Коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ташкил гардид

Коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ташкил гардид

  • Post category:Варзиш

Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи сарвари мамлакат Шавкат Мирзиёев ва ҳукумати кишвар, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст.
Қобили қайд аст, ки мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар рушду нумӯи ҳар давлат муҳим буда, фаъолият дар ин соҳа далериву мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, покиву озодагӣ ва садоқатмандӣ ба миллату ватанро тақозо менамояд. Бинобар ин, дар мамлакати мо барои ривоҷ додани соҳаи варзиш эътибори алоҳида дода мешавад. Имзо гардидани қарори Девони Вазирон аз 12-уми августи соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои ташкили фаъолияти коллеҷҳои захираҳои олимпӣ» корҳоеро, ки дар ин соҳа амалӣ мегарданд, ба зинаи нав мебарорад.
Мувофиқи ин қарор дар асоси Мактаб-­интернатҳои махсуси захираҳои олимпии сохтори Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ташкил карда мешаванд. Фаъолияти ин коллеҷҳо аз соли хониши 2020-2021 ба роҳ монда шуда, ҷараёни таълим дар онҳо дар ду зина: таълими миёнаи умумӣ (синфҳои VII-XI) ва таълими миёнаи профессионалӣ (таълими яксолаи баъд аз синфи XI) амалӣ мегардад.
Инчунин, дар ин коллеҷҳо аз соли хониши 2020-2021 шӯъбаҳои футбол ташкил гардида, дар онҳо мутахассисони ин намуди варзиш (ғайр аз варзишгарон) тайёр карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо қарор низом дар бораи қабули хонандагон ба Коллеҷи захираҳои олимпӣ, аз аттестатсия гузаронидани онҳо ва тартиби кӯчонидани таълим тасдиқ карда шуд. Мувофиқи низоми мазкур ба коллеҷ хонандагон аз синфи ҳафтум қабул карда мешаванд. Интихоби хонандагон дар асоси имтиҳоноти касбӣ (эҷодӣ) дар ду зина: бо мақсади муайян намудани сатҳи омодагии умумӣ ва махсуси ҷисмонӣ сурат мегирад.
Хурсандиовар аст, ки дар анҷом ба хатмкунандагони коллеҷ диплом дар бораи хатми зинаи таълими профессионалии миёна супорида мешавад, ки бо он ҷавонон метавонанд фаъолияти меҳнатии худро пеш баранд.
Дар асоси ин ҳуҷҷати меъёрӣ Мактаб-­интернати махсуси захираҳои олимпии шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Тайлоқ низ акнун чун Коллеҷи захираҳои олимпӣ фаъолият мебаранд.
Фаъолияти асосии ин коллеҷҳо ба омодасозии мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин, созмони захираи варзишӣ барои ташаккули ҷамоаҳои умумӣ аз рӯйи навъҳои олимпии варзиш нигаронида шудааст.
Албатта, натиҷаи чунин ғамхорӣ ва эътибори алоҳида ба соҳаи спорт аст, ки имрӯзҳо варзишгарони мо дар қатори ҳазорон шаҳрвандони бо нангу номуси Ӯзбекистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Акмал ҲАКИМОВ,
сарвари шӯъбаи вилоятии Федератсияи тенниси рӯимизии Ӯзбекистон.