Бовариро сазовор бояд бошем

Бовариро сазовор бояд бошем

  • Post category:Маориф

Имрӯзҳо дар сартосари ҷаҳон пандемияи коронавирус доман паҳн кардааст. Новобаста аз ин, дар кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва пеш бурдани фаъолияти муаллимон эътибори калон дода мешавад.
Чанде пеш таҳти раёсати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев оид ба омодагӣ ба соли хониш дар мактаб­ҳои таҳсилоти ҳамагонӣ видеоконфронс баргузор гардид.
Сарвари давлат дар нутқи худ дар бораи омӯзгорон суханҳои шоиста гуфта, таъкид карданд, ки «Агар аз ман пурсиданд, ки қаҳрамонони имрӯза кистанд, ман мегуфтам, ки онҳо на танҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, балки омӯзгорони мӯҳтарами мо ҳастанд».
Ин эътирофи раисҷумҳур дар дили ҳар як муаллим эҳсоси ифтихор аз касб ва ғурурро пайдо кард гӯям, хато нахоҳад шуд.
Ин суханони раисҷумҳурамон баробари болидарӯҳ сохтан, дар пеши мо омӯзгорон масъулияти бузургеро гузошт. Мо бояд ба ин эътироф ва боварии сарвари давлат муносиб бошем, тамоми нерӯ ва дониши худро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона созем.
Ин эътибор моро водор месозад, то пайваста барои такмили маҳорати педагогӣ ва таҷрибаи омӯзгории худ ҳаракат кунем.
Дар ҷамъомад қарор карда шуд, ки раванди таълим дар мактабҳо дар як вақт бо ду тарзи гуногун: шакли анъанавӣ ва фосилавӣ ташкил карда мешавад. Ин дар навбати худ пеши муаллимон масъулияти бештарро мегузорад.
Ҳақиқати инкорнопазире ҳаст, ки ояндаи дурахшони Ватан дар дасти авлоди наврас мебошад. Худ аз худ тарбияи авлоди солиму комил пеш аз ҳама ба чӣ хел таълиму тарбия додани муаллимон вобастагӣ дорад. Босифат таълим гирифтани ҳар як донишомӯз ба фидокории омӯзгори имрӯза ҳамбаста чӣ аст.

Дилшода ҲАМРОҚУЛОВА,
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳри Самарқанд.