Дар сохтори суд маҷмӯи шабакаи ахбории «Адолат» ҷорӣ карда мешавад

Дар сохтори суд маҷмӯи шабакаи ахбории «Адолат» ҷорӣ карда мешавад

  • Post category:Сиёсат

Таъмини рақамисозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти суд, беҳсозии мубодилаи маълумот байни судҳо ва дигар муассисаҳо, инчунин бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 24-уми июли соли 2020 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти судӣ ва баланд бардоштани самаранокии адолати судӣ» таҳти рақами ФП‑6034 қарори Сарвари мамлакат «Дар бораи чораву тадбирҳои рақамисозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ» қабул карда шуд.
📌 Мувофиқи қарор вазифаҳои зинаи навбатии рақамисозии фаъолияти судҳо муқаррар карда шуд.
➡️ Аз ҷумла, доираи хизматҳои интерактивии электронӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон васеъ карда мешавад, ба таври онлайн мушоҳида кардани ҷараёни баррасии ҳар як муроҷиат таъмин мегардад, дар биноҳои суд имконияти истифодаи озод аз хизматҳои интерактивӣ фароҳам мешавад.
☑️ Бо қарор Барномаи рақамисозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ дар солҳои 2020-2023 тасдиқ карда шуд, ки инҳоро пешбинӣ мекунад:
аз 1-уми январи соли 2021 дар асоси илтимосномаи тарафҳо ва розигии раисикунанда бо истифодаи сабти аудио маҷлиси судиро метавонанд сабт намоянд ва баённомаи маҷлиси судро бо истифодаи ин сохтор тартиб диҳанд;
аз 1-уми июли соли 2021 тақсимоти автоматии парвандаҳо дар байни судяҳо дар судҳои аппелятсионӣ ва кассатсионӣ;
аз 1-уми октябри соли 2021 ҳамаи иштирокчиён дар бораи вақт ва ҷои баргузории мурофиаҳои судӣ бо хабарномаи «SMS» ба таври ройгон хабардор карда мешаванд;
аз 1-уми январи соли 2022 қарорҳои суд ба тарафҳо ба тариқи онлайн ва бо дархости онҳо дар шакли коғазӣ пешниҳод карда мешавад;
то 1-уми июли соли 2022 бо мақсади дастрасӣ ба адолати судӣ дар фаъолияти судҳо, аз ҷумла барои шаҳрвандон ва соҳибкорон, тақрибан 10 хизматҳои интерактивӣ ба роҳ монда мешавад;
аз 1-уми январи соли 2023 ба архиви давлатӣ дар шакли электронӣ фиристодан ва қабул карда гирифтани парвандаҳои судӣ таъмин мегардад;
боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори технологияҳои ахборӣ-­коммуникатсионӣ дар судҳо, Шӯрои олии судяҳо ва Мактаби олии судяҳо.
☑️ Мувофиқи қарор, аз 1-уми январи соли 2022 маҷмӯи шабакаи ахбории «Адолат» ҷорӣ карда мешавад, ки барои судҳо имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:
аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идора, мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти идораи хоҷагӣ, адвокатҳо даъво, ариза ва шикоятҳо ба судҳо танҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад;
ба таври онлайн мушоҳида кардани ҷараёни баррасии даъво, ариза ва шикоятҳо аз ҷониби шахсони манфиатдор ба роҳ монда мешавад;
фиристодани маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ аз ҷониби иштирокчиёни маҷлиси суд;
тартибдиҳии автоматикунонидашудаи ҳуҷ­ҷатҳои судӣ бо истифодаи системаи иттилоотие, ки дар судҳо ҷорӣ карда шудаанд.
☑️ Инчунин, то охири соли 2020 иловаи мобилӣ таҳия карда мешавад, ки барои дар шакли видеоконференсия иштирок намудан дар маҷлисҳои судӣ имкон медиҳад.