Санҷишҳои тестӣ: пандемия ба он чӣ хел таъсир расонд?

Санҷишҳои тестӣ: пандемия ба он чӣ хел таъсир расонд?

  • Post category:Маориф

Имсол пандемияи коронавирус дар баробари дигар ҷабҳаҳо санҷишҳои тестиро низ тағйир дод ва ин барои довталабон сабукиҳои бисёр ба вуҷуд овард. Онҳо имсол аз ду фанни асосӣ, дар майдонҳои кушод тест месупоранд. Дар ҳар майдон барои довталабон ҷойҳо ҳозир карда шудааст ва ба ҳар як нафари онҳо 3 метри мураббаъ рост меояд. Биноҳо дезинфексия карда шуда, ба қоидаҳои санитарӣ-­гигиенӣ ҷавоб медиҳанд.
Инак аз 2- юми сентябр довталабон барои супоридани тест ба ҷойҳои таъйингардида меоянд ва имтиҳонҳои дохилшавиро месупоранд.
Вақте ки супоришоти тестии солҳои гузашта ва имсоларо муқоиса менамоем, хуб мешуд на ду соли охира, балки се соли пешро пеши назар орем. Аз барои он ки ман худ то соли 2019 гувоҳи супоришоти тестҳо гардидаам ва соли гузашта донишҷӯйӣ насиб гардид. Бинобар ин, фарқи шароитҳои имрӯзаву дирӯзаро хуб омӯхтам.
Дар соли 2018 қабул дар донишгоҳ барои тамоми ҷавонони кишвар мушкилиҳое ба вуҷуд меовард ва инро мо бевосита ба «коғазбозӣ»-и барзиёд мисол оварда метавонистем. Зеро, ки барои ҳуҷҷатсупорӣ ба чанд ҷо мерафтему чӣ қадар маблағ сарф мекардем.
Соли 2019 барои дохилшавии довталабон ба донишгоҳ танҳо ду ҳуҷҷат кифоя шуд: дипломи коллеҷ (шаҳодатнома) ва паспорт. Дар соли 2020 абутуриентҳо ҳатто аз хона набаромаданд ва ба тарзи онлайн ҳуҷҷатҳояшонро супориданд.
Соли 2018 тестҳо дар синфхонаҳои мактабҳо, соли 2019 дар толорҳои варзишӣ гузаронида шуд ва дар соли 2020 дар майдонҳои кушод доир мегардад. Дар ин хусус нашрияи амрикоӣ New York Times мақолаеро дар бораи имтиҳонҳо дар Ӯзбекистон нашр кардааст. Мақола дар бораи имтиҳонҳо, ки 2-юми сентябр дар ҳавои кушод баргузор шудааст, нақл мекунад. Дар баробари мақола, акси гирифтаи рӯзноманигор Муҳаммадшариф Маматқулов низ нашр шуд. Акс ҳангоми имтиҳонҳо дар стадиони «Пахтакор» гирифта шудааст.
Дар соли 2018 шумораи саволҳои тест 108-то, дар соли 2019 90-то буд ва дар соли 2020 адади умумии саволҳо 60-торо ташкил кард.
Дар соли 2018 барои донистани натиҷаи тестҳо абитуриент ё ба донишгоҳи ҳуҷҷатсупоридааш мерафт ва ё тавассути смс ба Маркази давлатии тест (МДТ) 5000 сӯм фиристода, ҷавобро дида метавонист. Дар соли 2019 натиҷа баъд аз ба анҷом расидани рӯзҳои тестӣ дар сайти МДТ маълум шуд ва имсол натиҷаҳоро аз сайт баъд аз як рӯзи супоридани тест имкони дидан пайдо гардид.
Аммо имсол нисбат ба солҳои гузашта довталабони дар тест кам иштирок мекунанд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.