Шукуфон аст Каттақӯрғон

Шукуфон аст Каттақӯрғон

  • Post category:Ҷамъият

Ноҳияи Каттақӯрғон на танҳо дар вилоят, инчунин дар ҷумҳурият низ нуфузи хосса дорад. Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи мо 69 маҳалла арзи вуҷуд дошта, 273 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Аз онҳо қариб 110 ҳазор нафар бо меҳнати фоиданок машғул буда, 11 ҳазору 400 нафар шуғле надоранд. Аз 3 ҳазору 656 оилаи камбизоат 16 ҳазору 503 нафар шахс ба «дафтари оҳанин» дохил шуда буданд.

Дар маҷмӯаи «Кӯксарой»-и пойтахт бахшида ба 29 солагии истиқлолияти давлатии мамлакатамон зери шиори «Ту сарчашмаи нирӯ, даргоҳи бахту саодат ҳастӣ – Ӯзбекистони азиз!» тадбири тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти кишварамон, мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев баромад карда, аз ҷумла чунин гуфт: «Ягон кас фаромӯш накунад: бо вуҷуди душвориҳо, бо вуҷуди сарф шудани маблағ ва саъю кӯшиш, ягон шаҳрванди Ӯзбекистон аз эътибор берун намемонад. Ҳикмати мардумӣ мефармояд: «Зиндагӣ дарёст, дарёи равон». Ин ҳақиқатро корҳои азиме ки мо дар вазъияти кунунӣ тадбиқ менамоем, тасдиқ мекунад».

Дар асоси супориши Сарвари давлатамон дар ҳудуди ҳар як сектор барои ҳаллу фасли мушкилоти ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ, ҳамчунин барои мардум фароҳам овардани шароити кору дарёфти музди меҳнат машғул гардидем. Дар шароити пандемия аҳолии мо воқеан нирӯи пуриқтидор гардид, ки онро ҷунбиши умумимиллии «Меҳру мурувват ва саховат» равшан намоиш дод. Дар ин кори хайру савоб 176 нафар тадбиркорону соҳибкорон саҳми муносиб гузоштанд. Аз ҷониби онҳо ба шахсони мӯҳтоҷ ва оилаҳои камбағал ба миқдори 2,4 миллиард сӯм кӯмаки молиявӣ ва ба миқдори 550 миллион сӯм маҳсулоти хӯрокворӣ тақсим карда шуд. Аз ҳамон ҳисоб 798 тонна ғалла ба захираи ноҳия ирсол гардид, ки агар зарурат пайдо шавад, орду нон карда ба халқ тақсим мекунем.

Аммо бо ёрии моддии як-­ду маротибаина масъала ҳал намешавад. Бинобар ҳамин назди худ мақсад гузоштем, ки дар навбати аввал аъзоёни оилаҳои камбағалро бо меҳнати фоиданок банд созем. Бо ин ният ба 553 нафар шаҳрвандони бекор 30-50 холӣ, яъне 161 гектар заминро ба муддати тӯлонӣ ба иҷора додем.

Дар ҳудуди саҳрои Каттақӯрғон адади гармхонаҳо афзуда истодааст. Яке аз онҳо ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маранда инвест» мебошад, ки дар 4 гектар гармхона бунёд кард. Қариб 50 нафар бо кор таъмин шуда, аз ҳар гектар майдон 20-25 тонна ҳосил рӯёнида мешавад. Умуман, дар хонадони мардум 1650 гармхона сохта шуд, ки лимӯ парвариш меёбад. Маҳсулотҳои онҳо асосан ба хориҷа экспорт мешаванд.

Воқеан, дар ҳолати 1-уми сентябри соли равон дар ноҳия 4013-то корхонаҳои юридикӣ аз рӯйхат гузаштаанд, ки нисбат ба соли сипарӣ 597-то зиёд аст. Субъектҳои бизнеси хурд 1609-торо ташкил мекунанд.

Дар асоси дастурҳои ҳудудӣ 144-то лоиҳаи арзиши умумиаш 281 миллиард сӯмина амалӣ гардид, ки дар натиҷа 1258-то ҷои нави корӣ пайдо шуд.

Хуллас, халқи заҳматкаши ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо меҳнати фидокорона сатҳи зиндагии худро беҳтару хубтар намоянд. Имсол 126,4 миллиард сӯмина корҳои ибратбахш ба фарҷом хоҳад расид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Каттақӯрғон шукуфон мешавад.

Аъзамхон БАҲРОМОВ,
ҳокими ноҳияи Каттақӯрғон, соҳиби ордени «Фидокорона хизматлари учун».