Чаро баъзе одамон худкушӣ мекунанд?

Чаро баъзе одамон худкушӣ мекунанд?

Маълумот барои мулоҳиза

Суитсид – ихтиёран бо ҳаёти худ падруд гуфтан кушанда ё маҳвгари рақами 2 дар байни ҷавонони аз 15 то 24-сола ба ҳисоб меравад. Маҳвгари рақами 1 дар ҷаҳон ҳолатҳои бадбахтӣ, аз ҷумла, истеъмоли аз меъёри зиёди моддаҳои афъюнӣ, фалокатҳои роҳ, аз болои бинову пулҳо афтодан ва худзаҳролудшавӣ мебошад.

Аз рӯйи тадқиқотҳои олимон фикри худкушӣ ба хаёли ҳар панҷумин наврас меояд.

Соли 1992 мувофиқи маълумоти Маркази миллии омории тандурустии ИМА 5000 нафар худкушӣ кардаанд. Аз рӯйи ақидаи мутахассисон ин рақамҳо ҳанӯз дақиқ нестанд. Бисёриҳо дар ин бора ба политсия хабар надодаанд ва марги баъзеҳоро «марги тасодуфӣ» номбар кардаанд.

Дар Украина ҳар садумин ҳолати фавти шаҳрвандон дар натиҷаи худкушӣ ба амал меомадааст.

Муаммои худкушӣ дар ҷаҳон то рафт хусусияти глобалӣ гирифта, ҳар сол қариб 1 миллион нафар одам ҳаёти худро бо ин роҳ ба анҷом мерасонидааст.

Сафарбарии фавқулодда

Дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар болои пул ва ду соҳили Дарғами назди бозори тахтаи ноҳияи Самарқанд ходимони шӯъбаҳои вазъиятҳои фавқулодда ва корҳои дохилӣ бисёр ба чашм расиданд. Ин албатта, бесабаб набуд. Нохушие сар задаасту онҳо аз пайи иҷрои вазифаҳои худ чорабиниҳо мегузаронданд.

– Як писараки 15-сола худро ба Дарғам партофтааст, – шарҳ дод ҷонишини сардори шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи Самарқанд Маъруф Раҳмонқулов. – Сабаби асосиаш маълум нест. Аз муноқишаи хонаводагӣ сар зада бошад ҳам аҷаб не. Барои ёфтани ҷасади ӯ 22 нафар ходимони Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилояту ноҳия ва 15 нафар хизматчиёни шӯъбаи корҳои дохилӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳарчанд бо қаиқ ва ғаввосҳо кофта истодаем, ҳанӯз намеёбем.

Сабабҳо гуногунанд, натиҷа…

Истилоҳи тиббии суитсид (худкушӣ, ба ҷони худ қасд кардан) дониставу дарк карда, ихтиёран худро аз ҳаёт маҳрум гардондан аст. Худкуширо худи ҳамон одам, бо ихтиёри худ, бевосита ба ҷо меорад. Маълумотҳои статистикӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ба ин гуна кор бештар одамони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ даст мезананд. Вале дар баробари ин худкушии одамони солим ҳам ба назар мерасанд. Солҳои охир ин амал дар байни ҷавонон ва наврасон ҳам бештар рух медиҳанд.

Сабабҳои худкушӣ масъалаҳои гуногуни васеъро дар бар мегирад. Инҳо озурдахотирии шахсӣ, стресс, сахт ба ҳаяҷон омадан ва ғайраҳо мебошанд. Муаммоҳои заҳромезгардонии вазъият, носозгориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мутеӣ ба майхорагиву нашъамандӣ, ҷудоӣ аз шахсони наздик, низоъҳои оилавӣ, ишқу муҳаббати поймолгардида ва ғайра, ки агар одам эҳсос кунад, ки ин душвориҳои зиндагиро паси сар карда наметавонад, ӯро намефаҳманд, ягон шахси дилбардору меҳрубоне надорад ва дар ҳаёти ояндаи худ ягон мазмуну мақсадеро намебинад, сабабҳои бо хоҳиши худ аз ҳаёт даст кашидани инсон шуданашон мумкин аст.

