Саёҳат

Саёҳат

  • Post category:Фарҳанг
Ҳикоя

Дина бегоҳирӯзӣ Аминҷон Ҷабборович ба ман занг зад:
– Шӯҳратҷон, пагоҳ шуморо як зиёфат диҳем, шумо ба ҳамин чӣ мегӯед?
Аминҷон Ҷабборович одами каму андак не. Вай ба ҳар кас ҳам телефон намекунад. Рақами телефони маро аз куҷо ёфтааст? Боз ӯ бо ман чандон шиноси наздик не. Ҳазору як дӯсту ошноҳои мошиндораш ҳасту чаро ба ман муроҷиат мекунад. Ман аз ҳайрат шах шудам.
– Ҷон мегӯям, – ҷавоб додам ман.
– Ин хел бошад, пагоҳ ба хона оед, як сайру саёҳат карда, чорта дили беғам занем.
– Хуб шудааст.
«Одами даркорӣ. Мабодо корам афтад, буд мекунад» – гӯён ин саҳар хеста, даруну беруни мошинро шустам. Чор тарафашро ба тартиб овардам. Охир ба ҷӯра ё ҳаққу ҳамсоя не, ба худи Аминҷон Ҷабборович хизмат мекунам.
Рости гап, дар куҷо кор кардани ӯро ман аниқ намедонам. Вале дар ҳар идораву ташкилотҳо зуд-зуд мебинам. Вай бо галстук ва ҷузвдони дасташ дар куҷое пайдо шавад, ҳама ба ҳурматаш аз ҷой мехезанд, роҳ медиҳанд, аз пешгоҳ мешинонанд. Обрӯву манзалаташ хеле баланд. Ба куҷое, ки корафтода шуда дарояд, албатта ҳамроҳи худ шириниҳо мебарад. Аз он яктоӣ дода, ҳамаро хурсанд мекунад. Аз ин рӯ, ӯро як одами дасткушоду накӯкор мешуморанд.
Ман ботинан меболидам, ки бо чунин шахс ба сайру саёҳат рафтан шараф аст…
Аз дарвоза Аминҷон Ҷабборович бо ду писараки 8-10 – сола баромад.
– Инҳоро ҳам мебарем-дия, амакаш, – ба ман рӯ овард Аминҷон Ҷабборович.
– Бемалол, – барои бачаҳо дари қафоро кушода гуфтам. – Марҳамат, шербачаҳо.
Имрӯз ӯ дар гардан галстук дошта бошад, ки ҷузвдон дар дасташ набуд. Вай ба нишастгоҳи пеши мошин нишаст.
– Рафтем, илоҳо роҳамон сафеду корамон пурбарор шавад.
Мо ба роҳ баромадем. Аз пеши бозорчаи сари роҳ гузашта истода, чорта нон гирифтанӣ шудам.
– Даркор не, – зид баромад ӯ. – Ман пешакӣ таъин кардагӣ. Дар он ҷо ҳама­аш моро интизор.
Бачаҳо дар нишастгоҳи қафо шӯхиву балоӣ мекарданд. Гоҳо ба якдигар гапгузарониву ҷанҷол мебардоштанд. Дар ин хел вақтҳо Аминҷон Ҷабборович «Ҷим шинед, ҳӯ аҳмақҳо!» гуфта, онҳоро сарзаниш мекард. Вале аз байн ду – се дақиқа нагузашта, боз мисли гунҷишкҳо ғуҷур – ғуҷури онҳо баланд мешуд.
Ҳарчанд гапу ғавғои беохири онҳо ба гӯшам нафорад, ки ҳангоми сарзаниши Аминҷон Ҷабборович тарафи бачаҳоро гирифта мегуфтам: «Монед, инҳо бача-­дия, ҳозир шӯхиву балоӣ накунанд, кай мекунанд?»
Бо раҳнамоии ӯ ниҳоят ба бағали кӯҳсор расидем. Он тараф роҳи морпечи пурчангу хок буд.
– Ҳай кунед! – фармуд ӯ. – Ман дар ҳамин ҷо…
Ман мошинро пеш рондам. Аз чангу ғубори роҳ баъзан кӯчаро дида намешуд. Шишаҳои мошинро бардоштем, ки чанг ба дарун надарояд. Даруни кабина тафсид. Нафасгирӣ душвор шуд. Мошинро пагоҳӣ шуставу тоза карданам, беҳуда рафт.
Роҳи сангзору регӣ сар шуд. Оинаҳоро фаровардем. Раҳ танг ва каҷу килеб. Дар ду паҳлӯи роҳ сангҳои калон ҳам ба назар мерасиданд. Ҳарчанд ҳушёрӣ кунам, ки таги мошин дар ду – се ҷо ба сангҳои болои роҳ расид.
– Зер кунед, ман дар ҳамин ҷо! – дар ин хел вақтҳо мегуфт Аминҷон Ҷабборович.
