Тақлиди ноҷо

Тақлиди ноҷо

  • Post category:Фарҳанг

(Ҳикоя)
Духтараки мактабхоне дар паси девори кӯчаи маҳалла ба овози саг тақлид мекард:
– Ав-­ав-­ав!
Саги пушти девор овози ӯро шунида, аккосзанон ғирев мебардошт:
– Ав-­ав-­ав!!
Саг, ки хомӯш шуд, духтарак боз ба асаби саг мерасид.
– Ав-­ав-­ав!
Саг аз ин тақлиди масхараомези духтарак ба ғазаб омада, шӯру валвала мебардошт. Овози занҷирашро кашида, худро ба чор тараф заданаш шунида мешуд.
Саг, ки хомӯш шуд, духтарак боз ба асаби вай расида, овоз мебаровард…
Духтарак ин тарафи девору саг аз он тарафи девор ба якдигар аккос мезаданд.
Марде, ки аз кӯча мегузашт, ин ҳолро дида, гӯё аз саг метарсида бошад, аз он паҳлӯтари духтарак гузаштанӣ шуд. Ин рафтори ӯро дида, духтарак хандид:
– Амак, шумо натарсед. Кучук дар он тарафи девор!
– Эъ, ҳоло ҳамин тавр? Ман гумон кардам, ки саг дар ин тарафи девор асту маро нагазад.
Духтарак сурх шуд. Баъд бо сари хам ҷузвдонашро бардошта, сӯйи хонаашон рафт.

Бахтиёри ҶУМЪА.