Ба гурӯҳи хатарноки худкушҳо одамони майзадаву нашъаманд, маъюбон, касалмандони рӯҳӣ ва табобатнашаванда, маҳбусҳое, ки дар маҳбасхонаҳо умр ба сар мебаранд ва дигарон, ки дар ҳаёт ба мушкилоти сахт рӯ ба рӯ шудаанд, ба ҳисоб мераванд.

Духтури психиатр, ҷонишини сардухтури бемористони шаҳрии клиникии психоневрологии рақами дуюми шаҳри Киев Нина Василевна Саринюк аз рӯйи синнусолӣ боз се гурӯҳи асосии хатарнокро номбар мекунад. Инҳо синну соли гузариш – кубертат (даври ба балоғатрасии узвҳои ҷинсӣ) 13–14-солагӣ, ки барои наврасон мафҳуми дарку фаҳмиши ҳаёт ва марг актуалӣ аст. Дар ин давр шикасти феълу атвори бачагӣ, ташаккулёбии характер ба амал меояд. Онҳоро муаммоҳои ҳаёти калонсолона, ки ҳанӯз ба он тайёр нес­танд, ё оқибмонии инкишофи организм азият медиҳанд. Баъд, давраи гузариши синнусолии миёнсолӣ 40–50-солагӣ. Саввумин, синну соли инволютсионӣ (давраи баръакси инкишофи орган ва бофтаҳо) – пиронсолӣ, ки танҳоиро эҳсос мекунанд ва ба беоқибатиҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳис мекунанд, ки онҳо акнун ба касе лозим нестанд.

Ин писаракро чӣ ба худкушӣ водор сохтааст? Дар ин хел мавридҳо падару модар ҳақиқати ҳолро руст мекунанд. Охир ин кори фарзанди онҳо доғи оила ва тамоми хешу авлодон аст!

Дунё ба умед

Тобистони ҳамин сол болои кӯпруки Дарғами назди маҳаллаи Даштиобод болои ҳам чанд рӯз шахсони бегона ба назар расиданд. Ҳар рӯз, ки аз он ҷо мегузаштам, як пешинрӯзӣ ба назди онҳо рафтам.

– Мо аз тарафҳои Ҷартеппаи ноҳияи Ургут, – гуфт ҷавонмарди тахминан 40-сола, ки худро Бобур гуфта шиносонд. – Пойи ҷиянам дар лаби Дарғам «лағжида», ба об афтодааст. Рӯзи якум қариб 500 нафар аҳолии маҳалла ба кофтукови ӯ баромаданд, вале бенатиҷа. Барои оби Дарғамро хушконидан аз Қаршӣ иҷозат надоданд. Мо инро мефаҳмем. Ҳозир айни вақти обёрии киштзор. Ноилоҷ дунафарӣ дар ҳар ҷо – ҳар ҷо навбатдорӣ ташкил кардем. Мегӯянд, ки баъди 10–12 рӯз ҷасади одам дар даруни об варам карда, ба рӯ мебарояд. Барои ҳамин, шабу рӯз болои кӯпрук навбатдорӣ мекунем, ки шояд ёбем. Дунё ба умед. То ҷасади мурдаро одам ёфта, ба хок насупорад, дилаш тинҷ намешавад.

Дарди васвос

Худкушӣ ин даҳшат аст. Ин мисли роҳи ҳаёти худро миёнабур тай кардани инсон мебошад. Чаро баъзеҳо ба ин амал даст мезананд?

Дар ёд дорам. Чор-­панҷ сол қабл як муаллиме, ки ҷиянашро бой дода буд, чунин нақл кард:

