Тамоми умр ҳамнафаси замин аст

Тамоми умр ҳамнафаси замин аст

  • Post category:Иқтисод

Аҳмадҷонбобо Саъдиев чанд сол қабл бемори инсулт шуд. Бинобар ҳамин, ба сари замин камтар меравад. Дар асл тамоми умри ӯ бо деҳқонӣ ва замин алоқаманд аст.
Вай аввал ҳамчун деҳқон дар хоҷагӣ кор мекард. Баъд 16 сол сардори бригадаи хоҷагии ҷамоавии «Гулистон»-и ноҳияи Самарқанд шуд. Аксари асрори роҳбариву ташкилочигиро аз устодаш бригадири собиқи хоҷагӣ Худойқул Эшонқулов омӯхт. Дар ташкили корҳои саҳроии бригада ва ба даст овардани ҳосили фаровон ҳамеша комёб мегардид. Маъмурияти хоҷагӣ доимо бригадаи ӯро ба дигарон намунаи ибрат нишон медоданд.
Ҳоло ҳар як ваҷаб замини ин мавзеъ барои ӯ азизу шинос аст. Ин ҷо барои вай маҳаллаи Янгиариқ не, балки Чунгул аст. Аз замоне, ки ба ин ҷо омадааст, ҳама ин гирду атрофро Чунгул меноманд. Ҳоло ҳам аксарият ба ҳамин ном одат кардаанд.
Аҳмадҷонбобо Саъдиев аслан аз маҳаллаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанд аст. Солҳои 1950, баъди баровардани об дар ин ҷо зироаткорӣ авҷ гирифт. Хоҷагии ҷамоавӣ ташкил шуд. Мардуми маҳаллаҳои Бӯзиву Чоршанбе, ки дар ин ҷо деҳқонӣ мекарданд, дар ин мавзеъ хонаву ҷой бунёд карда, муқимӣ шудаанд. Аҳмадҷонбобо ҳам яке аз онҳо ба ҳисоб меравад.
Баъди гирифтани инсулт ҳоло гаштанаш душвор аст. Бо вуҷуди он, асо дар даст ба кӯча мебарояд. Аз ҳолу аҳволи аҳли маҳалла хабардор мегардад. Ҳамчун фаъоли маҳалла ба ташкили корҳои гуногун маслиҳатҳо медиҳад. Насиҳатгари ҷавонон аст.
– Як умр, ки кор карда гаштаам, дар хона шишта наметавонам. Барои ҳамин баъзан ба кӯча мебароям. Ба сари замини хоҷагии деҳқониамон меравам. Ҳоло кор карда натавонам, ки аз тамошои нашъунамои зироатҳо шод мегардам. Корҳои хоҷагии деҳқонии «Аҳмадбобо»-ямон бад нест. Худо акнун ба фарзандон қувват диҳад, – мегӯяд ӯ.
Ӯ дар байни мардум ҳурмату эҳтироми бузург дорад. Аз ҳамин сабаб борҳо ӯро раиси маҳалла интихоб карданд. Вай барои ободу зебо гардондани деҳа 12 сол вазифаи расии маҳалларо иҷро кард.
Аҳмадҷонбобо соҳиби чор нафар фарзанд, 16 нафар набера ва 1 нафар абера аст. Вай ҳар рӯз шукри ин ҳаёти тинҷу осоиштаро ба ҷо меорад ва дуои фарзанду набераҳояшонро мекунад, ки ҳамеша комёбиҳо ёрашон бошад.

Б.ҶУМЪАЕВ.