Марафони хайриявӣ Samarkand Half Marathon баргузор мешавад

Марафони хайриявӣ Samarkand Half Marathon баргузор мешавад

  • Post category:Варзиш

1-уми ноябр дар мамлакати мо як чорабинии анъанавии варзишӣ – Samarkand Half Marathon баргузор мешавад. Ин мусобиқаро дар кишвари мо бори дуввум мегузаронанд. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои парасторони Бунёди Масс-­Медиа Саида Мирзиёева хабар дод.

Ҳадафи асосии марафони имсола мушкилоти одамони гирифтори ВСА (вайроншавии спектори аутизм) мебошад.

Хушбахтона, лоиҳаҳое ҳастанд, ки диққати ҷомеаро ба чунин мавзӯъҳоро ҷалб мекунанд. Илова бар маълумот дар бораи пойгаи давидан, дар ниммарафон блоки калони омӯзишӣ оид ба лексияҳо ва мастер-­класси мутахассисони ҷаҳон оид ба фароҳам овардани муҳити фарогир ҷой дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки дониши волидон ва аҳолӣ дар бораи ВСА дар кӯдакони гирифтори аутизм фарохтар шавад.

Шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо метавонанд маъракаи хайрияро дастгирӣ кунанд ва дар лоиҳаи Samarkand Half Marathon ширкат варзанд. Имсол ниммарафон дар шакли маҷозӣ баргузор мешавад: ҳар як ширкаткунанда ҷой, вақт ва ҳатто масофаро интихоб мекунад. Бояд қайд кард, ки тамоми даромади ин ниммарафон барои ташкили студияи рассомӣ барои кӯдакони дорои ВСА дар яке аз мактаб-­интернатҳои махсуси Ӯзбекистон сарф карда мешавад.