунанд. Баъд пушаймонӣ суд надорад. Риштаҳои хешу таборӣ ва ҳамсоягиро кандан ба мардуми мо хос нест.
Як рӯз сарват, меҳр, муҳаббат ва шодмонӣ ҷамъ шуданд.
Сарват:
– Ман ба одамон лозим. Ҷойи ман якум аст.
Муҳаббат аз ҷой хеста:
– Ман ба одамон бахт меорам. Ба онҳо заруртарам, – гуфт.
Шодмонӣ таъкид кард:
– Ман ба дили онҳо як умр завқ мебахшам, шодмонӣ меорам. Онҳо маро доим орзу мекунанд. Бе ман зиндагӣ карда наметавонанд.
Меҳр, ки ин сӯҳбатро оромона гӯш мекард, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Ӯ дарду фарёди дилашро дар ашкаш намоён кард.
Аз ин ҳолати ногаҳонӣ сарват, муҳаббат ва шодмонӣ ба меҳр рӯй оварданд:
– Меҳр? Барои чӣ гиря мекунӣ? Ин ҳама дард аз куҷо меояд? –ҳайрон шуданд.
Меҳр гирякунон гуфт:
– Ман бақадр будам, то даме ки додари қадрам буд. Ман вафодор будам, то додари вафодорам буд. Ман азиз будам то даме, ки додари оқибатам буд. Одамизод аз паи шумо, яъне: сарват, муҳаббат ва шодмонӣ мани бечора – меҳру оқибатро фаромӯш кард. Ман аллакай аз ин дунёи фонӣ мерафтам, аммо ҳозир ҳам баъзе одамон маро эҳтиром мекунанд, барои ҳамин, дар айни замон ҳастам.
Меҳру оқибатро фаромӯш накунем, қадри одамонро донем, нагузорем, ки ин эҳсосот моро тарк кунад. Кори савобро ор надонем. То тавонем ёрӣ расонем, бо суханҳои ширин дилбардорӣ намоем. Албатта, Худо хоҳад ҳамаи ин мушкилиҳо паси сар мешаванд.

Лола РАҲИМОВА.