Дар сектори бонкҳои хусусӣ чӣ гуна тағйирот пешбинӣ шудааст?

Дар сектори бонкҳои хусусӣ чӣ гуна тағйирот пешбинӣ шудааст?

  • Post category:Иқтисод

Дар Ӯзбекистон саҳми бонкҳои хусусӣ дар хидмати бозор танҳо 15 фоизро ташкил медиҳад. Аз таҷрибаи байналхалқӣ маълум аст, ки нигоҳ доштани саҳми баланди давлат дар низоми бонк ба рушди умумии низоми мазкур таъсири манфӣ мерасонад. Яъне метавон аз тариқи трансформатсияи бонкҳо бо иштироки давлату кӯмаки идораҳои байналхалқии молиявӣ ва фурӯши онҳо ба сармоягузорони стратегии хориҷӣ ба натиҷаҳои мусбат муваффақ шуд.
Ба ин тариқ, дар бонкҳо низоми идораи корпоративӣ ва бехатари менеҷмент такмил меёбад, дуюм, дар низоми бонк қарорҳои нави технологӣ ва таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ бинобар кори бонк ворид мегарданд. Дар ниҳояти кор модели тиҷоратии бонкҳо тағйир меёбад, тамоюли онҳо ба миҷозон зиёд мегардад. Афзун шудани миқдори бонкҳои хусусӣ муҳити рақобатро дар низом пурзӯр карда, дар пешомад сифати хизматро беҳтар мекунад, нархҳо поин мераванд, намудҳои нави маҳсулот ва хизматҳо пайдо мешаванд, миқёси хидматрасонии масофавии бонкҳо зиёд гардида, барои аҳолӣ ва соҳибкорон шароитҳои мусоид фароҳам меоянд.
Ҳозир дар мамлакат 27 бонк мавҷуд аст, ки 3-то давлатӣ, 11 адад бонкҳои саҳҳомиву тиҷоратӣ, 8 адад хусусӣ ва 5-тоашон муассисаҳои молиявӣ бо сармояҳои хориҷӣ мебошанд.
Маълум аст, ки низоми бонкӣ аз ҳалқаҳои муҳими бозори молиявӣ ба шумор меравад. Бинобар ҳамин ҳам, солҳои охир дар мамлакат барои аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ гардондани низом эътибори зиёд дода мешавад, зеро ба шарофати такмил додани қонунгузорӣ имконияти амалӣ намудани фаъолияти озод барои низоми бонкӣ ва идораҳои гуногуни молиявӣ, идораи оқилонаи хатарҳо ва вусъати миқёси хидматрасонӣ фароҳам меояд.
Қонун «Дар бораи бонкҳои хусусӣ ва идораҳои молиявию кафолати фаъолияти онҳо» аз 17-уми декабри соли 2012 ба рушди низом мусоидат менамояд.
Қонун барои ҷалби сармояҳои хусусӣ ба соҳаҳои молиявиву бонкӣ, пурзӯр намудани рақобат дар бозори бонкӣ ва хидматҳои дигари молиявӣ, баланд бардоштани дараҷаи хидматрасонӣ, рушди инфрасохтори бозорӣ, ки ба талаботи олии меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ бошанд, хидмат мекунад. Ба тарзи дигар гӯем, алҳол бонкҳои хусусӣ, чун бонкҳои дигар кори худ­ро ба таври умумӣ иҷро мекунанд. Баъзеи онҳо, ҳатто дар лоиҳаҳои созмонҳои байналхалқии молиявӣ иштирок менамоянд.
Вале наметавон гуфт, ки дигаргуниҳои соҳаи бонку молия ба меъёрҳои байналхалқӣ куллан мувофиқат мекунанд, сифати хидмат бошад, ба дараҷаи талабот мебошад. Бинобар ҳамин ҳам Фармони Президент «Дар бораи Стратегияи ислоҳсозии низоми бонки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2025» аз 12-уми майи соли 2020 қабул шуд. Дар Фармон шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ барои пешбурди тиҷорати пешқадами бонкӣ дар давраи ислоҳсозии мустақими сектори молиявӣ ва пурзӯр намудани муҳити рақобат дар сектори мазкур муайян карда шуданд. Ҳамчунин, қонунҳо «Дар бораи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи танзими асъор» ва «Дар бораи пардохт ва низоми пардохтҳо» дар таҳрири нав қабул гардиданд, ки ба фароҳам овардани муҳити ҷолиби ҳуқуқӣ, ки ба меъёрҳои байналхалқӣ баҳри ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи молиявӣ мувофиқат мекунанд, нигаронида шудаанд.
Умуман, солҳои охир дар низоми бонки трансфарматсияи куллии сектори бонкӣ ба мақсади рағбатноксозии рушди сектори хусусӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоявӣ ва сифати хидматрасонӣ оғоз ёфт. Шубҳае нест, ки ҳамаи ин дар оянда натиҷаи худро медиҳанд.

Улуғбек ФАЙЗИЕВ,
узви Сенати Олий Маҷлис.