Самарқанд – маркази сайёҳон хоҳад шуд

Самарқанд – маркази сайёҳон хоҳад шуд

  • Post category:Ҷамъият

Соли 2022 дар Самарқанд гузаронидани саммити навбатии роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар назар аст. Ҳоло бо ҳамин муносибат дар назди Мактаби махсуси захираҳои олимпии бачагон ва наврасони ҷумҳурӣ доир ба намуди спорти қаиқронии вилояти Самарқанд, ки бо номи «гребной канал» машҳур аст, корҳои бунёдкорӣ дар авҷ мебошад.
Бо таклиф ва маслиҳати сарвари давлатамон ва дар асоси қарори Девони Вазирон аз 30-юми июни соли 2017 «Дар бораи чорабиниҳои рушди босуръати салоҳияти сайёҳии шаҳри Самарқанд ва вилояти Самарқанд дар солҳои 2017-2019» таҳти рақами 450 дар шафати шоҳроҳи Тошканд – Самарқанд – Тирмиз барои сохтмони минтақаи сайёҳии «Samarqand City» 260 гектар майдон ҷудо карда шуд. Меҳмонону мизбонони роҳгузар ҳангоми ба ин манзил расидан, албатта бо ҳайрат дида ба майдони сохтмон дӯхта, беихтиёр чанд лаҳза таваққуф мекунанд. Зеро қариб 360 адад техника ва беш аз ду ҳазор нафар сохтмончиён бо бунёдкорӣ машғуланд. Лоиҳаи минтақаи сайёҳиро ширкати «Enter Enjiniring» амалӣ месозад.
– Мо тӯли ду сол сохтмони минтақаи сайёҳии «Samarqand City»-ро ба поён мерасонем, – гуфт роҳбари ширкати мазкур Мӯъминҷон Қодиров. – Дар натиҷа маркази анҷуманҳо, амфитеатр дорои ду ҳазор ҷойи нишаст, маҷмӯаи «шаҳри кӯҳна» ба истифодабарӣ супурда мешавад.
– Аҷиб, барои чӣ «шаҳри кӯҳна?»
– Хабардор ҳастед, ки сайёҳон барои боздиди ёдгориҳои таърихӣ ба Самарқанд меоянд. Зиёрати майдони Регистон, Мақбараи Амир Темур, масҷиди Бибихонум, расадхонаи Мирзо Улуғбек ва ғайра барои онҳо шавқовар аст. Аз ҳамин сабаб, нусхаи мӯъҷази он ёдгориҳо дар ин минтақа қад хоҳад афрохт. Инчунин, ду меҳмонхонаи 21-қабатаи панҷситора, ду меҳмонхонаи 14 ва 7-ошёнаи сеситора, истироҳатгоҳ, тарабхона, аквапарк, майдончаи консертӣ, ҷазираҳои сунъӣ ва дигар иншоотҳоро ба ихтиёри сайёҳон хоҳем гузошт.
Ҳавзи бузурги Осиёи Миёна
Солҳои 80-уми асри гузашта, мо журналистонро барои ба расмаи кушодашавии канали қаиқронӣ таклиф карда, хабар доданд, ки дарозии ҳавзаи мазкур 2 ҳазору 180 метр ва бараш қариб 200 метр аст ва дар Осиёи Миёна ягона ва дар дунё пас аз Олмония, Русия, Хитой ҷойи чаҳорумро ишғол менамояд. Маҳз барои ривоҷ додани бозиҳои рӯйи об дар Самарқанд фаъолияти заводи истеҳсоли заврақҳои варзишӣ ба роҳ монда шуд, ки маҳсулоташ ба хориҷа низ мерафт.
Аз сабаби дар роҳи мошингард ҷой гирифтани ҳавзи шиноварӣ барои мусофирону ронандагон минтақаи истироҳат пешбинӣ шудааст. Ва боз як шароити хуби истироҳати мардуми Самарқанд ва меҳмонони шаҳри бостонӣ он аст, ки аз истгоҳи Шоҳи Зинда то маркази сайёҳӣ роҳи нав ва пули замонавии мӯҳташам бунёд хоҳад шуд, ки кас дар тӯли 5-10 дақиқа ба манзили дилхоҳ мерасад. Ба хизмати меҳмонону сайёҳон экомобил, аспароба ва ҳатто велосипедҳо, ки дар Самарқанд истеҳсол мешаванд, гузошта мешавад.
Ҳам варзиш, ҳам истироҳат
Воқеан, дар ҳавзи мазкур чанд маротиба мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ гузаронида шудаанд, ки вақтҳои охир бо баъзе сабабҳо қатъ ёфта буд.
– Бо салоҳдиди роҳбарони ҷумҳурият ҳавзи шиноварӣ ба мавзеи мусобиқаҳои Осиёи Миёна ва ҷаҳон табдил меёбад, – хабар дод сардори Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят Шӯҳрат Рӯзиев. – Барои ҳамин, баробари дигар иншоотҳо сохтмони биноҳои варзишӣ дар асоси талаби байналхалқӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли 2013 дар ин ҷо чемпионати Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд, ки қариб аз 20 кишвари ҷаҳон намояндагони бозиҳои заврақронӣ омада буданд.
Имрӯзҳо аъзои маҳфилҳои гуногуни коллеҷи захираҳои олимпии Тайлоқ, Мактабҳои варзишии бачагон ва наврасони ноҳияҳои Самарқанду Ҷомбой барои ҳимоя кардани шарафи Ӯзбекистон пайваста машқ мекунанд.
– Шӯҳрат Рӯзиев, канали қаиқронии аз кадом ҳисоб бо об пур карда мешавад?
– Агар шумо диққат карда бошед, аз шафати оби Сиёб ва Қаросув ҷорист. Зеро дар ҳар як қадам чашмаҳо ҷӯш мезананд. Замоне дар ин минтақа шолӣ парвариш мекарданд ва он дар ҳамсоягузар – Галаосиё ба биринҷ табдил меёфт. Бинобар ҳамин, дар ин ҷо муаммои об вуҷуд надорад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.