Роҳбарон ба депутатҳо ахбор доданд

Роҳбарон ба депутатҳо ахбор доданд

  • Post category:Сиёсат

Дирӯз сессияи дувоздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид.
Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э. Турдимов сарварӣ кард.

Дар кори сессия, ки ба воситаи барномаи ZOOM ба тарзи онлайн ташкил карда шуд, якҷо бо депутатҳои Шӯрои вилоят ҷонишини Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис У. Иноятов, намояндагони халқи аз Самарқанд интихобшуда ва аъзои Сенат иштирок карданд.
Дар сессия аввал муроҷиати сардори Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Д. Ҷумъаниёзов дар бораи ба муносибати зина ба зина сабук кардани маҳдудиятҳои карантин зарурияти риояи қатъии шаҳрвандон ба талаботи санитарӣ, ба аҳолӣ расонидани ёрии саривақтӣ ва босифати аввалини тиббию санитарӣ шунида шуд.
– Имрӯзҳо дар вилоят дар натиҷаи маҳдудиятҳои карантинӣ, ки Комиссияи махсуси ҷумҳуриятӣ дар моҳҳои июл-­август ҷорӣ карда буд, сирояти бемории коронавирус хеле кам шуд, – гуфт Д. Ҷумъаниёзов. – Дар натиҷа, сето беморхонаи шаҳри Самарқанд алҳол беморони гирифтори коронавирусро қабул намекунанд ва хизматрасониро аз рӯйи соҳаи худ оғоз карданд. Ҳоло Маркази табобат ва тақсимоти дорои 1080 ҷой, ки дар Маҷмӯи спортии захираҳои олимпии Самарқанд ташкил кардаанд, ба беморон самаранок хизмат мерасонад.
Вазорати ҳифзи тандурустӣ ба муассисаҳои профилактикии вилоят 1598 дона 50 навъ асбобу ускунаҳои тиббии замонавии 20 миллиарду 880 миллион сӯмина дод. Инчунин, бо ёрии ҳокимияти вилоят 1220 дона баллонҳои кислород, 75-то кардиомонитор, 2000-то аппарати Бобров, 1500-то пулсаксиметр оварданд. Эҳтимоли дар вилоят зиёд шудани эҳтиёҷро ба кислороди тиббӣ ба инобат гирифта, заводи кислороди арзишаш 600 ҳазор доллари амрикоии истеҳсоли Франсия, ки қуввааш дар як соат 55 метри мукааб аст, оварда, ба кор дароварданд. Бо мақсади беҳдошти сифати ёрии таъҷилии тиббӣ 83 дона «Дамас», 10-дона «Volkswagen» ва 2 дона «ISUZU» хариданд.
Сипас, ахбори прокурори вилоят Ф. Зуфаров дар бораи фаъолияташ роҷеъ ба ривоҷдиҳии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳудудҳо ва мустаҳкам кардани қонунмандӣ дар давоми 6 моҳи соли 2020, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ шунида шуд.
Чуноне ки дар ахбор қайд гардид, дар натиҷаи дар даври ҳисоботӣ дидани чораҳо ва ба таври доимӣ омӯхтани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии органҳои давлатӣ 6056-то ҳуҷҷати назорати прокурориро истифода бурда, ҳуқуқҳои вайроншудаи 1343 нафар шаҳрванд барқарор гардид.
Дар асоси қарор ва тақдимномаҳои прокурор 2012 нафар шахс ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуданд. Ба қарорҳои ғайриқонуни 1349-то эътирознома, дар судҳо 614-то аризаи даъвои 19 миллиард сӯмина дохил карда шуданд.
Дар давоми вохӯрӣ ва тадбирҳои қабул муаммоҳои гуногуни 605 нафар тадбиркор бартараф гардид.
Ҳуқуқҳои вайроншудаи 59 нафар тадбиркор барқарор карда шуд. 19 нафар шахси мансабдор, ки ҳуқуқҳои тадбиркоронро поймол кардаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд, 3-то парвандаи ҷиноӣ кушоданд.
Дар нимсолаи якум дар вилоят 1808-то ҷиноят ба ҳисоб гирифта шуд. Ин нисбати ҳамин даври соли гузашта 484-то (36,6 фоиз) зиёд аст.
Хусусан, дар 27-то маҳаллаи Пахтачӣ, 24-тогӣ дар Булунғур ва Нарпай, 20-то дар Иштихон ва 18-то дар Оқдарё ҷиноятҳо афзуда, вазъияти криминогенӣ бад шудааст.