– Ҳеҷ гап не, – хандаи зӯракие карда, посух додам ман. – Он тарафаш оҳан, ҷони одам не!
Аз пеш ҷӯйи об баромад. Ман дудила шудам.
Аминака ишора кард, ки «ба пеш!». Не, Худо шарманда накард. Ҷони мошин ба ҳалқаш омада бошад, ки гирифта гузашт.
Ҳамин тавр, баъди роҳи якунимсоата ба як ҳамвории тарафи рости сой расидем. Дар пеш як хоначае намуд. Дар паҳлӯи он ягона тути пире ғарибона ба чашм мехӯрд. Ду саги лоғар аккосзанон ба сӯйи мошин давиданд.
– Ана омадем! – гуфт Аминҷон Ҷабборович.
Оби мотор, ки қариб меҷӯшид, зуд мошинро хомӯш кардам. Аминҷон Ҷабборович аз тарси сагҳо дарро намекушод.
Ба аккоси сагҳо эътиборе надода, ман аз мошин фаромадам. Вай ҳам ҷасорат пайдо карда, дарро нимво кушод ва дод зад:
– Ҳалим, ҳо Ҳалим! Мо омадем!
Аз хонача марди тахминан 50-солае баромада ба сӯйи мо шитофт. Сагҳоро дур ронда, шоду хандон гуфт:
– Марҳамат, марҳамат, хуш омадед, Аминакоҷон! – ва дудаста бо Аминҷон Ҷабборович вохӯрд. Бачаҳоро навозиш кард. Ба ман ҳам салом дод.
– «Як намебиёед» гуфта, хуб ба ҷонам расондӣ. Ана омадем. Акнун ҳимматата мебинем! Фақат буз не, гӯсфанда сар мезанӣ!
– Хуб шудааст, хуб шудааст, – даст пеши бар гирифт Ҳалимака.
Ҳавои ин ҷо хушбӯву мусаффо ва хеле форам буд. Ҳама ҷой гулу сабзазор. Ансамбли малаху чирчиракҳо беист сурудхонӣ мекарданд. Бӯйи омехтаи поруии бузу гӯсфанд ҳам ба машом хуш мерасид.
Аминҷон Ҷабборович бо писаронаш ба сайру гашти дара рафт. Ман ҳамроҳи Ҳалимакаи чӯпон мондам, ки ба баъзе корҳояш ёрӣ расонам.
Дар зери сояи тут ҷой тайёр кардем. Шол партофта, аз хоначае, ки бозори пашшаҳоро ба хотир меовард, кӯрпачаву болинҳоро баровардем.
– Акаҷон, шумо акнун мебахшед-дия, ман як худам, якта – нимта хизмате фармоям, хафа нашавед, – мулоҳизакорона ба ман гуфт Ҳалимака. – Ана дар паҳлӯи хонача оташдон, дег дар болояш. Барои нарасидани даҳони сагу молҳо болои мӯрӣ кафгиру косаву табақҳо истодаанд. Ҳамонҳоро як обгардон кунед. Ман аз сурук рафта, ягонта гӯсфанд дошта биёям.
– Бемалол, ака.
Ҳалимака як марди миёнақади харобе буд. Эҳтимол зери офтоб, барфу борон ва шамолу бӯрон солҳои дароз молпоӣ карда, обутоб ёфтааст, ки гӯё тамоми баданаш аз рагу пай иборату чусту чолок ҳаракат мекард. Ҳарчанд хандад, суханҳои хушу гӯшнавозе дар ҳаққи меҳмонон гӯяд, ки ким-­чӣ хел дар қаъри чашмонаш як ғаму аламеро хондан мумкин буд.
… Пас аз қариб се соат бачаҳо бо гулу гиёҳҳо қию чувкунон омаданд. Аминҷон Ҷабборович ҳам дар даст туфлиҳо мамнун ба назар мерасид.
– Хайр, сайру тамошо чӣ хел шуд? – пурсидам.
– Зӯр! – Нарангушташро боло карда гуфт Аминҷон Ҷабборович. – Барои саломатӣ пойлуч гаштем. Ба тарбияи бадан машғул шудем. Дарси табиатшиносиро бо бачаҳо дар оғӯши саҳро гузарондем.
Ҳалимака аз бағали кӯҳ чашмаеро ёфта, оби онро бо милҳо то пеши хоначаи чӯпониаш овардааст. Бачаҳо ба ҳавзчаи назди он пойшӯйӣ кардани буданд, ки ман намондам. Гуфтам, ки обро ифлос кардан нағз не, беҳтараш бо сатилча об гирифта, онсӯтар шӯянд.
Аминҷон Ҷабборович ба зери тут-назди ҷойи нишасти тайёркардаи мо омада, нидо баровард:
– О Ҳалим! Ҳама ҷо об задагӣ барин ҷимҷит – ку?!
– Ҳозир акаҷон, ҳозир! – Ӯ дастархон бардош­та баромад. – Шароити кӯҳ – дия, айб намекунед. Пешаки хабардор мешудем, гапи дигар буд.