– Додарзодаам аз бачагӣ қобилу баодоб буд. Ҳунари устогиро омӯхт. Аз дасташ аксарияти корҳои бинокорӣ меомаданд. Мулоимсухан, хоксор буд. Ҳар як корро бо тааммул, аз таҳти дил иҷро мекард. Ҳама ба вай ҳавас мекарданд. Ба фарзанду набераҳояшон намуна нишон медоданд. Лекин ба дарди васвос гирифтор шуд. Баъзан мегуфт: «ман худамро меовезам!» Мо дар аввал инро як гапи одӣ ва ё ҳазл пиндошта, бовар надоштем. Гумон мекардем, ки вай худро азиз мекунад. Ин гапи ӯ баъдтар ҳам такрор ёфт, падару модараш ба таҳлука афтоданд. Калон шуд. Соҳиби оила ва се фарзанд гардид. Вале дар майнаи сараш чӣ тағйиротҳое ба амал меомаданд, ки ҳамон гапашро такрор мекард… Вай инро ҳамту не, балки ҷиддӣ ба забон меовардааст. Як дафъа ресмонро аз дасташ зада гирифтанд. Бори дигар ғайб занад, ковтуков карда, аз оғилхона ёфтаанд, ки худро овехтааст. Хайрият, ки сари вақт хабардор шуда, аз марг наҷот доданд. Бори охирин бехабар мондаанд, ки шабона худро дар шохи дарахти зардолуи даруни ҳавлиашон овехтааст. Доду фиғони ҳамаи мо ба фалак печид. Ҳамин хел як ҷавонмарди ҳунарманду зебо бо худкушӣ ҳаёти ширини худро ба охир расонд. Ин як дарди худододе будааст. Аз афт ҳеҷ кас пеши роҳи онро гирифта наметавонад.

Зиндагӣ ширин аст

Ин хел ҳодисаҳо дар маҳаллаи Гулободи ноҳияи Самарқанд ҳам ба амал омадаанд. Мо дар ин ҷо бо ҷонишини раиси маҳалла оид ба оила ва масъалаҳои иҷтимоиву маънавии занону духтарон Дилором Зокирова ҳамсӯҳбат шудем. Дилором Зокирова дар ин маҳаллаи навбунёд бештар аз 30 сол боз зиндагонӣ менамояд. Маълумоташ олӣ, собиқадори соҳаи маориф, 10 сол ҳамчун муаллим дар мактабҳои рақами 14 ва 26 сол дар мактаби рақами 38 омӯзгорӣ ва сарварӣ кардааст:

– Дар маҳаллаи мо ҳам ҳамин хел воқеаи нохуш рӯй дода буд. Як духтараки 18-сола ва як марди калони оиладор худкушӣ карда буданд. Ақли духтарак мумкин каму беш беҷо шудагӣ бошад, ки мард солим ва зану бачадор буд. Чаро онҳо ба ин кор даст заданд, ҳеҷ кас аниқашро намедонад. Ё баъзеҳо донанд ҳам, намегӯянд ва руст мекунанд.

Ҳаёту зиндагонии одам печ дар печу мураккаб аст. Ба сари одамизод ҳар хел рӯзҳо меоянд. Ба фикри ман, одам ҳамеша пурсаб­ру бардошт бошад. Ба ҳастиву нестии зиндагонӣ тоқат кунад. Ба ҳаёт назари нек дошта бошад. Аҳли оила ва хешу таборро дӯст дорад. Агар инсон ҳамин хел бошад, ҳеҷ гоҳ ба қасди худкушӣ намеафтад. Охир дар урфият мегӯянд-­ку: одамизод аз сабру тоқат ёфтааст. Яъне, одам ба душвориҳои зиндагонӣ сабру тоқат кунад, ҳамааш гузашта меравад. Вале баъзеҳо ин хел нестанд. Аз мушкилоти саҳли ҳаёт ба тарсу воҳима меафтанд. Иродаашон суст. Пессимист. Бесабру тоқат. Ин хел одамҳо мумкин худкушӣ кунанд. Дигарҳо не. Аз сари худи мо ҳам азобҳои зиёде гузаштааст. Ба пул ҳам, ба меҳр ҳам зор шудем. Мисли дигарон ин нест, кор вазнин ё шароити зиндагӣ душвор нагуфтем. Ҳаёт барои одамизод як бор дода мешавад. Зиндагӣ ширин аст. Барои зиндагӣ мубориза бурдан даркор. Одам чунон кору зиндагӣ кунад, ки бо номи нек аз дунё гузарад. Ана ҳамин, ба фикри ман, вазифаи асосии одамизод дар ҳаёт аст.

Бахтиёри ҶУМЪА.