Муаллими дарёдил

Муаллими дарёдил

  • Post category:Фарҳанг
ё худ андешае оиди шодравон бузургмарди хоксор Убайдулло Раҳмонов

Дар ҷаҳон бисёр одам дидаам,
Лек амсоли падар кам дидаам.
То ҷигарбандаш бигардад сарфароз,
Ӯ ҷигархун буд бо сӯзу гудоз.
То надонад гушнагиро, гушна буд,
То надонад ташнагиро, ташна буд.
Оварад то қатра обу бурда нон,
Бурдадил гаштаст, рӯҳаш ташнаҷон.
То бигардад шабфароз амсоли моҳ,
Дидааш дидаст бас рӯзи сиёҳ.
Кӯдакаш то рӯз бинад дар ҷаҳон,
Рӯзи ӯ шаб гашт дар умри ҷавон.
То зи роҳи зиндагияш кофт ганҷ,
Ганҷи умраш сарф карду бурд ранҷ.
Офтобе, ки ҷаҳонро гарм кард,
Аз ҷигарсӯзии вай бас шарм кард.

Омӯзгори маъруфу эҷодкори самарқандӣ Убайдулло Раҳмоновро ба роҳи охирин гусел кардем, рӯзҳо паси ҳам гузашта бошанд ҳам, симои ин марди чеҳракушоду ба табассум моил, ҳалиму хоксор ва бофаросат ҳанӯз аз назарам дур нашудаанд.

Мо, ки дар деҳаҳои ҳамшафати Боғибаланду Боғимайдон таваллуд шудаем, аз овони ҷавонӣ якдигарро мешинохтем. Омӯзгор будани мо сарфи назар аз тафовути 4-5 сола дар синнамон робитаро қавитар карда буд. Борҳо дар мас­ъалаҳои гуногуни маорифу маданият ва зиндагӣ сӯҳбатҳои гуворо ва баҳс кардаем. Бояд гӯям, ки баҳсҳои мо одилона мегузашт. Убайдуллоака одатан фикру мулоҳизаҳои ҳамсӯҳбатони худ­ро сарфи назар аз синну сол ва касбу вазифаи онҳо бо диққат ва сабр гӯш мекард. Ақидаи худро бо далелу мисолҳо ончунон мегуфт, ки дигар ба мунозира ҳоҷат намемонд. Агар дар мас­ъалае ҳамсӯҳбати ӯ ҳақ бошад, бе ҳеҷ дудилагӣ онро эътироф мекард, вале чунин воқеа кам андар кам рӯй медод. Чунки вай баробари гирифтани сабақҳои зиндагӣ факултаҳои филологияи ӯзбек ва тоҷик, инчунин забони русиро хатм кардааст. Аз мутолиаи пайвастаи бисёр ба дараҷаи донишманди аз соҳаҳои мухталифи илм хабардор, нотиқ ва сухангӯи бомаҳорат расида буд. Зиёда аз ин фаҳму фаросати худодод Убайдулло Раҳмоновро ҳидоят мекард, ки дар зиндагӣ шахси адолатпарвар бошад. Агар гӯем, ки вай дар зиндагӣ дар ҳақиқат шахси одил буд, аксарияти онҳое, ки ӯро мешинохтанд, ин фикрро тасдиқ мекунанд.

Муаллим тамоми умр дар мактаб кор карданд. Ҳазорон ҷавонон дарсу панду ҳикмат ва маслиҳатҳои ӯро шунида, аз гуфтору рафтораш ибрат гирифта, вайро устод хонда, ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ба мо ҳам чунин бахт насиб кардааст. Агарчи устод ба мо дарс нагуфтааст, вале ҳар вохӯрии мо бароям сабақе медод гӯям, муболиға намешавад.

Устод кӯшиш мекард ҳаёти шогирдон, пайвандону наздикон, ҳамсӯҳбатони худро бо нури фурӯзони маърифат равшан кунад. Ҳамин хислати ӯ буд, ки аксарияти сокинони деҳаи Боғибаланд ва мавзеҳои ҳамшафати он, омӯзгорони вилояту эҷодкорони самарқандӣ устод­ро ба хубӣ мешинох­танд ва дар ҳозиру ғоибаш сифатҳои неки ӯро мекарданд.

Чунки фаъолияти меҳнатии устод сарфи амалҳое, ки инсонро ба «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» даъват мекунад, шудаанд.

