Хурсандии бачаҳои маҳаллаи Валиҷон

Хурсандии бачаҳои маҳаллаи Валиҷон

  • Post category:Маориф

Соҳибкори каттақӯрғонӣ Тӯлқин Бақоев дар асоси шарикӣ бо давлат дар ҳавлии худ ташкилоти таълими томактабӣ ташкил кард. Имрӯзҳо дар он 20 нафар кӯдаки синну соли боғчарави маҳаллаҳои Валиҷон, Манғитон, Миракас, Равот тарбия мегиранд. Тарбиятгарони боғча Мухлиса Мусулмонова ва Мадина Самеева бо бачагон машғулотҳои гуногун мегузаронанд. Ҳоло дар ҳавлии Т. Бақоев меваҳо пухта расиданд. Дар воиш ангурҳои навъи «Ангушти арӯс», «Чарос», «Маскаи каттақӯрғонӣ» боди мизон мехӯранд. Бачаҳо аз ин нозу неъматҳо баҳраманд мешаванд.
– Ман нафақахӯри маҳаллаи Валиҷон ҳастам. Набераам – Эъзозро ба боғчаи маҳаллаамон бурда меорам. Забонаш бурро шуда монд, – гуфт яке аз модаркалонҳои маҳаллаи Валиҷон О. Суюнова. – Дар тарбияи бачаҳои боғчаи кӯдакон хизмати Фотима Бақоева, ки солҳои тӯлонӣ мудира аст, калон мебошад.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.