Самарқанд ба мавсими зимистон омода аст?!

Самарқанд ба мавсими зимистон омода аст?!

  • Post category:Ҷамъият

Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи Шабакаҳои минтақавии барқии Самарқанд» барои таъминот ва устувории нерӯи барқ ба истеъмолкунандагони вилояти Самарқанд ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон як қатор тадбирҳо меандешад. Дар омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони 2020-2021, дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ 2156,3 км (77,9 %) шабакаҳои интиқоли барқ (нақшаи 2 767,0 км) таъмир гардида, аз санҷиш гузаронидани 1912,8 км ба нақша гирифта шудааст, ки шабакаҳои баландшиддати 0,4-10 кВ ва дар 243,5 км (63,0 %) 35-110 кВ баландволт ва 648 (82,2 %) зеристгоҳҳои трансформаторӣ инчунин 8 трансформатори барқии 35/110 кВ. дар нақша буда, аллакай амал 5 (62,5 %) – и онҳо комилан таъмир карда шуданд.

Дар баробари ин, бо мақсади омода сохтани шабакаҳои барқӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таъмири 5534,0 км шабакаҳои интиқоли барқ ва 1575 зеристгоҳи трансформаторӣ ба нақша гирифта шудааст. То ҳол 4320,3 км (78,1 %) таъмир карда ва 1257 (79,8 %) зеристгоҳҳои трансформаторӣ таъмир карда шуд ва кор бо суръат идома дорад.

Аз ҷумла, ду трансформатори 10000 кВА Т‑1 ва Т‑2 дар зеристгоҳи 110/10 кВ «Хлопкомаш»-и Самарқанд, трансформаторҳои бо қуввати 4000 ва 10000 кВА дар зеристгоҳи 35/10 кВ дар «Килдон»-и ноҳияи Булунғур, дар ноҳияи Пайариқ стансияи фаръӣ(подстансия)-и дорои тавоноии 35/10 кВ дар «Найман» трансформатори Т‑2 дорои тавоноии 6300 кВ таъмир гардида, ба кор дароварда шуд.

Ҳоло дар зеристгоҳи 35/10 кВии «Се қаҳрамон» -и ноҳияи Ургут трансформатори 4000 кВА Т‑2 таъмири асосӣ идома дорад.

Хадамоти матбуоти
ҶС «Самарқанд KШМБ».