Баргҳои тару тоза аз бӯстони Ҷавдат

Баргҳои тару тоза аз бӯстони Ҷавдат

  • Post category:Фарҳанг

Дар ҳақиқат, замини Самарқанди қандманд кони файзу баракот буда, дар ҳама давру замонҳо пур аз ганҷу сарватҳои бепоён будаасту мебошад. Дар баробари сарватҳои табиии он ганҷинаи дигаре низ дар синааш нуҳуфта аст, ки ганҷинаи шеъру сухан ба шумор меравад. Суханварони варзидаи ин сарзамини шоирпарвар бо сеҳри каломи мавзуни худ доимо таб­ъи муштариёни сухани волоро болида гардонида омадаанд.

Имрӯз низ ба кадом гӯшаву канори он қадам занед, сухани хубу гуворо ба гӯш мерасад ва маҳфили шеъри дилоро ба қалб зинат мебахшад. Боиси хушнудист, ки чанде аз дастнависҳои бо хатти ниёгон ороишёфта ба дасти камина расид ва онро бо зудӣ ба навиштори кириллӣ баргардонда, хос­тем дастраси умум намоем.

Навиштаҷоти мазкур ду шеъри пурмазмуни шоири маорифпарвари Самарқанд мутахаллис ба Ҷавдатро фаро гирифтааст. Варақҳои онро фарзанду наберагони қадршинос аз тасодуми рӯзгор бо эҳтиёт нигоҳдорӣ намудаанд.

Номи шоир Абдулғанӣ буда, соли 1886 дар деҳаи Боғибаланди ноҳияи Самарқанд дар хонадони марди деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар мактаби кӯҳнаи деҳа гирифта, сипас дар мадрасаи Тиллокории шаҳри Самарқанд илмҳои замонаро аз худ кардааст.

Аз соли 1918 дар соҳаҳои гуногуни маорифи халқ ва вазифаҳои давлатӣ фаъолият намуда, дар роҳи саводноккунии халқ кӯшишу талоши зиёд дош­тааст. Бо вуҷудиҷонбозиҳои зиёд дар роҳи ободию фаровонии халқ, аз тӯҳмати бадкирдорони замони худ барканор намонд ва ҳатто муддате аз озодӣ маҳрум гардид. Аммо аз сабаби исбот нагардидани гуноҳаш озод карда шуда, боз чанд соле фаъолиятихудро идома дод ва соли 1958 ба нафақа баромад. Шоир Ҷавдат соли 1981 бо дунёи фонӣ падруд гуфтааст.

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир дар асарҳоиба адабиётшиносон бахшидаи маорифпарварони асрҳои гузашта, инчунин китобҳои дарсӣ ба маълумоти мухтасар дучор меоем. Шоир бо аҳли маърифати замони худ, мисли Туғрали Аҳрорӣ, Сайид Аҳмади Васлӣ ва дигарон робитаи наздик дош­та, бо онон мубодилаи афкору ақоид менамуд. Аз ҷумлаи интишороти ахир, тазкираи пурмӯҳтавои «Сипеҳри орзу»-и шоир Ҳаёт Неъмат мебошад, ки дар баробари тарҷумаи ҳоли Ҷавдат як ғазали пурмазмуни ӯро таҳти унвони «Кӣ будӣ?» овардааст.

Инак, бозёфти то имрӯз интишорнаёфтаи мазкур – яке «Қасидаи баҳория ба васфи Мавлоно Сайид Аҳмади Васлӣ» ва дигаре шеъри табрикие ба муносибати тӯйи никоҳӣ мебошад. Хусусан, қасида васфи фасли баҳорро дар бар гирифтааст ва дар васфи шоир ва адиби маорифпарвар Сайид Аҳмади Васлӣ гуфта шудааст. Он дар вазни музореъи мусаммани ахрабу макфуфу мақсур навишта шуда, гоҳо ба ҷойи рукни охирини фоилон (мақсур) омадааст ва мисли қасидаҳои анъанавии классикон бо ҳамду наът оғоз ёфта, сипас шоир ба тавсифу таърифи баҳор мепардозад. Аммо як фарқи қасидаи Ҷавдат аз дигарон дар он аст, ки шоир баъд аз тавсифи баҳор ва маю майгусорӣ айшу ишрати баҳоронаро кору пеша ва хоҳиши худ намеҳисобад. Агар аксари шоирони баҳориянавис дар охири қасида хонандаро ба беҳуда будани умр ва аз ин сабаб бо айшу майгусориву канори ёри гулъузор гузаронидани ҳаёт ташвиқ намоянд, Ҷавдат мегӯяд, ки айшу комронӣ боиси майлу рағбати ман набуда, балки илму донишомӯзӣ дар умри чандрӯза беҳтар аст:

Бошад баҳори ман талаби илму фазлу ҳуш,

Бошад нигори ман шарафи дарси рӯзгор.

Шоир ҳамчун маорифпарвари пешқадами замони худ мақсад аз ҳаёти инсонро на дар тарабу фараҳмандӣ, балки дар омӯхтани илму фан дониста, ба даст овардани илму фазлро баҳори ҳақиқӣ ва дарси рӯзгорро беҳтарин нигор меҳисобад. Чунин афкори прогрессивии шоир имрӯз низ эътибори худро аз даст надодааст, балки дорои аҳамияти бештар аст. Ҳамчунин, ӯ яке аз васоили пешрафти ҷомеаи онвақтаро дар омӯхтани забони русӣ медонад, ки он вақт хеле роиҷ буд ва дигаронро ба ёд гирифтани он ташвиқ намуда, онро ба дурри ноёб ташбеҳ месозад. Ин хусусияти тараққипарваронаи ашъори шоир имрӯз ҳам боаҳамият аст, зеро дар кишварамон аз худ кардани забонҳои хориҷӣ аз талаботи асосии рӯз ба шумор меравад:

Дарси дури расӣ бинамо вақфи саъйи хеш,

Хоса дури расӣ, ки ба таҳқиқ устувор.

Дар қисми навбатии қасида шоир ҳамчун намунаи аҳли илму фазли рӯзгор номи устоди худ Васлиро ба забон оварда, ба тавсифи фазлу дониши ӯ мепардозад. Қасида мисли анъана бо байти тахаллуси Ҷавдат ба охир расидааст.

Шеъри дуюм имрӯз низ метавонад ҳамчун вирди забони маҳфилҳои идона хизмат намояд, танҳо забони он нисбати ҳозира калимоти арабӣ бештар дорад.

Бозёфти мазкур барои тадқиқотгарони эҷодиёти маорифпарварони тоҷик метавонад хидмат намояд.

Фозил ШУКУРЗОДА.