Акмал Саидов: Густариши ҳамкориҳо бебозгашт аст!

Акмал Саидов: Густариши ҳамкориҳо бебозгашт аст!

  • Post category:Сиёсат

Дар шаҳри Душанбе конфронси дурӯзаи илмӣ-­амалӣ таҳти унвони «Саҳми роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва бо эътимод, кушодани сафҳаи нав дар шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон» баргузор гардид.

Дар ин тадбире, ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон ташкил карда шудааст, ҳайати олимон, муҳаққиқон ва коршиносони маъруфи кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис, Акмал Саидов иштирок карданд.

Роҳбари ҳайати Ӯзбекистон академик А. Саидов дар кушодани конфронс суханронӣ намуда, қайд кард, ки барои тавсияи ҳамаҷонибаи робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-­иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба манфиати халқҳои ду кишвари бародар имкониятҳои цаблан вуҷуд надошта фароҳам меоянд. Ба гуфтаи Саидов, дониши амиқи вазъи кунунӣ, муайян кардани афзалиятҳои ҳамкориҳои судманд ва ба даст овардани натиҷаҳои муайян муҳим аст.

Инчунин, вай қайд кард, ки роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар баланд бардоштани муносибатҳои ду кишвар ва барои рушди стратегияҳо нақшҳои муҳим доранд. Ба гуфтаи вай, фақат ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ ва сиёсати дурандешонаи роҳбарони давлатҳо ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав – ба сатҳи ҳамкориҳои стратегӣ расиданд.

«Мулоқотҳои таърихии роҳбарони ду кишвар дар соли 2018 дар пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дӯстии чандинасраи халқҳои ӯзбеку тоҷикро ба таври кушод намоиш доданд», – гуфт Саидов.

Сардори ҳайати Ӯзбекистон дар суханронии худ инчунин таваҷҷӯҳро ба муҳити кунунии ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ, ки ба манфиатҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ асос ёфтааст, ҷалб намуд. Якдилӣ ва кӯшишҳои фаъол барои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи минтақавӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд.

Роҳбари ҳайат «Наздикшавӣ ва густариши ҳамкориҳои мо дар минтақа як равандест, ки вақтро талаб мекунад ва бебозгашт аст. Он ба интихоби қатъии сиёсӣ асос ёфтааст, омилҳои чуқури таърихӣ дорад ва хилофи манфиатҳои касе нест» – гуфта аз суханҳои Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иқтибос овард.

Ғайр аз маҷлисҳои умумии конфронс вохӯриҳо дар бахшҳои гуногун баргузор гардиданд, ки дар онҳо коршиносон ва мутахассисони ду кишвар масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳоро муҳокима карданд.