Озодакампир

Озодакампир

  • Post category:Фарҳанг

Холаи Зубайда аз даври арӯсиаш зани хеле озода буд. Озодагии ӯро тамоми маҳалла медонист. Вай фарзанди бисёрро нахоста, соҳиби як духтару як писар шуд. Баъди вафоти шавҳараш духтарашро ба шавҳар дода, ба писараш номзади муносибро меҷуст. «Ба Зубайда чӣ гуна келин насиб мекарда бошад? Оё бо келинаш муросо карда метавонад?» – гӯён занони маҳалла худ аз худ мепурсиданд.
Холаи Зубайда баъди ду – се соли арӯскобӣ ниҳоят духтари дилхоҳи озодаеро арӯс кард. Ба келинаш баъди се моҳ барои ба ошхона даромадану хӯрокпазӣ иҷозат дод. Дид, ки хӯрокҳои пухтаи келинаш табъи дилаш нест, ӯро фақат ба корҳои тозаву озода кардани хонаву ҷой ва рӯйи ҳавлӣ гузошт. Келини бечора аз ноилоҷӣ ҳатто ҷойҳои тозаро аз нав рӯфта, об зада, чангҳояшро пок мекард, ки ба назари модарарӯсаш ганда нанамояд. Агар хӯрок тайёр шавад, модарарӯсаш ӯро барои хӯрокхӯрӣ даъват мекард.
Келин якчанд маротиба аз модарарӯсаш хоҳиш кард, ки худаш хӯрок пазад, лекин «Ман хӯроки ҳалолу покиза хӯрдан мехоҳам» гӯён холаи Зубайда барои ба назди дегу табақ рафтани келинаш роҳ намедод.
Боре пас аз ҷомашӯйии келинаш либосҳои худро аз тор чида гирифту «чала» гӯён аз нав шуста, паҳн кард. Баъди ин воқеа келинаш либосҳои модарарӯсашро ҳам намешустагӣ шуд.
Бо ҳамин аҳвол як сол гузашту холаи Зубайда наберадор шуд. Ҳамсояҳо барои муборакбодӣ омаданд. Ӯ ҳатто ҳамсояҳоро ба хона надароварда, бо хаёли «кӣ медонад, куртаву пойҳояшон тоза аст ё не? Ман инҳоро ба хона дароварда, кӯрпачаву палосҳои тозаамро расво намекунам» гӯён дар берун ҷой карда, болои як курсӣ дар лайлӣ шириниву чой оварда, меҳмондорӣ кард. Ин кори ӯ ба ҳамсояҳо сахт расид ва пою қадамашонро канданд. «Ин Зубайа тоза не, «озодаҷиндӣ» будааст» гӯён дар ҳаққи ӯ гапҳои пасту баланд гуфтаанд.
Холаи Зубайда барои наберааш як хонаи алоҳидаро ҷудо карда ба келинаш фармуд: «Бачаро фақат дар ҳамин хона гирифта шинед. Агар ба дигар хонаҳо дарояд, ҳама ҷоро расво мекунад».
Баъди гузаштани боз якуним сол холаи Зубайди соҳиби набераи дуввум гардид. Набераҳояш фақат дар як хона бозӣ мекарданд, хӯрок мехӯрданд, хоб мерафтанд. Мабодо ба дигар хонаҳо дароянд, бибияшон онҳоро сарзаниш мекард, агар гапаш таъсир накунад, сахт пучида мегирифт. Мабодо ба кӯча барои бозӣ бароянд, зуд аз оқиб келинашро мефиристад: «Бачаҳоро бинед, сангу кулӯх, хоку қумбозӣ накунанд. Бозичаи ҳамсоябачаҳоро нагиранд. Ба замин нашинанд, ки либосашонро чиркин мекунанд. Пеш аз ба хона даромадан аввал дасту рӯй ва пойҳояшонро бо собун шуста, либосашонро иваз карда, баъд ба хона дароянд». Келини бечора ба ин рафторҳои модарашшӯяш дандон ба дандон монда, сабр мекард. Охир бачаҳоро чӣ гуна аз қуму регбозӣ манъ кардан мумкин аст? Дар ин ҳолат онҳо фақат рост истода, бозии дигар бачаҳоро тамошо карданашон лозим. Аз ин рӯ, вай ба бозии фарзандонаш рухсат медоду зуд – зуд ба тарафи ҳавлиаш нигоҳ мекард, ки оё модарарӯсаш наменамояд. Агар сояи модарарӯсашро бинад, зуд бачаҳояшро рӯякӣ сарзаниш карда, аз болои хоку қум мехезанд.
Бачаҳо низ аз бибиашон сахт метарсиданд. Ҳатто дар рӯйи ҳавлӣ бозӣ кардан хоҳанд, ки аз тарси бибиашон ба ин ҷуръат намекарданд.
Бо гузашти солҳо холаи Зубайда пир шуд. Дигар аз дасти ӯ хӯрокпазиву либосшӯйӣ намеомад. Акнун маҷбур буд, хӯрокҳои пухтаи ӯро хӯраду либосҳои шустаи келинашро пӯшад. Ҳамсояҳо ҳам барои хабаргириаш намеомаданд. Набераҳо низ меҳре надоштанд. Бибии Зубайда ҳоло дар як хона мешинад, хӯрок мехӯрад ва хоб меравад.

Малика ҶУМЪАЗОДА.