Сарҳисоби соли 2020 Муваффақият ва камбудиҳо

Сарҳисоби соли 2020 Муваффақият ва камбудиҳо

  • Post category:Ҷамъият

Дирӯз дар Хонаи матбуоти ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷамшед Ӯроқов бо рӯзноманигорону блогерҳо вохӯрда, дар бораи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят маълумот дод. Вай гуфт, ки то 1-уми апрели соли 2020 дар вилоят 5145 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт.

Баъди оғози пандемия 551 корхона фаъолияти худро муваққатан боздошт, 567 корхона бо чоряк, 1062-тоаш бо нисфи қувва кор карданд.

Дар 6 моҳ 7,6 трлн сӯм (86,4 %), 7 моҳ 8,8 трлн сӯм (90,0 %) ва 8 моҳ 10,2 трлн сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. (Ба ҳисоби миёна дар як моҳ беш аз 1,2 трлн сӯм)

Камшавии истеҳсоли маҳсулот асосан ба саноати автомобилсозӣ рост омад. Дар се корхона дар 8 моҳ ҳаҷми истеҳсолот нисбати ҳамин даври соли гузашта ба 979,2 млрд сӯм кам шуд. («Sam Avto», «JV MAN», «UZ Avto Trailer»).

Дар доираи барномаи маҳаллигардонӣ 93,4 млрд сӯмина 34 навъ маҳсулот истеҳсол гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 16,6 трлн сӯм ё ки нисбати соли гузашта 102,1 фоизро ташкил хоҳад кард.

Дар шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияҳои Қӯшработ, Нуробод, Пайариқ ва Пахтачӣ, ки саноат хуб инкишоф наёфтааст, дар соли 2020 амалӣ кардани 65 лоиҳаи арзиши умумиаш 415,3 млрд сӯмина ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳисоби лоиҳаҳои мазкур дар анҷоми сол ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ба 105,1 млрд сӯм зиёд мешавад. Ғайр аз ин, то охири сол ба 962 корхона, ки дар онҳо ҳаҷми фурӯши маҳсулот кам шудааст, ёрӣ мерасонанд.

Аз 163 объекти мулки давлатӣ, ки бекор меистоданд, фаъолияти 154-тои онҳо барқарор карда шуд. Барои ба роҳ мондани фаъолияти 9-тои онҳо чораҳо дида мешаванд.

Дар анҷоми конфронс Ҷ. Ӯроқов ба саволҳои ҳозирон посух дод.

Тошқул АЗИМОВ.