Беэътиборӣ то ба кай?

Беэътиборӣ то ба кай?

  • Post category:Ҷамъият

Самарқанд аз азал шаҳри сайёҳӣ буда, барои зиёрати ин шаҳри азим меҳмонҳои зиёд аз хориҷ ва мамлакатамон ташриф меоранд. Онҳо мехоҳанд аз таъриху маданияти ин шаҳри куҳанбун­ёду ҳамешаҷавон баҳраманд шаванд. Имрӯзҳо барои ободонии кӯчаҳои шаҳр аз тарафи департаменти ободонии шаҳр корҳои ободониву кабудизоркунӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Вале афсӯс, ки дар баъзе ҷойҳо баръакси он аст. Барои мисол дар поёни кӯчаи Ислом Каримов, фаромадгоҳи кӯчаи «Чуқурбозор»-и пештара партовҳои чандрӯза мехобад. Дар даруни он партовҳои ҳархела мавҷуданд. Бӯйи нохуши он хоҳу нохоҳ меҳмонҳоро безобита мекунад. Лекин барои бартараф кардани ин ҳолат чорае дида нашудааст. Аҷибаш ин, ки дар як сӯ мадрасаи Бибихонум, дар рӯ ба рӯи он масҷиди Хоҷаи Хизр ҷойгир аст. Наход, ки то ҳол ягон хел чора дида нашудааст. Мутасаддиёни соҳа ба куҷо менигаранд? Ё онҳо масъулияти худро фаромӯш кардаанд магар?…

Н.БОБОАҲМАД.