Чаро мактаб ба соли хониши нав тайёр нест?

Чаро мактаб ба соли хониши нав тайёр нест?

  • Post category:Маориф

Аз нимаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ бо сабаби пандемияи коронавирус омӯзгорон ба хонандаҳои мактаб ба тарзи онлайн дарс гузаштанд. Баъди ним соли эълоншавии карантин, аниқтараш рӯзи 14-уми сентябр дари мактабҳо барои хонандаҳо кушода мешаванд. Ҳукумат барои чун анъанавӣ фаъолият пеш бурдани мактабҳо талабҳо гузоштааст. Агар мактабҳо ба талабҳои гузошташуда ҷавобгӯ бошанд, ба фаъолияти онҳо иҷозат дода мешавад.
Депутати Шӯрои намояндаи халқи шаҳри Самарқанд Баҳодур Раҳмонов ҳолати ба талабҳои гузошташуда тайёр будани мактаби таълими умумии рақами 47-и шаҳри Самарқандро, ки дар маҳаллаи Мароқанд воқест ҷойгир аст, омӯхт.
Бино ба гуфтаҳои директори ин муассисаи таълимӣ Ш.Исматуллоева дар мактаб 1016 нафар фарзанди сокинони 6 маҳаллаи гирду атроф тарбияву таълим мегиранд. Се сол мешавад, ки дар мактаб корҳои азнавбарқароркунӣ идома меёбаду ҳеҷ не ки ба охир расад. Имрӯзҳо як қисми бинои мактаб (21 дарсхона) ба қабул кардани хонандаҳо тайёр аст. Дар қариб 30 дарсхонаи боқимонда, хонаи омӯзгорон, толори варзишӣ, ошхона корҳои сохтмонӣ ба охир расонда нашудааст. Роҳбарони мактаб якчанд маротиба аз рӯйи масъалаи ҳар чӣ зудтар ба поён расондани корҳои сохтмонӣ ба мутасаддиён муроҷиат карда бошанд ҳам, онҳо ваъда медиҳанду кор пеш намеравад. Дар давоми 10 рӯз ба кор омода кардани мактаб ғайриимкон мебошад.
– Се сол боз дар мактаб корҳои азнавбарқароркуниро мебарем. Корҳои гармкунии мактабро 90 фоиз иҷро кардем, – гуфт директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бунёдсантехмонтаж» Ӯткур Ботиров. – То ин вақт 40 фоизи корро иҷро кардем. Ба корҳо ба миқдори 3 миллиарду 300 миллион сӯм ҷудо карданд. Масъулон кори ба дастур дохил кардани онро ба таъхир мегузоранд.
Депутат ҳамроҳи директори мактаб, сарвари ташкилоти сохтмонӣ ва раиси маҳаллаи Боғи сафед ошхона, толори варзишӣ, хонаи омӯзгорон, дарсхонаҳоро аз назар гузаронданд. Маълум шуд, ки қисми асосии мактаб ба сар кардани фаъолият тайёр нест. Зеро дар баъзе хонаҳо то ҳол дару тиреза нашинондаанд, чароғҳои барқӣ нагузарондаанд. Аҳволи таъмири синфхонаҳо ба талаб ҷавобгӯ нес­танд.
Баъди ҳамин, депутат Б. Раҳмонов бо як гурӯҳ омӯзгорон мулоқот кард ва оиди вақтҳои охир зиёд гардидани обрӯю эҳтироми омӯзгорон, талаботи назди мактабу маориф гузош­таи ҳукумат ва ғайра ҳарф зада, бо фикрҳои онҳо бобати тайёрии мактаби мазкур ба сар кардани соли хониши нав шиносо шуд. Чанде аз омӯзгорон дар ин бобат фикри худро озодона баён карданд.
– Ба синфи 6-уми «Б» роҳбарӣ мекунам. Дар синф 31 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд. 11 нафар хонанда ба сохтори интернети Вай-­фай васл шудааст. 16 нафар хонанда соҳиби телефони мобилӣ мебошанд. 13 нафар хонандаи синфро падару модарон ба мактаб мефиристанд, – гуфт муаллими мактаб Дилором Юсуфова.

Ҷамшеди АСРОР.