Убайдуллоҳ Раҳмонов душвориҳои бисёри зиндагиро бо сабру таҳаммул паси сар кард. Вай дар даври душвортарини ҳаёташ низ пайваста илму дониш меомӯхту роҷеъ ба эҷодиёти Туғрал тадқиқотҳо мебурд ва илму фанро калиди роҳкушо ва паси сар кунандаи ғавчӯбҳо медонист. Душвориҳои зиндагӣ имкон надоданд, ки ӯ рисолаи номзадиашро ҳимоя кунад. Ин армони дили ӯ баъди ҳимояи рисолаи доктори фалсафа доир ба фанҳои фалсафаи писараш ба маъное рӯёб шуд. Инсони фариштахӯе буд устод. Ҳолдонҳо пас аз вафоти ӯ мумфарш шудани яке аз кӯчаҳои Боғибаландро аз ҳамин хислати вай медонанд. Марги бешафқат устодро дар айни роҳати давлати пирӣ, вақте ки бо ҳамсари худ Марҳабат Раҳмонова, ки ҳамеша то нафаси охирин дар паҳлӯяшон буд, фарзандонро ҳамроҳ ба воя расонда, соҳиби хонаву ҷой карда, набераҳоро дӯстдорӣ кардан насибашон шуд, аз байни мо бурд. Шояд ӯ ҳангоми беморӣ низ баробари ранҷи дард ғами ободии деҳаву диёрро хӯрда бошад.

Ин ҷо саволе ба миён меояд: Убайдулло Раҳмонов ин қадар қувваю ғайрат­ро, ки барои тамоми умр чун шамъе фурӯзон нигоҳ доштани нури маърифат, паси сар кардани дарду ранҷ ва ташвишҳои зиндагӣ даркор буд, аз куҷо гирифтааст? Сарманъшаи эътиқоди вай ба ростӣ, адолат, ҳақиқат, ҳалолӣ, покӣ ва хислатҳои дигари инсонӣ ба чӣ такя мекард?

Андешаҳо моро ба гузаштан на чандон дур — асри ХХ мебарад. Ба солҳое, ки ҳаракати ҷадидӣ, равшанфикрӣ, майл ба сӯи илму дониш бо паҳлӯҳои нави худ оғоз ёфта буд. Дар қатори дигар зиёиёни ҳамон даври диёр падари устод, шоир Абдулғании Ҷавдат низ бо қатъият қадам мегузошт. Вале вай дар қатори дигар ниҳолакони сарсабзи Ватан, ки ба воя расида, барои маърифати халқ бояд хизмат мекарданд, аз обу ғизо дур карда шуд. Вайро дар қатори равшанфикрони бисёр «душмани халқ» хонда ба ҳабс гирифтанд ва чандин соли умри азизаш дар маҳбас гузашт. Агарчӣ фарзандон аз маърифатпешагии падар ранҷ кашиданд, вале писарон Мавлону Убайдуллоҳ пайрави падар шуданд. Ҳар ду ҳам касби омӯзгориро ихтиёр карданд.

Агар ба бача ҳам савол диҳед, ки дарахтро сабзонидан душвор аст ё ки афтондан, бо тааҷҷуб ба сӯятон нигоҳ мекунаду «албатта, сабзондан-дия» мегӯяд. Дар ҳақиқат, агар барои ба ҳосил даромадани ниҳолаки мевадоре солҳо лозим бошад, дарахти ғафси калонеро дар як-ду соат ғалтонда, майда ҳам мекунанд. Вале дар чанд муддат сабзида, мева додани дарахти маърифатро ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад. Зиёда аз ин ба решаи он боз табар зананд. Агар ба сари хонадони Ҷавдатовҳо чунин рӯзҳои сиёҳ намеомад, шояд устод Убайдуллоҳ Раҳмонов боз ба садҳо навниҳолони маърифат нурпошӣ мекарданд…

Вале чуноне ки дар урфият мегӯянд, ба ҳаминаш ҳам шукр. Шукр, ки ҳоло фарзандони устод бо роҳи бобову падари худ пеш мераванд.

Онҳо низ кӯшиш доранд, нури фурӯзони маърифатро дурахшонтар созанд. Аз таҷрибаи ғании гузаштагони худ баҳра бардошта, хислатҳои неки онҳоро дар худ муҷассам карда, марраро баландтар гузоранд. Руҳи бобову падари бузургвор дар ин роҳ онҳоро мададгор бошад.

Дар воқеъ, имрӯз набераҳои устод Убайдуллоҳ Раҳмонов низ дар арафаи ба ин роҳи муборак даромадан мебошанд. Ҷавдатҳои хурдсол ҳоло ба воя мерасанд…

Тошқул АЗИМОВ.