Дар бораи даъвати сессияи дувоздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашӯм

Дар бораи даъвати сессияи дувоздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашӯм

  • Post category:Сиёсат

…..Дар асоси моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлат» ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Сессияи дувоздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум 21-уми августи соли 2020, дар соати 09:00 даъват карда шавад.
  2. Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
    – дар бораи муроҷиати сардори садорати тандурустии вилоят Д. Ҷумъаниёзов роҷеъ ба зарурияти риояи қатъии шаҳрвандон ба талаботи санитарӣ, ба аҳолӣ саривақт ва сифатнок расондани ёрии тиббӣ-­санитарии аввалин ба муносибати зина ба зина нарм кардани тартиботи карантин;
    – дар бораи фаъолияти прокурори вилоят Ф. Зуфаров роҷеъ ба инкишофи иҷтимоӣ-­иқтисодии ҳудудҳо, инчунин мустаҳкам кардани қонунмандӣ, муҳофизати ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар давоми 6 моҳи аввали соли 2020;
    – дар бораи фаъолияти сардори садорати адлияи вилоят С. Нуриев роҷеъ ба ҳолати меъёри эҷодкорӣ ва амалиёти дастгирии ҳуқуқ дар нимсолаи аввали соли 2020;
    – ахбори ҷонишини ҳокими вилоят А. Шукуров роҷеъ ба дархости комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 19-уми июни соли 2020 (рақами 14-Д);
    – дар бораи корҳои амаликардаи ҷонишини аввали ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов роҷеъ ба баровардани оилаҳои камбағал аз камбағалӣ, дастгирии ҳаматарафаи соҳаҳои иқтисодиёт ва субъектҳои тадбиркорӣ;
    – масъалаҳои ташкилӣ
    – масъалаҳои дигар.
  3. Қарори мазкур дар воситаҳои ахбори оммавӣ эълон карда шавад.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
14-уми августи соли 2020
Қ‑117