Дар сессия ахбори сардори Садорати адлияи вилоят С. Нуриевро дар бораи натиҷаҳои фаъолияти эҷодкории норма ва ҳолати амалиёти истифодаи ҳуқуқ низ шуниданд.
Таъкид гардид, ки Садорати адлияи вилоят нӯҳто қарори дорои сифати меъёрӣ-­ҳуқуқидоштаи ҳокимияти вилоят, шӯъбаҳои ҳудудии садорат бошанд, 48-то лоиҳаҳои қарорҳои ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳоро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, ба 51-тои онҳо хулосаҳои мусбӣ доданд. 6-то лоиҳаи қарор аз сабаби набудани ҷавобгӯи талаботи муқарраршуда, бозгардонда шуданд.
Депутатҳо ахбори ҷонишини ҳокими вилоят А. Шукуровро роҷеъ ба дархости комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 19-уми июни соли 2020 дар бораи то чӣ андоза амал кардан ба қоида ва меъёрҳои соҳаи сохтмон дар вилоят, корҳое, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар ин бобат амалӣ мегарданд, шунида, ин масъалаҳоро якҷоя баррасӣ карданд.
А. Шукуров таъкид кард, ки дар асоси қарори Президенти мамлакат аз 10-уми январи соли 2020 бар ивази 367,8 миллиард сӯм маблағ дар 101 объекти иҷтимоии вилоят корҳои сохтмонӣ, тармим ва таъмири мукаммал иҷро карда шуд. Барои саривақтӣ таъмир кардан, бо масолеҳи босифати сохтмонӣ таъмин намудан ва фароҳам овардани шароити бехатари меҳнатӣ барои коргарон чорабиниҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳамзамон, дар натиҷаи васеъ гардидани доираи бунёди хонаву ҷойҳо ва сохтмонҳои тартиби якка дар вилоят дар риоя ба қоида ва меъёрҳои сохтмонӣ дар ин объектҳо ба камбудиҳо роҳ дода мешавад. Зикр гашт, ки дар ин самт пурзӯр кардани тадбирҳои назоратӣ аз тарафи ташкилотҳои мутасаддӣ зарур аст. Назар ба маълумотҳо ҳоло дар вилоят 2303 ташкилоти пудратӣ-­сохтмонӣ аз рӯйхат гузашта, аз онҳо 1090 –тояш бо нерӯи пурра фаъолият пеш мебаранд.
Дар сессия ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов роҷеъ ба корҳое, ки бобати аз камбағалӣ баровардани оилаҳои камбизоат, дастгирии ҳамаҷонибаи шохаҳои иқтисодиёт ва субъектҳои тадбиркорӣ амалӣ мегарданд, шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи корҳои сохтории бо ҳамкории роҳбарони секторҳо доир ба кам кардани камбағалӣ, маҷмӯаи иқтисодӣ ва шӯъбаҳои дастгирии маҳалла ва оилаҳо амалигардида аз аввали сол аз 47770 оилаи камбизоат, ки ба «рӯйхати оҳанин» дароварда шудаанд, 6857 оила ба манбаи даромади доимӣ соҳиб гардида, аз рӯйхат бароварда шуданд. Дар навбати худ 4522 оилаеро, ки дар даври пандемия даромади доимии худро аз даст додаанд, ба рӯйхат ворид карданд. Дар доираи Ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» то 1-уми августи соли ҷорӣ аз тарафи тадбиркорон ва шаҳрвандони саховатпеша ба оилаҳои камбағал ҷамъ 36,4 миллиард сӯм ёрӣ расонида шуд.
Ба муносибати Иди Қурбон аз ҳисоби маб­лағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда шудаанд, ба 10 ҳазор оила 1 миллион сӯмӣ, дар асоси Фармони Президенти мамлакат аз 30-юми июли соли 2020 ба 167 422 нафар аъзои 37541 оилаи ниёзманд ба миқдори 220 ҳазор сӯмӣ, ҷамъ 36,8 миллиард сӯм ёрии моддии якмаротибаина расонида шуд.
Дар сессия депутат Юлдашев Шералӣ Мамараимович ба вазифаи мудири котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилоят тасдиқ гардид. Инчунин, сармутахассис ва мутахассиси пешбар интихоб шуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои шӯрои вилоятӣ қабул гардид.