Маърифатгоҳе, ки Мирзо Улуғбек поя гузоштааст

Маърифатгоҳе, ки Мирзо Улуғбек поя гузоштааст

  • Post category:Маориф

Аз таърих маълум, ки Мирзо Улуғбек дар Самарқанд, Бухоро ва Ғиждувон се мадраса сохт. Сохтмони мадраса дар Самарқанд соли 1417 оғоз ёфта, соли 1420 ба итмом расид. Ба мадраса бо роҳбарии Улуғбек ситорашинос ва риёзидонони машҳур, муаррихон, наққошон ва меъморони Мовароуннаҳру Хуросон ҷалб карда шуданд.

Мадрасае, ки Мирзо Улуғбек соли 1420 таъсис дод, на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб низ шӯҳрат пайдо кард.

 Дар ин давр ба сифати таълим диққати махсус дода шуд. Худи донишманд дар мадрасаҳо дарс медод. Агар ба таърихи донишгоҳҳои Аврупо назар афганем, онҳо низ аввал ҳамчун муассисаҳои динӣ таъсис ёфта, баъдан ба донишгоҳҳои дунявӣ табдил шудаанд. Афзалияти мадрасаи олии таъсисдодаи Улуғбек дар он аст, ки он ҳам дониши динӣ ва ҳам дунявиро меомӯзонданд. Аз ин рӯ, мадрасаҳое, ки дар асрҳои миёна амал мекарданд, ба маънои аслӣ ҳамчун марказҳои тамаддуни исломӣ ва илму маърифат хидмат кардаанд.

Имрӯз дар кулли ҷаҳон мадрасаи Мирзо Улуғбек ва расадхонаи бо мукаммалтарин таҷҳизоти ҳамон замон муҷаҳҳазшуда бо вижагии меъмории худ шӯҳрати беандоза доранд. Олимонро то ҳол нақшҳои кӯфӣ, сулс, насх, таълиқи бо хати арабӣ дар деворҳо ва ҳафт харитаи иқлимӣ дар пештокхо дар ҳайрат мегузоранд.

Соли 1868, бино ба иттилои манбаъҳо, 24 ҳуҷраи мадрасаи Мирзо Улуғбек пурра ба кор даромадааст. Дар онҳо 48 донишҷӯ зиндагӣ ва таҳсил мекардаанд. Дар ибтидои асри 20 шумораи онҳо ба 108 нафар афзуд. Дар мадрасаҳои Самарқанд дар баробари 14 фан, забони арабӣ ҳамчун фанни асосӣ таълим дода мешуд. Донишҷӯён барои азхуд кардани забони арабӣ китобҳои дарсии дар асрҳои XII-XIII таълифшударо истифода мебурданд. Он чизе, ки дар даврҳои баъдӣ навишта шудааст, ҳамчун шарҳи китобҳои асосии дарсӣ хидмат кардаанд. Забони арабӣ дар мадрасаҳо дар асоси китобҳои зерин таълим дода мешуд:

– Китоби «Бидон» – шарҳи форсии морфологияи забони арабй.

– «Муъзӣ» – китобе, ки ба феълҳои арабӣ ва маънои онҳо ба забони форсӣ навишта шудааст.

– «Занҷонӣ» (номи аслии китоб «ал-­Мабади фи-­т-тасриф») китоби дарсии идомаи морфологияи забони арабист ва ба забони форсӣ навишта шудааст.

– «Авомил» – (Абдулқодир Ҷурҷонӣ) асаре дар бораи синтаксиси забони арабӣ.

– «Ҳаракот» (Маҳмуди Замахшарӣ) – китоб дар бораи синтаксиси забони арабӣ.

– «Кофия» (Усмон ибни Умар) ва китоби дарсии грамматикаи арабии «Шарҳи мулло Ҷомӣ», ки барои писари худ аз ҷониби Абдураҳмони Ҷомӣ навишта шудааст.

Таълими фонетикаи забони арабӣ дар марҳилаи аввал – «анда», морфология дар марҳилаи дуввум «авсат» ва синтаксис дар марҳилаи севум – «аъло» пешбинӣ шуда буд. Донишҷӯёне, ки аз ин китобҳо забони арабиро хуб аз худ мекарданд, фиқҳро аз «Ҳидоя» -и Бурҳониддини Марғинонӣ, ақида, тафсир ва ҳадисро аз «Мухтасар ал-­виқоя» -и Маҳбубӣ, «Фиқҳи Кайдонӣ» -и Лутфулло Фозил Кайдонӣ, ҳадисро аз «Тафсири Мисҳоб» -и Хатиб Табрезӣ, «Анвор ат-­танзил» -и Байдавӣ ва «Мадорик ат-­танзил» -и Насафӣ меомӯхтанд.

Ин раванди таълим дар мадрасаҳои Самарқанд дар асрҳои минбаъда низ идома ёфт ва натиҷа дод. Дар қарни бист, рушди илм дар Самарқанд бо саъйи олимон ва нависандагони равшанфикр дар кушодани мактабҳои нав алоқаманд буд. Таъсиси Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистонро метавон як зуҳуроти муосири корҳои дар мадрасаи Мирзо Улуғбек оғозёфта ҳисобид. Ин муассисаи бузург, ки гаҳвораи илму маърифат дар Шарқ маҳсуб мешавад, имрӯз дар чун Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият дорад. Аз асри гузашта ин донишгоҳ яке аз мӯътабартарин донишгоҳҳои кишварамон ва Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва аз рӯи потенсиали илмӣ ҳамеша дар сафи пеш аст. Донишгоҳ аз рӯзи таъсисёбӣ дар соҳаи маориф ва илм ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Махсусан, ислоҳоти амиқи солҳои охир дар кишвар обрӯ, потенсиали илмӣ, сифати таҳсилотро ба сатҳи нав ва эътибори байналмилалии онро фароҳам овард.

Имрӯз Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки вориси мадрасаи таъсисдодаи Мирзо Улуғбек мебошад, барои эҷодиёти устодону донишҷӯён шароит ва муҳити хуби заруриро фароҳам овардааст.

Дар ин муассисаи таълимӣ дар баробари татбиқи технологияҳои пешрафтаи сис­темаи маорифи ҷаҳонӣ, анъанаҳои соҳаҳои маънавӣ, маърифатӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ идома меёбад. Дар донишгоҳ аллакай як ҷомеаи илмӣ ташаккул ёфтааст, ки на танҳо дар рушди илми Ӯзбекистон, балки дар ҷаҳон саҳми назаррас дорад.

Бо ташаббуси олимон ва бевосита ректори донишгоҳ Рустам Холмуродов обрӯву нуфузи Донишгоҳи давлатии Самарқанд рӯз аз рӯз меафзояд. Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки вориси ҳақиқии Мадрасаи Улуғбек мебошад, дар пайдоиш ва рушди маълумоти олӣ дар тамоми Шарқи мусалмон нақши муҳим бозид ва инро имрӯз аз ҳар ҷиҳат пойдор мегардонад.

Ҳафиза ШУКУРОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд