Ангурҳои Самарқанд ба 27 кишвари ҷаҳон экспорт мешаванд

Ангурҳои Самарқанд ба 27 кишвари ҷаҳон экспорт мешаванд

  • Post category:Иқтисод

Кишвари мо, ки дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи калон дорад, барои содироти маҳсулоти ангур дорои имкониятҳои васеъ мебошад. Дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Самарқанд парвариши ангури ба содирот нигаронидашуда рушд мекунад.
Бахусус, аз аввали сол аз вилоят 9000 тонна ангур ба маблағи 11 ҳазор доллари амрикоӣ экспорт карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки содиркунандагон фаъол мебошанд. Хурсандиовар аст, ки иштирокчиёни ин фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо маҳсулоти худ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи баландро соҳиб мегарданд.
Масалан, корхонаи муштараки «Сам Рин Трейд»-и ноҳияи Самарқанд аз ҳосили соли 2020 ба хориҷа 655 тонна маҳсулоти дорои арзиши 1,1 миллион доллари амрикоӣ экспорт кардааст. Инчунин, хоҷагии фермерии «Тўлақўрғон мевалари»-и ноҳияи Ҷомбой 434,5 тонна ангури дорои қимати 0,7 миллион доллари амрикоӣ, Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «Қоқсой савдо баракаси»-и ноҳияи Каттақӯрғон ба маблағи 0,5 млн доллари амрикоӣ маҳсулоти ангур бо вазни 289,2 тонна экспорт намуд.
Бояд қайд кард, ки имрӯз қариб 92 корхонаи вилоят маҳсулотҳои ангур содир мекунанд.
Имрӯзҳо ангури Самарқанд ба 27 мамлакати ҷаҳон экспорт гардида, харидорони асосии онҳо кишварҳои Хитой, Туркия, Россия, Қазоқистон ва Гурҷистон мебошанд.
Дар ҳақиқат, хоки Ватани мо ба тилло баробар аст. Тухмиҳои имрӯзаи кошташуда пагоҳ самараи зиёд медиҳанд. Мева, сабзавот, харбуза ва ангуре, ки дар мамлакати мо парвариш карда мешаванд, дар бозори ҷаҳонӣ арзиши баланд доранд, барои онҳо харидорон зиёданд. Ин минбаъд иқтидори содиротии кишварамонро афзун менамояд, ки дар натиҷаи он татбиқи лоиҳаҳои нави дорои аҳамияти иҷтимоӣ-­иқтисодӣ суръат мегирад, суботи иқтисодӣ таъмин мегардад ва некӯаҳволии мардум баланд мегардад.

Хизмати матбуоти Садорати боҷхонаи вилоят.