Сессияи Шӯрои вилоят

Сессияи Шӯрои вилоят

  • Post category:Сиёсат

Рӯзи 24-уми сентябр сессияи чордаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.

Намояндагони халқ масъалаҳои зерини рӯзнома:

ҳисоботҳои ҳокими шаҳри Самарқанд Б. Облоқуловро дар бораи иҷрои барномаи тараққиёти иҷтимоӣ-­иқтисодии шаҳр,

роҳбари сарсадорати шуғли вилоят М. Ҳошимовро роҷеъ ба таъминоти шуғли аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон ва занҳо,

иҷрокунандаи вазифаи сардухтури Маркази вилоятии санитарӣ ва эпидемиологӣ А. Баҳромовро дар бораи мубориза бо пандемия,

ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ О. Хоҷаевро дар бораи ҷалб кардани сармояҳо шуниданд.

Аз рӯйи масъалаи якум қайд гардид, ки соли равон дар ноҳияи Пастдарғам 120 километр, ноҳияҳои Пахтачӣ ва Қӯшработ 80 километрӣ, ноҳияи Каттақӯрғон 100 километр роҳ таъмир карда шуданд. Дар шаҳри Самарқанд бошад, имконияти таъмири 400 километр роҳ мавҷуд буда, дар даври гузашта ин нишондиҳанда ҳамагӣ 77 километрро ташкил кард. Инчунин, муддатҳои муайяни таъмири маҷмӯъҳои ирригатсионӣ мавҷуд нестанд.

Таъмири роҳҳо на танҳо барои одамон, ронандагон шароити мусоид фароҳам меорад, балки инкишофи соҳаҳои нақлиёт, хизматрасонӣ ва умуман иқтисодиёти шаҳр ба он вобастааст. Барои таъмири кӯчаҳои Амир Темур, Бӯстонсарой ва Рӯдакӣ ба миқдори 300 миллион доллар тендер гузаронида шуд. Аз он 210 миллионаш барои таъмири роҳҳо, қисми боқимонда барои гузаронидани хати оби нӯшиданӣ пешбинӣ шудааст. То ҳол аз 9 мамлакат 18 компания хоҳиши иштирок дар тендерро карданд. Селборони моҳи августи соли равон ҳамаи норасоиҳои маҷмӯи ирригатсионии шаҳрро намоиш дод. Ин нишон медиҳад, ки дар шаҳр ҳоло барои беҳдошти вазъият дар ин соҳа бисёр кор кардан лозим аст.

Депутатҳо, инчунин аз ҳисоботи роҳбари Сарсадорати шуғли аҳолии вилоят М. Ҳошимов дар бораи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор норозигӣ баён намуданд. Чуноне ки дар баромад қайд карда шуд, дар давоми 8 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар асоси 18 ҳазору 486 муроҷиат оиди таъмин бо кор 6670 нафар бо ҷойи кор таъмин, 10630 нафар бо корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардид, 703 нафар маслиҳатҳои зарурӣ гирифтаанд. Аммо дар натиҷаи омӯхтани вазъият маълум гардид, ки аксари шаҳрвандони дар коғаз “бо кор таъминшуда” дар манзили нишондодашуда зиндагӣ намекунанд. Он шахсоне, ки ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардидаанд, ба муддати кӯтоҳ меҳнат карда, сипас боз ба ихтиёри тақдир супурда шудаанд. Инчунин, депутатҳо аз он норозигӣ карданд, ки ҷойҳои кории ба воситаи сайти ish.mehnat.uz @ishmehnatuzbot вакант нишондодашудаи сарсадорат дар вилояти мо не, балки дар вилоятҳои Хоразм ва Қашқадарё мавҷуд мебошанд.

Дар музокира оиди баромади роҳбари маркази беҳбудии санитарию эпидемиологии вилоят А.Баҳромов маълум гардид, ки маркази мазкур оиди тарғиби ҳаёти солимонаи аҳолӣ ба комиссияи вилоятии беҳсозии вазъият дар давраи пандемия ҳеҷ гуна таклифе пешниҳод накардааст.

Ҷонишини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои инвеститсия ва фаъолияти савдои хориҷӣ О.Хоҷаев қайд намуд, ки мувофиқи прогноз дар ҳамин даври соли гузашта 125 фоизи корҳои ҷалбнамоии инвеститсия ва азхуднамоии воситаҳои кредити хориҷӣ аз ҳисоби самтҳое иҷро шудаанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.

Дар сессия масъалаи ташкилӣ дида шуд. Депутатҳо қарори ҳокими вилоятро дар бораи аз вазифаи ҷонишини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, инкишофи иҷтимоӣ, маънавӣ-равшаннамоӣ озод кардани Рустам Қобилов ва ба ин вазифа таъин намудани Хуршид Очиловро тасдиқ карданд.

Доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдори Шӯрои вилоят қабул карда шуданд.