Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ: Тағйиротҳо чӣ гунаанд?

Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ: Тағйиротҳо чӣ гунаанд?

  • Post category:Ҷамъият

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон аз 12-уми июни соли 2018 «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи низоми сабти аснод (ҳуҷҷатҳо)-и ҳолати шаҳрвандӣ», мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ихтиёри ҳокимиятҳои ноҳия (шаҳр) дода шуда бошанд ҳам, агентии хадамоти ҷамъиятӣ барои ҳамоҳангсозии амалия ва дастгирии методӣ масъул аст.

Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ зуд ва шаффоф хизмат расонем. Бо муассисаҳои тиббӣ системаи электронӣ роҳандозӣ шудааст ва ҳангоми таваллуд шудани кӯдак дар таваллудхона, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи модар ва кӯдак маълумоти электронӣ мегиранд. Маълумоти тиббӣ дар бораи мурдаҳо тавассути электронӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ фиристода мешавад.

Системаи автоматикунонидашудаи ҳисоббарорӣ барои пардохтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷорӣ карда шуд. Ин система имкон медиҳад, ки воситаҳои пулӣ ба ҳисобҳои расмии бонкӣ аз пардохт­ҳои барзиёд пешгирӣ карда шавад, яъне маънои ба даст овардани пули нақд вуҷуд надорад ва шаффофият таъмин карда мешавад.

Қабулгоҳҳои электронӣ ва онлайн барои шаҳрвандон низ мавҷуданд (пеш шаҳрвандон ним рӯз ва ҳатто як рӯз мунтазир мешуданд).

Дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ИСАШ) ҳама намудҳои аризаҳоро корманд ба тариқи электронӣ, инчунин таваллуд, издивоҷ ва дигар намудҳо дар шакли электронӣ пур карда мешаванд. Ҳама намуди сабтҳо ба системаи иттилоотии «Барномаи ягонаи электронии Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ворид карда мешаванд. Тартиби гирифтани маълумот дар бораи набудани издивоҷ (шакли 71) аз бойгонии Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ, Идораи минтақавии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (шакли 71) ба тариқи экстерриториалӣ тавассути марказҳои хизматрасонии давлатӣ ҷорӣ карда шуд.

Ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дар бораи издивоҷ ва талоқ пурра рақамӣ карда шуданд

Аз 5 миллиону 937 ҳазору 150 сабти акт дар минтақа, беш аз 4 миллиону 814 ҳазор рақамӣ карда шуда, ба системаи иттилоотии «Бойгонии ягонаи электронии Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дохил карда шудааст.

Бо пурра рақамӣ кардани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дар бораи издивоҷ ва талоқ, акнун ин маълумотро онлайн дастрас кардан имконпазир аст.

Аз 1-уми сентябр 6 амал бо пахш кардани як тугмача иҷро карда мешавад. Масалан, агар шумо хоҳед, ки таваллуди кӯдакро ба қайд гиред, якбора аз муассисаи тиббӣ маълумотномаи тиббӣ гирифтан, таваллуди кӯдакро ба қайд гирифтан, кӯдакро дар клиникаи кӯдакон ба қайд гирифтан, кӯмакпулии яквақтаи кӯдакон, ҷои зистро таъин кардан, кӯдакро сабти ном кардан ва кӯдакро ба кӯдакистон гузоштан мумкин аст.

Сардори Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сардори шӯъба мешавад

Ҷойҳои кормандони бойгонӣ дар бойгонии Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба вазифаҳои нозирони категорияҳои 1 ва 2 иваз карда шуда, маоши кормандон зиёд карда мешаванд. Ҳоло барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва аттестатсияи кормандон тадбирҳо меандешанд.

Рутбаи хизматчиёни давлатӣ ва ҳаҷми мукофотпулӣ барои собиқаи кори бисёрсола ба андозаи баробари мукофотпулӣ ба кормандони мақомоти судӣ зиёд карда мешавад. Мӯҳлати хидмати ин шӯъбаҳои тобеи ҳокимияти ноҳия (шаҳр)-ро ба собиқаи корие, ки барои додани рутба ва пардохти мукофотпулӣ зарур аст, илова мекунанд.

Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки нозири категорияи 1 ба сармутахассис ва нозири категорияи 2 ба мутахассиси пешбар баробар карда шаванд.

Нодира МИРМУҲАМЕДОВА,
Мушовири калони Раёсати минтақавии Агентии хизматрасонии ҷамъиятӣ.