– О ман ба Ҳасан телефон карда, гуфта будам, ки омадани маро ба ту хабар диҳад. Ҳасан ҳеҷ чиз нагуфт?
– Не.
– Э муттаҳаме, ҳоло бинам, як боб карда мемонам.
Ман ба Ҳалимака даст ба даст мекардам.
Вай дар ду табақи лангарии калон кабобро кашида омад. Буғи кабобу бӯйи зираи он ба чор тараф паҳн шуд.
– Кани шаҳбозҳо, ба ҳуҷум! – фармон дод Аминҷон Ҷабборович.
Вале худ даст намебурд. Саволомез ба ӯ нигаристам.
– Аз вай нест, Ҳалим? – ба гулӯ ангушт расонида пурсид.
– Не!
Кадом рӯз ҷӯраҳо як шишаро болоикаппотӣ карда буданд. Ба ном гирифтанду аз ним зиёдашро даруни бордончаи пеши мошин монданд. Ҳамон ба ёдам омаду рафта, шишаро бардошта омадам. Чеҳраи Аминҷон Ҷабборович офтоби рахшон барин шукуфонтар шуд.
Кабобе, ки дар ҳар табақ се – чоркилоӣ гӯшт дошт, набудани дигар нозу неъматҳои рӯйи дастархонро рӯйпӯш кард. Бачаҳо бо нони қолабӣ саросемавор ба хӯрдан сар карданд.
Аминҷон Ҷабборович ҳам ба болои ду болишт каҷпаҳлӯ зада, калон – калон мегирифт. Мо ҳам бо иштиҳо мехӯрдем.
– Ҳа? – пас аз даҳ – понздаҳ дақиқа аз хӯрок дасткашии писаронашро дида пурсид Аминҷон Ҷабборович: – Худаш чӣ гап?
– Нон нест – ку. Боз «Кола» ҳам мебуд? – ноз кард писарчаи хурдии Аминҷон Ҷабборович.
– Дигар нонамон нест, мебахшетон-дия акнун, – аз шарм ба худ печид Ҳалимака.
– Нона дар хона ҳам мехӯрӣ. Гӯшта зер кун-­е, аҳмақ! – ва худ ҳамоно мехӯрду мехӯрд.
Ҳалимака барои дам карда овардани чой аз ҷой хест.
Бачаҳо хеста боз ғарқи давутозу бозӣ шуданд.
Сӯҳбату чойнӯшии мо хеле давом кард.
– Ягон хизмат бошад, мо ҳамеша тайёр, Ҳалимчик, – дар рафти сӯҳбат ҳар замон гуфта мемонд Аминҷон Ҷаб­борович.
Қарибиҳои бегоҳ мо ба оқиб баргаштем. Роҳҳои каҷукилебу пурсангу чанги кӯҳи қафо монд. Бо роҳи тахту ҳамвори асфалтпӯш каме пеш нарафта, аз қафо, аз бордони мошин ким – чӣ хел як овози бегона ба гӯш расид. Ҳайрон шудам: Худоё даруни он ягон чизи барзиёд набуд – ку. Бо Ҳалимака ними гӯшти гӯсфандро даруни халта андохта он ҷо гузоштем. Ҳарчанд эътироз баён кунам ҳам, барои ман низ ду кило барин гӯшт дод…
Мошинро нигоҳ доштам, ки хабар гирам.
Писарчаҳои Аминҷон Ҷабборович қиқиросзанон механдиданд.
Фаромада бордонро кушодаму тахта шудам: ду бузича бо чашмони имдодталабона маосзанон ба сӯйи ман меҷаҳиданд.
– Чӣ гап? – гӯён Аминҷон Ҷабборович ҳам фаромада, ин аҳволро диду фиғонаш баромад.
– Эҳ, аҳмақҳо, одам ҳам бузичая мегирад? Ҳиммати пастатон дар гӯр, бузичаҳоро ба саратон мезанед. Охир барраҳояш набуд?! Кай кор фармудани калларо ёд мегиред -а?!
Даҳони бордонро пӯшида ба мошин нишас­тем. Акнун мошинро гардондани будам, ки Аминҷон Ҷабборович намонд.
– Рафтем. Ба вай мол қаҳт не. Ман хизматашро кардагӣ…
Мадори дасту поям хушк шуд. Як ҳиссиёти ғалатии аҷибе аз нӯги поям сар шуда, то тори сарам – тамоми баданамро фаро гирифт. Раҳораҳ ӯ чӣ мегуфту бачаҳо чӣ нағмаву бозӣ мекарданд ва онҳоро чӣ хел ба хонааш расондам, намедонам. Дар сарам фақат як фикр чарх мезад: ҳозир хонаи чӯпонро ёфта, ба зану бачаҳояш додани ҳамон ду кило гӯшт маро ором намегузошт…

Маликаи БАХТИЁР.